Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Алӣ, муштзани афсонавӣ даргузашт


Муҳаммад Алӣ, муштзани сангинвазни афсонавии ҷаҳон баъд аз муборизаҳои шадиду тӯлонӣ бо бемории паркинсон дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Номи ин муштзан аслан Кассиус Клей буд ва вай ихтиёран номи Муҳаммад Алиро ба худ гирифт ва дар соли 1964 дини исломро қабул кард. Бо ин ном ӯ акнун дар таърихи ситораҳои муштзани ҷаҳон барои ҳамеша дарҷ хоҳад шуд.

Муҳаммад Алӣ бо бемории паркинсон 32 сол мубориза кард ва солҳои охир борҳо, ҳар гоҳ, ки ҳолаш бад мешуд, дар бемористон бистарӣ мешуд. Бо вуҷуди ин дар тамоми солҳои бемориаш дар маросимҳо ширкат меҷуст ва дар ҳар боб ақидаи худро баён мекард.

Масалан, дар яке аз охирин мавзеъгириҳои сиёсии худ ба Доналд Трамп-номзади эҳтимолии раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳамла кард. Моҳи декабри соли гузашта буд, ки Доналд Трамп дар яке аз суханрониҳои муноқишабарангези худ гуфт, бояд вуруди мусулмонон ба хоки Амрико мамнуъ эълон шавад. Баъд аз он Муҳаммад Алӣ бар зидди Доналд Трамп баёнияи сарзанишомез мунташир сохт ва дар он аз Трамп интиқод кард.

Чунин баёния дар солҳои зиндагиаш бори аввал набуд. Вай борҳо роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонӣ ошкоро изҳори ақида кардааст. Дар солҳои 1960-ум бар зидди нажодпарастӣ ва бар зидди ҷанги Ветнам суханони сахт мегуфт.

Дар солҳои қаҳрамониаш бо даҳҳо нафар раҳбарони ҷаҳон мулоқотҳо анҷом дод ва ҳамон солҳо маъруфтарин чеҳраи эътирофшудаи ҷаҳон шинохта мешуд. Ҳатто дар дурафтодатарин рустоҳои ҷаҳон, ки аз Амрико хеле дуранд, вай машҳур шуд.

Чунин равиш ҳамзамон бо маъруфияту дастовардаҳояш дар бокси ҷаҳон вайро ба яке аз чеҳраҳои дурахшони қарни 20 табдил дод ва вай унвони беҳтарин варзишгари қарни 20-ро низ соҳиб шуд. Вале дар соли 1981 баъд аз хуруҷи бемории паркинсон бознишаста шуд.

Муҳаммад Алӣ се бор унвони қаҳрамони муштзани сангинвазни ҷаҳонро ба даст овард. Вай 30 октябри соли 1974 баъд аз “ҷанг” бо Ҷорҷ Формен дар Киншаса-пойтахти Заири вақт ё Конгои кунунӣ чунин гуфта буд: “Ман имрӯз ба шумо гуфтам, ки ман ҳанӯз бузургтарин шахс дар тамоми солҳо хоҳам буд. Дигар ҳеҷ гоҳ ба ман нагӯед, ки ман муборизаро хоҳам бохт. Ҳеҷ гоҳ маро саги ҷангии мағлуб ҳисоб накунед, то замоне ки ман ба сини 50 мерасам”.

Ҷорҷ Формен-муштзани сангинвазни ҷаҳон ва яке аз рақибони Муҳаммад Алӣ дар майдони муштзанӣ, баъд аз даргузашти вай дар сафҳаи Твиттери худ чунин навишт: “Як қисми бадани ман аз ман канда шуд, рӯҳат шод бод!”

Муҳаммад Алӣ номи мустаори “Бузургтарин”-ро дошт. Вай дар зиндагиаш дар саҳнаи муштзании ҷаҳон 56 пирӯзӣ ба даст овардааст, 3-тои ин пеш аз вақт, яъне бо “нокаут” ба вай муяссар шудааст. Вале дар маҷмӯъ дар 5 мусобиқа ноком шудааст.

Ин муштзани афсонавӣ 17-уми январи соли 1942 дар Луисвиллеи аёлати Кентакӣ ба дунё омад. То қабули ислом номаш Кассиус Марселлус Клей буд. Вақте ки дар синни 12-солагӣ дучархаашро дуздиданд, номусаш вайро ба муштзанӣ таҳрик дод. Вай номи худро тағйир дод ва гуфт, Кассиус Клей номест, ки сафедпӯстони истисморгар ба ғуломони худ медоданд ва ман барои худ “номи зебои африқоӣ”-ро интихоб кардам.

Муҳаммад Алӣ тадриҷан ба рамзи озодии сиёҳсҳпӯстон табдил ёфт. Вай ҳамчунин аз ҳуқуқи ононе дифоъ мекард, ки аз ширкат дар ҷанги зидди Ветнам, яъне хидмати аскарӣ дар таркиби артиш саркашӣ мекарданд. Чунин мавзеъгириаш вайро се сол аз унвони қаҳрамониаш маҳрум кард.

Муҳаммад шахсе буд, ки дар “саҳнаи ҷанг” ҳамеша пирӯз мешуд, вале дар тамоми ин солҳои муборизааш бо бемории паркинсон роҳи пирӯзиро пайдо карда натавонист ва ин беморӣ саранҷом вайро аз ҳаводоронаш рабуд.

Муҳаммад Алӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG