Падараш Абдуҷаббор Тошев мегӯяд, аз он рӯзе, ки ӯ ғайб зад, андак тағйир хӯрдааст ва ба назар мерасад бо ақли кӯдаконааш мехоҳад он чиро, ки гузашт, дарк кунад: «Гӯё таҳти таъсири гипноз аст, вагарна ин як одами орому гапшунав нест. Як одами ором менишастагӣ нест. Ҳамеша гап мезанад, шӯхӣ мекунад…»
Муҳаммадҷонро зиёд мунтазир нашудем. Чун ваъдаи инро додем, ки ӯро аккосӣ хоҳем кард, аҳл шуд ва бо мо ба сӯҳбат нишаст:
-Як одам гуфт, ки рафтем, зардолуат метем, лекин маро фиреб кард. Ҳо!
- Тарсонд туро?
- Не, назад. Ахир ба як мошин шишту рафт.
- Худат тарсидӣ?
- Не, ҳичӣ натарсидам.
- Одами хуб буд, ё бад?
- Одами хуб.
- Хуб?
- Ҳо!
- Ягон чӣ дод, ки хӯрӣ?
- Не.
- Пас ту як рӯз чӣ хӯрдӣ?
- Ҳичӣ. Фиребам кард.»
Абдуҷаббор Тошев, ки ронандаи «Старекс» ва соҳиби се писару як духтар аст, як шабонарӯзи ғайб задани Муҳаммадҷонро вазнинтарин рӯзи зиндагиаш меҳисобад. Рӯзи 9 июн ӯ дар кор буд, ки тақрибан соатҳои 10-и субҳ ҳамсараш занг зад ва аз гум шудани писараш хабар дод. Абдуҷаббор мегӯяд, чанд ҷоро суроғ карда, ниҳоят ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Сино-2 муроҷиат кард ва ҳамроҳ бо маъмурони милисао ба масҷиди маҳаллаи Испечак рафта, писарашро ёфт, аммо дар наворҳои масҷид: «То вақте наворҳоро надидам, ба худ мегуфтам, ки писарам ба чоҳе афтода, ё раҳгум задааст. Аммо он ҷо писарамро дар дасти марди ношинос дида, табъам сахт сӯхт. Шайтон ҳазор фикри бад ба дили одам меандозад. Фикр кардам, ки шояд писарамро кушад, ё аъзои баданашро гирифта фурӯшад. Агар дилу нияти пок медошт, писарамро бурда ба милиса месупурд. Аммо ин корро накарда буд ва ман ҳам сахт ба ғам афтодам.»
Дар масҷиди Испечак афроде пайдо мешаванд, ки барои шиносоӣ кардани кӯдакрабо кумак карданд. Яке аз онҳо, ки худро Ориф муаррифӣ кард, гуфт, он рӯз як марди тоқиву ҷелакпӯш ва бо риши дамидаро бо кӯдак дида буданд, ки пас аз адои намоз бо онҳо ба як маърака рафт, аммо касе ӯро намешинохт: «Дар ҳамон маърака нишастем. Ӯ ба мо нақл кард, ки аслан аз Ҳойит аст ва дар Вахш замин дораду ин ҳам писарам Муҳаммадҷон аст, ки гандумдарав аст. Пас якеи мо аз ӯ пурсид, ки ту чӣ одаме ҳастӣ, ки гоҳ худро аз Данғара мегирӣ, гоҳ аз Вахш, гоҳ аз Ҳойит? Вай гуфт, ман ҳамин тур як инсони ҷаҳонгашта ҳастам.»
Кормандони шӯъбаи милисаи Сино-2 рӯзи 10 июн тақрибан соати 12-и рӯз ба Абдуҷаббор Тошев хабар доданд, ки писарашро аз назди раёсати БДА-и ҷумҳурӣ пайдо кардаанд ва биёяд, бигирад. Худи ҳамон рӯз дар ҳамин минтақа як милисаи қитъавӣ шахси гумонбар ба дуздидани кӯдакро низ боздошт кард. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом дошт, ки ин нафар Абдусалом Раҷабови 48- сола, сокини деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав аст ва соли 2010 бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон(дуздӣ) маҳкум ба зиндон шудааст. Мавсуфро ҳамчунин барои дуздидани се ноболиғи дигар дар вилояти Хатлон муттаҳам мекунанд, ки бо баҳонаи чидани гелосу олу ба боварии онҳо даромада, бо худ ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Кормандони милиса он ноболиғонро низ пайдо кардаанд. Ҳамзамон вазорати корҳои дохила Абдусалом Раҷабовро маризи рӯҳӣ унвон мекунад, ки дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ҷумҳурӣ бо хулосаи «маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус» дар қайд будааст.
Шералӣ Ризоев, сарвари шӯъбаи тафтишоти фаврии ноҳияи Сино – 2, ки ин ҷустуҷӯро сарварӣ мекард, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парвандаи ҷиноӣ ҳоло таҳқиқ мешавад ва ба ҳамин қарибӣ тафсилоти он нашр хоҳад шуд.
Ҳамчунин ба пурсишҳои мо дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин бештар иттилоъ надоданд, аммо аз ин боздошт маълум мешавад, ки ба дасти кормандони мақомот “моҳӣ” – е уфтодааст ва шояд то ҷое ба қазияи гумшудаҳо дар Тоҷикистон рӯшаниҳое андозад.
Аммо ин қазия бештар аз посух суол дорад, чун то ба ҳол қазияи пурсарусадои гум шудани Сабина ва Малика Араловаҳо аз шаҳри Душанбе мақомоти амниятии Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор гузоштааст. Онҳо ҳанӯз 25 марти соли равон гум шуданд, вале тафтишот то ҳол дар таҳқиқи ин қазия ба натиҷаи умедворкунандае ноил нашудааст. Қазияи Муҳаммадҷони Абдуҷаббор шояд аввалин маврид дар ин силсила аст, ки ба зудӣ ошкор шуд.