Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи бадан бо фармони президент


Дар Туркманистон «Як моҳи саломатӣ» эълон шудааст. Тӯли 30 рӯз тамоми мардум дар ин кишвар бояд ҳар субҳ кори худро аз машқи пагоҳирӯзӣ шурӯъ кунанд.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои баргузории як маъракаи густардаи варзишӣ дар кишвараш ташаббус кардааст. Аз 5 апрел дар ин кишвар маъракаи «Як моҳи саломатӣ ва хушбахтӣ» оғоз ёфт, ки то 5 май давом мекунад.

Тайи 30 рӯзи ин маърака тамоми корхонаҳои Туркманистон бояд ҳар субҳ кори худро аз машқи пагоҳирӯзии коргаронашон оғоз кунанд.

Амонмурод, як сокини шаҳри Ишқобод рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯз боз тамоми кишварро «васвасаии машқи бадан» фаро гирифтааст: «Ҳар субҳ дар мактабҳои миёна ва олӣ ҳанӯз то оғози дарсҳо бояд аз 15 то 30 дақиқа ҳама – аз муаллимон то хонандагон – машқи бадан кунанд. Дар корхонаҳо машқи ҳатмии баданро асосан баъд аз хӯроки пешин доир мекунанд. Ва ин ҳама зери мусиқии баланд.»

Машқи пагоҳирӯзӣ дар Туркманистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Ҳамин тавр, дар давоми «Як моҳи саломатӣ ва хушбахтӣ» дар Туркманистон баргузории чорабиниҳои дигари варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла бо пешниҳоди президент Бердимуҳаммадов, рӯзи 7 апрел, дар рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ дар Туркманистон як пойгаҳи бузурги велосипедронӣ доир мегардад. «Як моҳи саломатӣ» рӯзи 5 май, ки то баргузории Бозиҳои Осиё-2017 дар Туркманистон дуруст 500 рӯз мемонад, бо як пойгаҳи бесобиқаи аспҳо ҳусни анҷом хоҳад гирифт. Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи кумитаи ташкилии Бозиҳои Осиё-2017 ба муовини сарвазир С.Тойлиев гуфт, ки ин пойгаҳи аспҳо бояд тамоми вилоятҳои Туркманистонро фаро бигирад.

Амонмурод мегӯяд, бо дастури Бердимуҳаммадов 500 рӯзи боқимонда то Бозиҳои Осиёро байни 5 вилоят 100-рӯзӣ тақсим кардаанд ва ҳар вилоят бояд акнун 100-рӯзи пойгаҳи аспҳо барпо кунад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки худ аз рӯи ихтисосаш табиб аст, баъди расидан ба қудрат дар соли 2007 ба масоили варзиш ва саломатии мардум аҳамияти зиёд медиҳад. Аммо мунтақидони ӯ мегӯянд, ин кишвари саршор аз манобеи нафту газ бо мушкилоти муҳимтаре, чун рафъи фақру бекорӣ, сифати зиндагии мардум ва сатҳи хидматрасонии тиббӣ рӯбарӯст ва хеле беҳтар мешуд, агар ба ҷои баргузории маъракаҳои, ба ақидаи онҳо, камтаъсире, чун «Як моҳи саломатӣ ва хушбахтӣ», ба рушди риштаи тиббиаш аҳамияти бештар медод.

Дар чорчӯби «Як моҳи саломатӣ ва хушбахтӣ» дар Туркманистон баргузории дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 чорабинии варзишӣ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG