Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Касе намозро то охир намехонад, муҷозот хоҳад шуд"


​Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар масҷиди марказии Душанбе аз намозгузорон хост, ки то лаҳзаи дуову фотиҳа дар ҷои худ бинишинанд, вагарна нисбат ба онҳо чора дида хоҳад шуд.

Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 июл дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, бо таъкиди эҳтиром ба мазҳаби ҳанафӣ гуфт, ҳар нафаре, ки вақти тоату ибодат намозро тарк мекунад, муҷозот хоҳад шуд.

Зоҳиран ишораи ин мақомдори Вазорати корҳои дохилӣ ба намояндагони ҷараёнҳое буд, ки маъмулан ду ракъат фарзи намози ҷумъаро хонда, то он ки чор ракъати суннат хонда шавад, аз масҷид берун мешаванд.

Полковник Ҳамидзода гуфт, "дар ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фақат як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояд. Фаъолияти дигар равия ва мазҳабҳо тибқи қонун манъ карда шудааст. Бо мақсади ошкор намудани чунин равияҳо аз ҳисоби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки аъзо ва тарафдорони мазҳаби ғайри Имоми Аъзамро ошкор ва ба ҷавобгарӣ пешниҳод намоянд. Нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00
Линки мустақим

Бароталӣ Ҳамидзода
Бароталӣ Ҳамидзода

​Сардори воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аксари кулли мардуми мусулмони тоҷик бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ибодат мекунанд ​ва бояд ба ин мазҳаб эҳтиром гузошта шавад. Ӯ афзуд, "набояд ба ҳар гурӯҳу равия фирефта шуд ва ба номи дини мубини Ислом иснод овард. Ислом дини поку беолоиш ва ваҳдат аст."

Бароталӣ Ҳамидзода гуфт, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар масҷидҳо тартибу интизомро назорат мекунанд ва барои дар фазои орому осоишта гузоштани тоату ибодати сокинон талоши худро дареғ нахоҳанд дошт. Ҳарчанд гурӯҳе аз намозгузорон ба ҳушдори намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди ин ки "тарки намоз муҷозотеро интизор аст" нигоҳ накарда, бо адои ду ракъат намози фарз, намозгоҳро тарк карданд, аммо теъдоди ин афрод дар муқоиса ба намозҳои ҳафтаҳои қабл камтар буд. Ба назар мерасад, шояд онҳое ҳушдори намояндаи Вазорати корҳои дохилиро нодида гирифтанд, ки дертар ба намозгоҳ расиданд ва ин ҳушдорро нашуниданд.

Дар намозҳои гузаштаи ҷумъа низ борҳо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз намозгузорон чунин тақозоро карда буд. Раиси Шӯрои уламо дар шарҳи ин тақозояш мегуфт, вақте баъзеҳо то охири намоз наистода, аз сафҳо берун мешаванд, ба ҳамроҳони худ халал расонда, хотири намозгузоронро парешон мекунанд.

Оқои Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи 3 июл низ гуфт, “борҳо ба аҳли намозгузорон гуфта будам, ки яке аз омилҳои асосии бародариву пешрафт ва тараққиёт яккамазҳабӣ аст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мардуми мо, гузаштагони мо, шоирону нависандагонамон пайрави ин мазҳаб буданд.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Аммо ин барои аввалин бор буд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар рӯ ба рӯ бо намозгузрон "меъёр"-и нишасту хези онҳоро мушаххас карданд. Ин тартиби нав ҳоло, бо вуҷуди он ки ба гуфтаи мақомот, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз тундгароист, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарон баҳсҳои мухталифро ба бор оварда, аз ҷумла пайравони дигар мазоҳиби дини Исломро дар Тоҷикистон нороҳат кардааст. Бисёре аз корбарон онро нақзи ҳуқуқи намозгузорон донистаанд.

Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосияш кишвари демократист ва дин аз давлат ҷудост. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳоро барои контроли намозгузорон рухдодҳои ахир дар Ховари Миёна ва Афғонистони ҳамсоя водор кардааст, вагарна ба қавли онҳо то ин дам ҳеч кас бо шеваи намозгузории сокинон кордор набуд. Полковник Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, "таркиши рӯзҳои охир дар масҷидҳои давлатҳои исломӣ, аз ҷумла Тунису Яман моро водор мекунад, ки тартиботро ҷиддӣ назорат намоем."

XS
SM
MD
LG