Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз муҳоҷирон: Ё ҷиҳод, ё пули ҷиҳод


Муҳоҷирон дар назди масҷиди ҷомеи Маскав дар хиёбони "Мир"
Муҳоҷирон дар назди масҷиди ҷомеи Маскав дар хиёбони "Мир"

Гурӯҳҳои ношиносе дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунанд, то “ҷиҳоду муҷоҳидини Сурия”-ро сармоягузорӣ кунанд.

Ба муҳоҷирони тоҷик аввал пешниҳод мешавад, барои ҷиҳод ба Сурия ва Ироқ раҳсипор шаванд, аммо мавзӯи сармоягузорӣ ба “ҷиҳод” бо онҳое матраҳ мешавад, ки пешниҳоди иштирок дар “ҷиҳод”-ро рад мекунанд.

Муҳаммад Назаров, муҳоҷири тоҷики муқими Маскав, ки 30 сол дорад, имрӯз, 3-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта вақте аз намози ҷумъа берун шуд, ӯро ҷавоне барои сӯҳбат ба гӯшаи хилват даъват кард ва то расидан ба истгоҳи метрои хиёбони “Мир” ӯро барои ба ҷанги Сурия рафтан ташвиқ намуд. Муҳаммад мегӯяд, ин ҷавон риши кӯтоҳ дошта, бо тоҷикӣ роҳат сӯҳбат мекард ва бо ояту ҳадисҳои гуногун даъвати худ ба ҷиҳодро асоснок менамуд.

Аммо ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ баҳона пеш овард, ки имкони рафтан ба чунин маконеро надорад, зеро бояд дар Русия барои таъмини молии хонаводааш кор кунад. Дар ҳамин маврид ин ҷавони ношинос ба ӯ гуфтааст, ки дар сурати надоштани имкони ширкати мустақим дар “ҷиҳод”, барои “муҷоҳидон” маблағ бидиҳад, ки “савобаш баробар ба ҷиҳод аст”.

Муҳаммад Назаров, муҳоҷири тоҷики муқими Маскав
Муҳаммад Назаров, муҳоҷири тоҷики муқими Маскав

“Дидам, ки аз ҳад гузаронд, барояш гуфтам, ки магар одамкушӣ ҷиҳод аст? Гуфтам, ки шумо "киллер" тайёр мекунед, ин на савоб асту на ҷиҳод. Гуфтам, ки барои мо кор даркор аст. Агар некии моро хоҳӣ, ягон кори андовагарӣ ё хиштчинӣ пайдо кун, ки зиндагиамон хуб шавад. Гуфтам, беҳтарин савоб маблағ равон кардан ба зану фарзанд ва падару модар аст, на барои кадом одамкушони номаълум. Ҳамин хел гуфтам ва саволҳои зиёдаш додам, дигар аз пешам рафт. ”

Ин ҷавони муҳоҷир мегӯяд, чун ба макони зисташ омад ва ин ҳодисаро ба дӯстонаш қисса кард, маълум шуд, ки онҳо ҳам борҳо дар хиёбони “Мир”-и Маскав шоҳиди чунин ҳодиса шудаанд. Муҳммад мегӯяд, чун ӯ аз дигар ҷавонони муҳоҷири ҳамроҳаш дар сол бузургтар аст, ба онҳо таъкид намуд, "эҳтиёт кунанд ва бо бовар кардани ба чунин таблиғгарон “ҳаёти худро насӯзонанд.”

Ҳайдар Расулов, ҷавони дигари муҳоҷир мегӯяд, ӯ ҳам шоҳиди даъвати ҷавоне ба ҷиҳод шудааст, аммо баръакси Муҳаммад аз ӯ маблағ напурсида, балки барояш маблағ ва шароити хуб ваъда кардаанд. Ба гуфтаи Ҳайдар, ӯро дар миёни анбӯҳи намозгузорон ҷавоне, ки нимрусиву нимтоҷикӣ сӯҳбат мекард, пас аз каме гуфтугӯ дар мавзӯҳои мухталиф ошкоро ба ҷиҳод даъват кард: “Ришам каме дамида буд. Ӯ фикр кард, ки ман ҳам фанатикам. Дар бораи Худову Расул гап зад, ман гапҳояшро гӯш кардам, аммо гуфт, ки агар Аллоҳро дӯст дорӣ, бояд ҷиҳод кунӣ. Гуфтам, ки ту девонаӣ. Ман аз ҷиҳоди мегуфтагии ту безорам. Ин бозии давлатҳои калон аст, ки мусалмононро ҷанг меандозанд, на ҷиҳод ҳасту на чизи дигар”.

Ҳайдар мегӯяд, зоҳиран ин ҷавони ҳамсӯҳбаташ омода буд, ки ӯро то Сурия барад ва барояш маблағ диҳад. Ба ақидаи вай, аз эҳтимол дур нест, ки он ҷавон тоҷикони дигареро ба доми худ афтодааст ва чӣ гуна сӯҳбат карданро хуб медонист.

Иброҳим Аҳмад, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ниҳоди онҳо аз мавзӯи ҷалби ҷавонон ба ҷиҳод аз тариқи Русия огоҳ аст, вале то кунун ҳеҷ муҳоҷире ба онҳо расман муроҷиат накардааст, ки дар макони мушахас нафаре ӯро ба “ҷиҳод” даъват мекунад ва ё аз ӯ барои ҷиҳод маблағ мехоҳад.

Аммо ӯ мегӯяд, Хадамоти муҳоҷират гурӯҳи корие созмон додааст, ки дар тамоми шаҳрҳои Русия бо муҳоҷирони тоҷик вохӯрӣ анҷом дода, аз ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ кунад: “Дуруст аст, ки гурӯҳҳое аз ғарибии ҷавонон истифода бурда, мехоҳанд аз инҳол сӯистифода кунанд. Мо ба муҳоҷирони ҷавон таъкид мекунем, то ба чунин даъватҳо дода нашаванд ва дар сурати шунидани чунин даъват ба мақомот хабар диҳанд. Огоҳсозии ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо дар Русия ҳаст. Ҳоло ҳамкории мо бо муҳоҷирони ҷавон дар ин масъала хеле беҳтар шудааст.”

Таҳлилгарон мегӯянд, вазъи равонии муҳоҷирон дар Русия ин шароитро фароҳам сохтааст, то гурӯҳҳои ношиносе мағзи муҳоҷиронро “шустушӯ” диҳанд ва бо эҳсоси мазҳабии онҳо бозӣ кунанд. Аюбҷони Эгамзод, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, эҳтимол чунин гурӯҳҳо дар мақомоти Русия пуштибони худро дошта бошанд, ки то ҳол барои ҷалби ҷавонон ба Сурия боздошт ва муҷозот намешаванд.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ худ шоҳиди ташвиқи як дӯсташ ба ҷангҳои Сурия будааст. Аюбҷон мегӯяд, ин дӯсташ, ки дар як “вагон” дар шароити нохуб зиндагӣ мекард, пешниҳод гирифтааст, то ба хотири раҳоӣ аз зиндагии сахт ба “ҷиҳод” равад.

“Баъди намоз ба як тоҷики дигар шинос мешавад ва ҳамин тавр баъди чанд муддати шиносоӣ вай ба дӯсти ман пешниҳод кардааст, ки магар аз ин азобу уқубат ва хизмати номусулмонро кардан беҳтар нест, ки бираваду дар роҳи ҳақ хизмат кунад. Ин шиносам омада, аз ман маслиҳат пурсид, шароити бад, ки дошт дудила буд.Ман гуфтам, аслан ин фикрро накунад. Ту ягон бор ҷангидагӣ нестӣ ва туро зуд мекушанд.”

Дар ду соли ахир мавзӯи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ аз тариқи Русия матраҳ аст, аммо бори аввал аст, ки ҷавонони тоҷик аз даъват барои сармоягузории ҷиҳод хабар медиҳанд. Мусоҳибони мо ҳам аслан нафароне буданд, ки ба чунин даъватҳо дода нашудаанд, аммо бар асоси омори расмӣ наздик ба 300 ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунанд, ки тариқи Русия ва бо пазируфтани чунин даъватҳо ба он ҷо рафтаанд. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки барохе аз муҳоҷирони тоҷик як қисми маблағи бо сахтӣ кормекардаи худро барои ҷиҳод дар Сурия ба афроди шубҳаомез дода бошанд.

XS
SM
MD
LG