Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амонатбонк: Интиқоли пули муҳоҷирон ҳудудан 40 % кам шуд


Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тариқи намояндагиҳои ин бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ 173 миллион долларро ташкил додааст

Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси бонки давлатии "Амонатбонк" мегӯяд, интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тариқи намояндагиҳои ин бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ 173 миллион долларро ташкил додааст, ки ба қавли ӯ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6 дарсад камтар аст. Ӯ дар нишасти хабарии 14 июл дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи аввали соли гузашта муҳоҷирон аз Русия тавассути "Амонатбонк" 288 миллион доллар фиристода буданд.

Оқои Ҳакимзода афзуд, ин мавзӯъ на ба кам шудани теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия, балки ба бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ва, инчунин, поин рафтаи қурби рубли русӣ бастагӣ дорад. Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба кишвар 42% кам шудааст, ки ҳатто дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 низ чунин коҳиш ба мушоҳида нарасидааст.

Интиқоли пули муҳоҷирон то 40% кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Зимнан, моҳи июни имсол Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб кард, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия 42 % камтар пул фиристоданд. Масъулини бонк гуфтанд, иИнтиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 42% кам шудааст, ки ҳатто дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 низ чунин коҳиш ба мушоҳида нарасидааст. Ба иттилои ин бонк, маблағе, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон 289 миллион доллар интиқол дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014 42,4 дарсад камтар аст. Ин бузургтарин коҳиши “пули муҳоҷирон” аз Русия ба Тоҷикистон, зеро дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 он ҳамагӣ 10 то 15% кам шуда буд.

Коҳиши ҷиддии пуле, ки муҳоҷирон ва соҳибкорони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мефиристоданд, ба рукуди иқтисодии Русия зери таҳримҳои Ғарб зимни рӯйдодҳои Украина ва ҳам пастшавии қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ бастагӣ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG