Муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷиронро, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам аст, барои ду моҳи дигар дароз кардаанд. Қарорро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 27-уми июл содир намуд. Пештар мақомоти Додситонии кул гуфта буданд, ки парвандаро то охири ин моҳ ба додгоҳ мефиристанд.
Як манбаъ дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани ном 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳлатро бо дархости муфаттиши парванда, Сипеҳр Сафаров, тамдид карданд". Мусоҳиби мо тасмимро ба “масъалаи рӯбарӯ кардани даъвогарон бо Иззат Амон” рабт дод.
Иззат Амон аз моҳи марти имсол дар боздошт аст. Бори севум аст, ки муҳлати таҳқиқи парвандаашро дароз мекунанд.
Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, рӯзи 29-уми июл гуфт, “таҳқиқи парванда ба охир расидааст”, аммо масъалаи рӯбарӯ кардани Иззат Амон бо ду даъвогари дигар мондааст. “Онҳо иддао доранд, ки ӯ қарздор аст. Муфаттиш наметавонист, ин корро то поёни моҳ анҷом диҳад”, -- афзуд вакил.
Пайвандони Иззат Амон бо шунидани ин хабар нигарон шудаанд. Писараш Муҳаммадюсуф Холов мегӯяд, “инак, ду моҳ мешавад, ки бо падарам мулоқот накардам. Суолҳои мо танҳо ба воситаи муфаттиш ба ӯ расонида мешаванд, тамом."
Баръакси ин, вакили мудофеъ умедвории дигар дорад: “Бовар дорам, бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол дар парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Шонси сад дарсадии афв шуданро дорад."
Сисолагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябри имсол таҷлил мешавад. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя як манбааш дар ҳукумат навишт, ки бахшида ба ин сана афви беш аз 25 ҳазор гумонбару зиндонӣ дар назар аст.
Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз Русия ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои мақомот, чанд нафар даъво кардаанд, ки гуё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, як масъули Додситонии кул, рӯзи 13-уми июл қарзи ҳомии муҳоҷиронро 630 ҳазор рубл ва ҳазор доллари амрикоӣ эълон кард. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонанд.
Тарафдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва аз баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.