Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории намози ҷумъа баъди ду ҳафтаи "таътил" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Намози ҷумъа дар масҷидҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Баъди ду ҳафтаи баста будан, дари масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи 20-уми март дубора боз шуд ва садои азон баланд гардид. Бисёриҳо аз тасмими мақомот ситоиш карданд, вале бархеи дигар пурсиданд, ҳанӯз, ки хатари сироятёбӣ ба коронавирус пурра аз байн нарафтааст, ба чӣ далел ба ибодати дастҷамъӣ иҷозат доданд. Мақомот ду ҳафта пеш бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус масҷидҳоро баста буданд.

Намози ҷумъаи 20-уми март дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе мисли пешина серодам буд. Мавзӯи асосии хутбаи намозро раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, ба таҳдидҳои коронавирус ба сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бахшид.

Муфтии Тоҷикистон аз намозгузорон хоҳиш кард, агар бори дигар қарори манъи намозгузорӣ дар масоҷид содир шавад, мухолифат накунанд. Вай хитоб ба намозгузорон гуфт: "Агар эҳсоси маризӣ мекунед ва ё нишонаҳои монанд ба зукомро доред, беҳтар аст аз омадан ба масоҷид ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоед".

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 5-уми март бо ҳадафи, ба гуфтаи масъулонаш, пешгирӣ аз сирояти коронавирус дари масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро баст.

Ин тасмим бо вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуда буд. Баъзеҳо ин қарорро кори дуруст номиданд, баъзеҳо баръакс.

Дар ҳоле ки хатари паҳншавии вирус ҳанӯз хотима наёфтааст ва бо гузашти ду ҳафта аз манъи иҷозаи намоз, дубора боз намудани дари масҷидҳоро бархе аз сокинон пурсишбарангез номиданд. Сорбон Холов аз нафаронест, ки дубора иҷозаи намозгузориро иқдоми нек пиндошт. "Вале бо далели пешгирӣ аз хатари вирус омадан ба масҷид манъ гардид, ҳоло бо чӣ далел иҷоза шуд? Яъне, хатар пурра аз байн рафт", - пурсид ӯ.

Қаблан дар Вазорати тандурустии кишвар манъи муваққатии намозгузориро дар масҷидҳо чораи пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус номида буданд. Дар ин ниҳод рӯзи 20-уми март посухи дақиқ надоданд, ки иҷозаи намозгузории дастҷамъӣ дар чӣ замина чӣ сурат гирифтааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, вазъи масҷидҳои кишвар то ду ҳафтаи пеш сахт осебпазир буд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду ҳафтаи гузашта ҳама масҷидҳои кишвар “дезинфексия” карда шуданд ва баъди беҳтар гардидани вазъият Шӯрои уламои кишвар салоҳ донист, намозҳои дастаҷамъона баргузор шаванд.

Хуруҷи коронавирус то кунун мақомоти чанд кишварро водор кард, ки намозгузорӣ дар масҷидҳоро манъ кунанд. Аз ҷумла, дар Эрон намогузорӣ дар масоҷид манъ шудааст. Эрон яке аз кишварҳоест, ки коронавирус дар онҷо зиёд паҳн шудааст.

Аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Узбекистон намозгузорӣ дар масҷидҳоро манъ кард. Дар ин кишвар чанд ҳолати сироятёбӣ ба вируси нави корона ошкор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳҳол дар кишвар мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, вале аз якуми феврал то 18-уми март 1890 шаҳрвандеро, ки аз хориҷа омаданд, зери назорати пизишкон қарор доданд. Аз ин шумора беш аз 1400 нафар ба хонаҳояшон баргашта, беш аз 460 тани дигар ҳанӯз дар бемористонҳо ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG