Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 40 ҷасади аввал аз Украина ба Эйндҳовен


Интизор меравад, имрӯз 74 ҷанозаи дигари қурбониёни ҳавопаймои Малайзияро ба Ҳолланд интиқол диҳанд. Дирӯз 40 ҷасади аввал аз Украина ба Ҳолланд (Голландия) оварда шуд.

Ба дунболи интиқоди 40 ҷасади нахустин, интизор меравад, рӯзи 24 июл ҷанозаҳои шумори бештаре аз қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия аз Украина ба Ҳолланд интиқол дода шавад. 40 ҷанозаи аввали қурбониёни ин ҳамла дар шарқи ошӯбзадаи Украинаро рӯзи 23 июл тавассути ду ҳавопаймои низомӣ ба фурудгоҳи Эйндҳовен дар ҷануби Ҳолланд интиқол доданд.

Дар маросими хосе дар инҷо ҳудуди 1000 нафар аз наздикони кушташудаҳо, подшоҳи Ҳолланд Виллем-Александер, малика Максима, сарвазир Марк Рутте ва намояндагони кишварҳои дигаре, ки низ дар суқути ҳавопаймои Малайзия атбояшон ҷон бохтааст, ширкат карданд. Дар фурудгоҳи Эйдҳовен парчами 11 кишвареро, ки шаҳрвандони худро дар ин фоҷиа аз даст доштаанд, баланд шуда, ба ёди қурбониён дар саросари Ҳолланд як дақиқа хомӯшӣ эълон шуд.

Ҷасадҳоро сипас дар 40 тобут ба шаҳри Ҳилверсум дар маркази Ҳолланд бурданд. Дар тӯли 100 километр роҳи байни Эйндҳовен ва Ҳилверсум ҳаракати васоили дигари нақлия ба хотири гузаштани корвони тобутҳои қурбониён муддате масдуд шуда, ҳаракати ин корвонро аз фарози пулҳо издиҳоми мардум назора мекард ва болои тобутҳо гул мепартофт. Акнун дар як пойгоҳи низомии Ҳилверсум коршиносони додгоҳӣ бояд ба ташхиси ҳувияти қурбониён бипардозанд.

Дар Ҳолланд ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймо як рӯзи мотам эълон шуда буд. 193 нафар аз 298 сарнишину мусофири ҳавопаймои мусофирбари Малайзия, ки рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии Украина дар наздикии марз бо Русия ғолибан бо мушак зада шуд, атбои Ҳолланд буданд.

Интизор меравад, рӯзи 24 июл ҳудуди 74 ҷанозаи дигаррро ба Ҳолланд интиқол диҳанд. Мақомоти Ҳолланд мегӯянд, баъди онки ҷудоиталабони тарафдори Русия иҷозати интиқоли ҷасадҳо ба манотиқи таҳти назорати ҳукумати Украинаро доданд, тақрибан 200 ҷанозаро рӯзи 22 июл ба шаҳри Харков оварданд.

Александр Бородай, раҳбари ҷудоиталабоне, ки як бахши вилояти Донетск, маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзияро таҳти назорат доранд, дар мусоҳиба бо ББС бадрафтории ҷудоиталабон нисбат ба ҷасадҳоро рад кардааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки ҷангиёни ҷудоиталаб молу чизҳои марбут ба қурбониён, аз ҷумла ҷавоҳироти онҳоро ба яғмо бурда, ҳатто талош кардаанд, то аз кортҳои бонкии онҳо пул бикашанд. Бородай аммо рӯзи 23 июл гуфт, ӯ хостори билофосила супурдани ҷасадҳо буд, вале ба ӯ гуфтаанд, ки ба манзури таҳқиқи қазия аз тарафи нозирони байналмилалӣ ҷасадҳоро нигоҳ бидорад.

Дар ҳамин ҳол, давлати Бритониё тасдиқ кард, ки ду “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткарда барои таҳқиқ ба дасти муфаттишони бритониёӣ расидааст. Ҷудоиталабон “қуттиҳои сиёҳ”-ро низ баъди чанд рӯзи таъхир таслим карданд.

Муфаттишони ҳолландӣ рӯзи 23 июл гуфтанд, ҳанӯз далеле нест, ки аз дасткорӣ шудани “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймо дарак диҳад. Шӯрои амнияти Ҳолланд гуфт, “қуттиҳои сиёҳ” тахриб шудаанд, вале як қисмате, ки маълумотро нигоҳ медорад, беосеб мондааст.

Муфаттишони баайналмилалӣ ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украинаро ба дасткорӣ бо далелҳои шайъии марбут ба ин фоҷиа айбдор мекунанд. Бино ба гузориҳо, бахшҳое аз ҳавопаймои суқуткардаро бо мошинҳо кӯчонда, бахшҳои дигарашро таҷзия кардаанд.

Мақомоти Амрико рӯзи 22 июл гуфтанд, ки ҳавопаймои Малайзия аз сӯи ҷудоиталабон “иштибоҳан” зада шудааст. Гуфта мешавад, ҷудоиталабон зоҳиран ин ҳавопайморо бо мушаки замин-ба-ҳаво суқут додаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, далели мустақиман даст доштани Русия дар ин амал кашф нашудааст, вале Русия шароитро барои задани ҳавопаймо омода кардааст.

Вале бино ба гузориши рӯзномаи амрикоии "The Washington Post", мақомоти иктишофии Амрико натиҷаҳои таҳлили аксҳои марбут ба суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар шарқи Украинаро нашр кардааст. Гуфта мешавад, ин аксҳо масири ҳаракати мушакандозҳои зиддиҳавоӣ ба сӯи Русия ва афзоиши фаъолиятҳои низомиёни Русияро нишон медиҳанд.

Ҳамзамон мақомоти низомии Украина хабар доданд, ки рӯзи 23 июл боз ду ҳавопаймои низомии ин кишварро дар тақрибан 35 километр аз маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия суқут додаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, ин ду ҳавопайморо бо мушакҳое, ки аз қаламрави Русия андохта шуд, задаанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Мари Ҳарф гуфт, агар ин хабар рост бошад, ин “метавонад боз як далели дигаре шавад, ки ҷудоиталабони рӯ ба Русия аз силоҳҳои пешрафтаи замин-ба ҳаво, ки Русия таъминашон мекунад, истифода мебаранд.”

Украина баъди суқути ҳукумати рӯ ба Маскави раисиҷумҳураш Виктор Янукович дар моҳи феврал ба гирдоби ихтилофоти сиёсӣ кашонда шуд. Русия дар моҳи март вилояти аксаран русзабони Қрими Украинаро ишғол карда, бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Аз оғози моҳи апрел бо айни талаби истиқлол аз Украина ва пайвастан ба Русия ҷудоиталабон дар вилоятҳои низ умдатан русзабони Луҳанск ва Донетск дар шарқи Украина ошӯб карданд. Ҷудоиталабон дар ҳоли ҳозир бахшҳое аз ин ду вилоят, бо шумули марказҳои ҳарду вилоятро таҳти назорат гирифта, алайҳи нирӯҳои давлатии Украина меҷанганд.

Киев ва Ғарб Русияро ба ҳимоят ва таъмини силоҳи ҷудоиталабон айбдор мекунанд. Русия инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи русзабонҳо дар ҳар куҷое ки бошад, ҳимоят хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG