Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши кон дар Эрон 33 маъданчӣ ҷон бохт. ВИДЕО


Вазири кори Эрон гуфтааст, ки дар таркиши кони ангишти "Замистон Юрт"-и Озодшаҳри вилояти Гулистон 33 маъданчӣ ҷон бохтанд. Вай гуфт, то кунун ҷасади 31 коргари ин кон пайдо шудаанд. Алӣ Рабеӣ, вазири кори Эрон дар ҷои ҳодиса ба хабарнигорон гуфтааст, "мутаассифона, дар ин ҳодиса ҳамаи коргарони маъдан, ки банд монда буданд, ҷони худро аз даст доданд."

Вазири кори Эрон аз ташкили кумитае барои баррасии ин ҳодиса хабар додааст. Пеш аз ин, мақомоти вилояти Гулистон шаби чаҳоршанбе эълон карданд, ки ҷасади 21 маъданчии бандмонда дар кони "Замистон Юрт" аз ин маҳал берун оварда шудаааст.

Сабаби таркиш ва банд мондани коргарони дар ин кони ангишт, иштибоҳи онҳо барои рӯшан кардани локомотиви ҳамли ангиштсанг ба шеваи "батарея бо баратея", будааст.

Содиқалӣ Муқаддам, масъули кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Гулистон ба хабаргузориҳои он кишвар гуфтааст, ки ҳудуди 35 нафар дар ҳодисаи таркиш дар ин маъдан банд монданд ва имдодгарони пайкари беҷони 21 нафарро пайдо карданд. Як мақоми дигар ин вилоят низ ин хабарро таъйид карда ва аз захмӣ шудани 69 нафар дар ин ҳодиса хабар додааст.

Қаблан вазири кори Эрон шумораи афроди бандмонда дар ин кони ангиштро 35 нафар гуфта буд, ки дар умқи 700-метрии ин маъдан бар асари рух додани таркиш ва резиши маъдан, банд монда буданд. Алӣ Рабеӣ шоми чаҳоршанбеи 3 май ба хабаргузории Садо ва Симо гуфта буд, ки сабаби таркиш ва банд мондани коргарони дар ин кони ангишт, иштибоҳи онҳо барои рӯшан кардани локомотиви ҳамли ангиштсанг ба шеваи "батарея бо баратея", будааст.

Вай изҳор дошт, "дар умқи 700-метрии ин кони 1300 метрӣ, батареяи локомотиве, ки ангиштсангро мебурдааст, тамом мешавад ва барои насби батареяи нав иштибоҳ мекунанд ва мехоҳанд ин мушкилоро ба шеваи ғалат бартараф кунанд, ки мутаассифона ин кор сабаби инфиҷори гази табиӣ дар маъдан мешавад."

Дар натиҷаи таркиш дар Эрон камаш 50 ангишткан дар зери замин мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Ба гуфтаи вазири кори Эрон, 12 нафар, ки дар ибтидои рух додани ҳодиса барои наҷоти коргарон иқдом мекунанд, ба хотири интишори газ дар он макон дучори мушкили нафаскашӣ мешаванд ва вазъияти онҳо пас аз интиқол ба бемористон нисбатан беҳтар шудааст.

Алӣ Рабеӣ шумораи афроди бандмондаро 35 нафар эълом кард, ки 26 нафари онҳо коргарони маъдан ҳастанд ва 9 нафар низ аз афроди паймонкор. Ба гуфтаи вай, "аз онҷо, ки ин маъдан уфуқӣ аст, имкони кор ва пешравӣ дар он осонтар аст ва то кунун 400 метр пешравӣ сурат гирифтааст."

Вазири кори Эрон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки то чанд соати оянда кори холӣ кардани ҳавои заҳролуди маъдан ба поён бирасад ва марҳилаи берун овардани ҷасадҳо боқимонда оғоз шавад. Таркиш дар маъдани "Замистон Юрт" соати 11:30 дақиқаи субҳи чаҳоршанбеи 3 май рух дод. Ин кон дар минтақаи Озодшаҳри вилояти Гулистон воқеъ мебошад.

XS
SM
MD
LG