Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат гуфт, дар се соли оянда муҳоҷирати кории тоҷикон бештар мешавад. ВИДЕО


Муҳоҷиронро ҳангоми бозгашт ба ватан тафтиш мекунанд. Новосибирск, моҳи майи 2020
Муҳоҷиронро ҳангоми бозгашт ба ватан тафтиш мекунанд. Новосибирск, моҳи майи 2020

Муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа, аз ҷумла Русия, боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт, ҳадди ақал дар се соли оянда. Ин пешбинии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки 31-уми июли имсол тасдиқ шудааст ва нусхаи он рӯзи 14-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Бино ба маълумоти "Пешбинии нишондодҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023", ҳоло аз Тоҷикистон 584 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Соли 2023, ба пешбинии ҳукумат, шумораи муҳоҷирони корӣ ба 637 ҳазор нафар хоҳад расид.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар беш аз як миллион нафар ва пулҳои фиристодаашонро дар соли гузашта ба Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар ҳисоб кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, иқтисоди Тоҷикистон наметавонад доим ба пули муҳоҷирон такя кунад ва ташкили ҷойҳои кории кофӣ дар дохил бояд аз авлавиятҳо бошад. Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар давлате, ки муҳоҷиронаш аз хориҷ майлу нияти бозгаштан надоранд ва шумораи муҳоҷирон боз ҳам афзоиш меёбад, маълум мешавад, барномаи дурусти рушди иқтисод вуҷуд надорад. Ё ҳасту пуч аст".

Наворро дар ин ҷо бинед:

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши муҳоҷирати кориро пешбинӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Эгамов афзуд, як тавваққӯи ғалате дар Тоҷикистон ҷой дорад, ки бисёриҳо интизоранд ва талаб пеш мегузоранд, то ҳукумат ҷойҳои нави корӣ офарад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "дар давлатҳои демократӣ ва пешрафта ҳукумат ҷойҳои корӣ намесозад. Ҳукумат барои пешрафти бизнес - соҳибкорӣ бояд шароити хуб фароҳам кунад ва бахши хусусӣ ҷойҳои кории нав офарад. Танҳо дар сохти сотсиалистӣ, кишварҳое ба мисли Куба ва Курёии Шимолӣ, ки корхонаҳо давлатӣ ҳастанд, ҳукумат масъули сохтани ҷойҳои корӣ аст. Дар низоми иқтисоди бозоргонӣ соҳибкорон ҷойҳои корӣ меофаранд."

Аммо мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, муҳоҷирати корӣ як раванди табиӣ аст ва ҳоло дар дунё қариб кишваре нест, ки муҳоҷир надошта бошад.

Маҳлиё Бобиева, пажӯҳишгари тоҷик, ки раванди муҳоҷирати кориро дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, гуфт, суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон хеле баланд аст ва "ба муҳоҷират рафтани як қисмати нерӯи корӣ ногузир аст".

Ӯ рӯзи 14-уми август гуфт: "Бозори кори Тоҷикистон тавони ҳамаро бо ҷойи кор ва маоши шоиста таъмин карданро надорад. Бинобар ин, як қисмате аз ҷавонон ба муҳоҷират мераванд. Бо назардошти ин ҳукумати Тоҷистон бо кумаки созмонҳои рушд талош дорад, малакаву маҳорат ва касбияти муҳоҷиронро боло барад, то дар хориҷа пули бештар ба даст оварда тавонанд."

Ин пажӯҳишгари тоҷик афзуд, "мухолифон муҳоҷирати кориро гоҳе “заъф” ё “мояи сарафкандагии миллат” вонамуд мекунанд, ки хатост. Бубинед дар гузаштаи начандон дур мо чанд мисоле ба мисли Ҳолланду Лаҳистон (Полша) доштем, ки маҳз бо пули муҳоҷирони корӣ иқтисоди худро такон доданд ва ҳоло аввалӣ аз кишварҳои рушдкарда ва дувумӣ дар ҳоли рушд аст."

Вале Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши худ гуфтааст, ба фарқ аз кишварҳои дигар дар Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии муҳоҷират бархӯрди фарогир дида намешавад ва бахши ками пули фиристодаи муҳоҷирон ба рушди иқтисод равона мегардад.

Ҳоли ҳозир Русия кишвари асосии қабули муҳоҷирон аз Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бо бад шудани вазъи иқтисоди Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб мебинад. Ин аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, тадриҷан ҷойҳои кориро дар дохил бештар кунад ва ба ҷуз аз Русия кишварҳои дигареро низ барои муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш интихоб кунад.

Мақомот дар Тоҷикистон эълон карда буданд, ки бо Қатар доир ба муҳоҷирати корӣ созишнома бастанд, аммо шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвари арабӣ хеле кам аст ва роҳи онҳо пурра ҳамвор нашудааст.

Музокироти Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ низ дар ин самт идома дорад, аммо то ҳанӯз натиҷае ба даст наомадааст. Ҳарчанд як қисме аз муҳоҷирони тоҷик, асосан онҳое, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ доранд, ба Куриёи Ҷанубӣ роҳ ёфтанд ва дар он ҷо кор мекунанд.

Пешбинии ҳукумати Тоҷикистон аз афзоиши муҳоҷират дар се соли оянда дар ҳолест, ки дар ним соли 2020 муҳоҷирати сокинон аз кишвар 57 дарсад кам шуд.

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ моҳи июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 129 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа рафтанд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 ҳазор нафар кам мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG