Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев дар посух ба Радиои Озодӣ: “Ҳазор раҳмат, биёед”. ВИДЕО


Рӯзи 21 январ дар шаҳри Берлин президенти Узбекистон дар лаҳзаҳои пеш аз ворид шудан ба қасри президенти Олмон ба саломи хабарнигори бахши Узбекии Радиои Озодӣ ҳам посух дод.

Барои шодбоши презиенти Узбекистон гурӯҳе аз сокинони маҳалливу узбекистониҳои муқими Олмон рафта буданд.

Шӯҳрат Бобоҷонов гуфт, ин як шодбоши мухтасари сарироҳӣ буд ва маълум нест, ки то куҷо ин посухи президент марбут ба Радиои Озодлик буд ё тамоми мардуми ҷамъшуда.

Шавкат Мирзиёев дар роҳ ба қасри президенти Олмон мардумро шодбош гуфт ва аз он ки, ба гуфтааш дар ҳавои сард ба пешвозаш баромаданд, ташаккур кард. Дар ҳамин лаҳза хабарнигори бахши Узбекии Радиои Озодӣ Шӯҳрат Бобоҷонов ҳам худро муаррифӣ карду гуфт: “Ҷаноби президент, аз номи Радиои Озодлик ҳам ба шумо салом овардем”.

Дар посух Шавкат Мирзиёев гуфт: “Ҳазор раҳмат ба шумо, биёед”. Баъди ин як-ду қадам гузошта дубора ба ҷониби хабарнигор нигоҳ карду боз “биёед” гуфт. Шӯҳрат Бобоҷонов гуфт, ин як шодбоши мухтасари сарироҳӣ буд ва маълум нест, ки то куҷо ин посухи президент марбут ба Радиои Озодлик буд ё тамоми мардуми ҷамъшуда.

Фаъолияти дафтари бахши Узбекии Радиои Озодӣ баъди ҳодисаҳои саркӯби ошӯби Андиҷон дар соли 2005 баста шуд. Ҳукумати вақти Узбекистон ба раҳбарии Ислом Каримов фаъолияти расонаҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар қаламрави ин кишварро масдуд кард.

Мирзиёев дар посух ба Озодлик: “Ҳазор раҳмат, биёед”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Дар паи саркӯби ошӯб дар Андиҷон ба бовари созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон садҳо нафар кушта шуд, вале мақомоти расмӣ миқдори қурбониҳоро хеле камтар арзёбӣ карданд. Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ин умедворӣ ба вуҷуд омадааст, ки фазои сиёсии Узбекистон бозтар шуда, фаъолияти расонаҳои байналмилалӣ ҳам дубора иҷозат дода мешавад.

Мақомоти Аврупову Ғарб ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки аз ҳукумати Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон ислоҳоти зиёди сиёсиро интизоранд. Ин нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Олмон мебошад.

Рӯзи 21 январ қарор аст мулоқоти ӯ бо баландтарин мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла президент Франк-Валтер Штайнмайер, садри аъзам Ангела Меркел ва раиси парлумон ё Бундестаг Волфганг Шойбле баргузор шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG