Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи скинҳедҳо ба муҳоҷирон дар метрои Маскав


Аксҳо аз сомонаи petrovka38.ru, 05.05.2016
Аксҳо аз сомонаи petrovka38.ru, 05.05.2016

Пулиси метрои Маскав мегӯяд, 4 қавмгарои гумонбар дар ҳамла ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дастгир кардааст. Сеи онҳо ноболиғ будаанд.

Пулиси метрои шаҳри Маскав, пойтахти Русия рӯзи 5 май гуфт, ҷавонони маҳаллии гумонбар дар ҳамла ба муҳоҷирони қирғизро дастгир кардааст. Алексей Мишляев, сухангӯи раёсати умури дохила дар метрои Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти боздошти ин гумонбаронро, ки худро “скинҳед” меноманд, маъмурони пулиси метро ҳамроҳ бо ҳамкорони худ аз раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав (МУР) анҷом додаанд ва ҳангоми кофтукоб аз онҳо корди шикорӣ ва электрошокер ёфт ва мусодира шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи пулиси Маскав, дар маҷмӯъ дар чорчӯби ин парванда 4 нафар, аз ҷумла се ноболиғ дастгир шудаанд. Онҳо сокинони шаҳру вилояти Маскав ва мухлисони як бошгоҳи футбол буда, ба гуфтаи пулис, худро узви як ҳаракати ғайрирасмӣ мешуморанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шаби 18 апрел дар хатти метрои Бутово дар истгоҳи “Битсевский парк” ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Гурӯҳи ҷавонони “скинҳед” дар он шаб дар метрои Маскав амалиётеро бо номи “Белый вагон” (“Вагони сафед”) ба роҳ андохта, мусофиронеро, ки симои, ба ақидаи онҳо, “ғайриславянӣ” доштанд, латукӯб кардаанд. Онҳо аз ҷумла дар масири байни истгоҳҳои метрои "Улица Скобелевская" ва “Битсевский парк” ду муҳоҷири қирғизро шадидан латукӯб карда, ба чашми яке аз онҳо аз балончаи газӣ ҳатто газ пошидаанд. Баъди ба “Битсевский парк” расидани қатор ҳамлагарон фирор кардаанд.

Ҳарду муҳоҷири осебдидаро дар пайи ин ҳамла ба бемористон интиқол додаанд.

Пулис мегӯяд, ҷавонони скинҳед дар он шаб дар истгоҳи метрои "Улица Старочкаловская" низ ба мусофироне, ки қиёфаи «ғайриславянӣ» доштанд, ҳамла кардаанд.

Алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Қисми дуюми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноии Русия барои авобише, ки аз сӯи гурӯҳи афрод содир шудааст, ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қисми сеюми ин модда дар сурати бо истифода аз силоҳ ва асбоби монанд ба силоҳ анҷом шудани авбошӣ ҳамчун ҷазо аз 4 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд.

Аммо пулиси метрои Маскав мегӯяд, ки тафтишот фарзияи дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ сурат гирифтани ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар истгоҳи метрои “Битсевский парк”-ро низ таҳқиқ мекунад. Дар сурати дар додгоҳ таъйид шудани мансубияти ҳамлагарон ба гурӯҳҳои қавмгаро ва вуҷуди ангезаи адовати қавмиву нажодӣ дар ҳамлаи шаби 18 апрел ба муҳоҷирони тоҷик ин скинҳедро ҷазои боз ҳам сангинтар мунтазир хоҳад буд.

Алексей Мишляев гуфт, дар пайи боздошти ҳамаи 4 гумонбар тафтиши ин парванда ба Кумитаи тафтишоти Русия супурда шудааст.

Ҳар сол дар Русия даҳҳо муҳоҷир дучори ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро мешаванд.

Бино ба омори Маркази “Сова”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки мавридҳои ҳамлаҳои қавмгароёна дар Русияро пайгирӣ мекунад, дар соли 2015 бар асари ҳамлаҳои дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ анҷомшуда дар ин кишвар 80 нафар осеб дида, аз ҷумла 11 нафар ҷон бохтаанд. Дар соли 2014 аз дасти гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия 36 нафар кушта шуда ва 133 тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Пажӯҳишгарони ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, бештар аз ҳама дар Русия муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дучори ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро мешаванд.

XS
SM
MD
LG