Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав: Муттаҳамони қазияи "Сапсан" ҳукмро ноодилона номиданд


Яке аз маҳкумшудаҳо аз пушти оинаи курсии айбдоршавандаҳо истода аз худ дифоъ мекард. Акс аз навори видеоии NTV гирифта шудааст
Яке аз маҳкумшудаҳо аз пушти оинаи курсии айбдоршавандаҳо истода аз худ дифоъ мекард. Акс аз навори видеоии NTV гирифта шудааст

Додгоҳи низомӣ дар Маскав ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро дар талоши ҳамла ба қатори «Сапсан» муттаҳам донист ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ҳамаи муттаҳамон иттиҳоми додгоҳро ноодилона номидаанд.

Додгоҳи низомии минтақавии Маскав рӯзи 12 июл ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро дар талоши ҳамлаи террористӣ ба қатори "Сапсан" гунаҳгор эълон кард ва ба онҳо аз 15 то 21 соли зиндон муқаррар намуд. Додгоҳ гуфт, ки ин нафарон "узви созмони мамнӯи "Давлати исломӣ" буда, соли 2017 талош карданд қатори босуръати "Сапсан"-ро, ки дар хатсайри Маскав-Санкт-Петербург ҳаракат мекард, битарконанд.

Рӯзи 12 июл баъди қироат шудани ҳукми додгоҳ, ҳамаи ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ва маҳкумшуда ба зиндон гуфтанд, ки бегуноҳ ҳастанд. Ирина Жирнова, сухангӯи додгоҳи низомии минтақавии Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сухани ниҳоии худ ҳамаи маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки худро бегуноҳ меҳисобанд ва иттиҳоми додгоро қабул надоранд. Ӯ гуфт, ҳадди аққал як нафарашон гуфтааст, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунад.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо маҳкумшудаҳо дар бораи ноодилона барпо шудани мурофиа ваё аз шиканҷа шуданашон шикоят кардаанд, Жирнова гуфт:

"Сапсан"
"Сапсан"

"Ҳеҷ касро дар шиканҷа айбдор накардаанд, ингуна гап набуд. Як нафарашон шунидам, ки гуфт, аз болои ҳукм шикоят мекунад. Барои ин даҳ рӯз фурсат доранд ва баъди он ки шикоят карда шуд, мо ҳам огоҳ мешавем. Ҳар вақте чунин ариза омад, мо ҳам дар бораи кӣ будани норозӣ огоҳ мешавем".

Жирнова гуфт, ки дар тамоми ҷараёни мурофиа ҳамаи маҳкумшудаҳо бо тарҷумони забони тоҷикӣ ва вакили дифоъ таъмин буданд. Ҳангоми қироати ҳукм хешовандони ҳеҷ як нафари онҳо ҳузур надошт.

Қаблан Интерфакс навишт, ки дар сухани охирини худ панҷ нафар аз гумонбарон худро пурра бегуноҳ ва иттиҳомро беасос номида, як нафар қисман ва дигаре пурра иттиҳоми тафтишотро эътироф карда буд.

Маълум нест, ки оё ин эътирофҳо озоду ихтиёрӣ ваё таҳти фишору шиканҷа ба даст омадааст.

Хабарнигори оҷонсии русии Интерфакс аз дохили толори додгоҳ рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки додрас гуноҳи гумонбаронро исботшуда номид ва гуфт, ки ҷазои ҷиноиро онҳо дар зиндони низомаш сангин пушти сар хоҳанд кард.

Мурофиа моҳи май шурӯъ шуда буд. Дар хабар омадааст, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ намояндаи додситонӣ гуноҳи ин нафаронро исботшуда номида аз додрас хоста буд, ки ба ҳамаи ҳафт нафар ҳукмҳои тӯлонии аз 18 то 24 соли зиндони низомаш сангинро татбиқ кунад.

Маҳкумшудаҳо Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Баймонов, Фарҳод Наҷбудинов, бародарон Сӯҳробҷон ва Фарҳодҷон Нозимовҳову, Абдулғаффор ва Амроҷон Рауповҳо мебошанд. Жирнова гуфт, ки ин нафарон дар солҳои мухталиф бо ҳадафи кору даромад вориди Русия шуда, даст ба ҷиноят задаанд. Аксари онҳо соҳиби оилаву фарзанд буда, синну солашон аз 30 то 40-сола мебошад.

Ин нафаронро аз рӯи чандин моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва ширкат дар созмони террористӣ муҳокима карданд. Маълум нест, ки то куҷо ҳуқуқи айбдоршавандаҳо дар ҷараёни тафтишот ва муҳокимаҳои додгоҳӣ риоят шудааст.

Дар парвандаи ҷиноӣ гуфта мешавад, ки дар фурсати аз 31 май то 9 июли соли 2017 ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон замони дар шаҳри Санкт-Петербург буданашон «дар як иттиҳоди ҷиноии созмони дар Русия мамнӯи «Давлати исломӣ» ба ҳам омада» ҳадаф гузоштанд, ки ба қатори босуръати «Сапсан» ҳамла анҷом диҳанд.

Дар хулосаҳои айбдоркунӣ, ба навиштаи Интерфакс, гуфта мешавад, ки рӯзи 13 июли соли 2017 қатори рақами 758 аз рӯи як «дастгоҳи оҳании сохташуда аз ҷониби гумонбарон» ҳаракат кард. «Сапсан» аз рӯи хати роҳи оҳан берун нашуд, вале панҷ қатораш осеб дид. Дар натиҷа, корхонаи Роҳи оҳани Русия дар ҳаҷми 55 миллион рубл зиён дид.

То куҷо ин ривояти ҷиноят воқеӣ аст ё на, маълум нест. Вале дар гузашта ҳодисаҳои ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардани шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми ба гуфтаи қурбониҳо сохтаву дурӯғин зиёд рух додааст. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр вақт дар ҳолати беҳуқуқӣ қарор доранд ва мақомоти интизомии ин кишвар ба хотири зиёд нишон додани омори парвандаҳои бозшудаи ҷиноӣ ва ҳам намоиши зоҳирии муборизаашон зидди терроризм ба сохтакориҳо даст мезананд ва муҳоҷирони беҳуқуқро дар ин ҷиноятҳо гумонбар эълон мекунанд.

Ҳодисаи пурсарусадое аз ин қабил марбут ба парвандаи таркиши метрои Петербург дар таърихи 3 апрели соли 2017 буд.

Дар ин ҳодиса, ки 16 кушта ва беш аз 100 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, мақомоти рус 11 нафар, аз ҷумла чанд шаҳрванди Қирғизистонро гунаҳгор карданд. Вале дар мурофиаи додгоҳие, ки ҳоло ҳам идома дорад, ҳеҷ як нафар иттиҳоми тафтишотро эътироф накардааст ва ҳам бархе гуфтаанд, ки дар натиҷаи як нақшаи сохтакоришудаи амнияти Русия ва бегуноҳ ба ин иттиҳом гунаҳгор шуданд.

Ба камияш се нафари онҳо аз шиканҷа шуданашон бо мақсади иқрори маҷбурӣ шикоят кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG