Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари панҷ тифлро аз зодгоҳаш ихроҷ мекунанд


Ихроҷи модари 5 тифл аз зодгоҳаш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Ихроҷи модари 5 тифл аз зодгоҳаш

Додгоҳе дар Бишкек тасмим гирифт, як зани қирғизро, ки ба гуфтаи худаш, аз шавҳари бадхоҳаш аз Қазоқистон фирор кардааст, ихроҷ кунад.

Адиям Кенҷиеваи 33-сола мегӯяд, шавҳари собиқаш, вакили маслиҳати шаҳри Конаеви Қазоқистон, пайваста ӯро латукӯб мекард ва пас аз талоқ яке аз се фарзанди муштаракашонро дуздидааст.

Ҳоло мехоҳад, кӯдакони дигарашро низ бигирад. Ду фарзанди хурдии Адиям аз издивоҷи дуюмаш ҳастанд. Дар сурати ихроҷи ин зан кӯдаконро метавонанд ба ятимхона супоранд.

Адиям аслан зодаи Қирғизистон аст ва дар 20-солагӣ бо марди қазоқ издивоҷ кард. Ӯ насаби шавҳарашро гирифт ва шаҳрванди Қазоқистон шуд.

Адиям аз Рустам Ҷарлаев, ки ҳоло вакили маслихати шаҳри Конаев аст, соҳиби се фарзанд мебошад. Ин зан мегӯяд, ҳафт сол шавҳараш ӯро ранҷ медод, аммо пас аз латукӯби навбатӣ дар бемористон тасмим гирифтааст, ки бо фарзандонаш ба ватан фирор кунад.

“Дар ин 7 сол зиндагии ман мисли ҳаёти Салтанат буд. Вақте ман мурофиаро тамошо кардам, дақиқан рафторҳои Бишимбаевро дар Ҷарлев дидам. Ман дар фазои тарс зиндагӣ мекардам. Ҷудо шуда наметавонистам. Чунки ӯ таҳдид карда буд, ки кудаконро аз ман мегирад. Аз ин рӯ бо пеш омадани имконият фирор кардам, то ин ки фарзандонамро наҷот бидиҳам ва онҳо дузахеро, ки ман дар он зиндагӣ дорам шоҳид нашаванд. Таҳаммули латукӯби пайваста ғайриимкон буд. Барои ҳамин ҳоло ман дар Бишкек қарор дорам,”--гуфт ӯ.

Адиям дар Бишкек барои талоқ ариза дод. Додгоҳ қарор кард, ки кӯдакон бояд бо модарашон зиндагӣ кунанд. Зан исрор меварзад, ки ҳеҷ гоҳ барои дидани фарзандон ба падарашон монеъ нашудааст. Ӯ гоҳ-гоҳ ба Бишкек меомад. Вақте ки Адиям дар Қирғизистон дубора издивоҷ кард, ҳама чиз тағйир ёфт. Якуним сол пеш, ба гуфтаи ин зан, шавҳари собиқаш духтару писарашро барои таътил ба Қазоқистон бурда, аммо дигар барнагардонд. Вай духтарашро бозпас гирифт, аммо писарашро натавонист.

“Расо якуним сол мешавад, писари хурдиам Умарро, ки соли таваллудаш 2015 аст, надидаам. Падараш ӯро пинҳон намудааст. Қарори судро иҷро намекунад. Ман бо писарам ҳеҷ иртиботе надорам. Вай симкорти телефони кӯдакро иваз кард,”—гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Адиям, шавҳари собиқаш, ба додгоҳи Октябри шаҳри Бишкек шикоят бурдааст. Ба иддаои ӯ, модари фарзандонаш иҷозаи дидор бо кӯдаконро намедиҳад. Додгоҳ ҳукмро ба манфиати Ҷарлаев содир ва реҷаи мулоқотро таъин кард. Адиям бовар дорад, ки вай ин реҷаро вайрон накардааст. Аммо баъдан, алайҳи ӯ аз рӯи моддаи “риоя накардани санади судӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар моҳи апрели соли равон ҳамон додгоҳи Октябр Адиямро гунаҳкор дониста, ба ҷарима ва ихроҷ аз Қирғизистон маҳкум кард. Чанде пеш додгоҳи шаҳр ин қарорро бетағйир гузошт.

Индира Саутова, адвокати ӯ гуфт: “Дар толори додгоҳ аллакай се-чор нафар афсарони оперативӣ буданд, ки ҳатто бидуни эълони ҳукм аллакай кушиши иҷрои ҳукми додгоҳро доштанд. Ин ба маънои вуҷуди фасод дар кишвари мо аст. Яъне аз он гувоҳӣ медиҳад, ки додгоҳҳо ба ихроҷи модари панҷ фарзанд манфиатдор буданд.”

Адиям аз издивоҷи дуввумаш ду фарзанд дорад. Духтараш дуввуним сола ва писараш ҳамагӣ 7 моҳа аст. Падари кудакон дар хориҷ қарор дорад. Адиям нигарон аст, ки агар ӯро ихроҷ кунанд, фарзандонашро ба ятимхона месупоранд.

Вакили дифои Рустам Ҷарлаев, шавҳари собиқи ӯ, ҳукми додгоҳро одилона мешуморад ва навореро намоиш медиҳад, ки ба гуфтаи ӯ, зерҳимояаш дар рӯзи таъинкардаи додгоҳ талош дорад, фарзандонашро дар Бишкек вохӯрад, вале онҳо дар хона нестанд. Вақте хабарнигор пурсид, ки чаро худи ӯ писарашро наовард, чунин посух дод.

“Якум ин ки ӯ кудаконро надуздидааст. Чунки онҳо фарзандонаш ҳастанд. Дуввум инки худи Адиям Кенҷиева ихтиёрӣ ваколатнома ва иҷозати вохӯрӣ бо кудаконро додааст. Ин далели радношуданист. Дар масъалаи барнагардондани писараш, рости гап, ман аз нозукиҳо ва мувофиқате, ки байни онҳо ҳоисл шудааст, хабар надорам,”--гуфт Илгиз Носиров, адвокати Рустам Ҷарлаев.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Ҷарлаев аз рӯзноманигорон даъват мекунад, ки ин қазияро бо мурофиаи пурсарусадои Қуандик Бишимбоев шабоҳат надиҳанд.

Вакил мегӯяд, зерҳимояаш танҳо мехоҳад фарзандонашро бубинад. Қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти Адиям ва фарзандонаш бояд акнун аз ҷониби Додгоҳи олӣ қабул шавад. Вакили мудофеъ ният дорад, аз ҳукми ихроҷ ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят барад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG