Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР интихоботи миёндавриро баргузоршуда эълон кард


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи миёндаврии вакилони парлумонро баргузоршуда эътироф кард.

Рӯзи 10-уми апрел дар ноҳияҳои Фирдавсии пойтахт ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд.

Абдураҳмон Додозода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ, рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар ду ҳавзаи интихоботӣ -- ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва ноҳияи Ҷаббор Расулов то нисфи рӯз беш аз 50 дарсади раъйдиҳандон овоз доданд ва бо қарори КМИР, интихоботи миёндаврии вакилон баргузоршуда эътироф шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавзаи рақами якуми ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои ба даст овардани курсии вакилӣ номзадҳо аз чаҳор ҳизб -- Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ҳокими халқӣ деморатӣ байни ҳам рақобат карданд.

Ба таъкиди Додозода, дар ҳавзаи рақами 16­-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бошад намояндагони ду ҳизб- Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва як нафар шахси худпешбар ё мустақил ба ҳайси номзад ба курсии вакилӣ дар интихобот ширкат карданд.

Аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар ҳавзаи якмандатии Фирдавсии пойтахт номзадии Таманно Раҷабова пешбарӣ шуда буд. Ҳикматулло Саидиён, муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон бошад яке аз номзадҳои ҳизб дар интихоботи миёндаври ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи рақами 1-и ноҳияи Фирдавсӣ номзадии декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинов ва ба ҳавзаи Ҷаббор Расулов раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзодаро пешбарӣ кард. Аммо дар ин интихоботи миёндаврӣ, намояндагони ду ҳизбе, ки ҳоло дар парлумон ягон курсӣ надоранд -- Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал демократ ширкат надоранд.

Дар рӯзи интихобот мо аз чанде аз нуқтаҳои райдиҳӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дидан кардем. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ чандон серодам ба назар намерасиданд. Аммо Нурмаҳмад Ғоибов, ноиби раиси участкаи интихоботии рақами яки ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи якшанбеи 10- уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нисф бештари овоздиҳандагон то нисфирӯзӣ аллакай дар интихоботи вакилашон ширкат карданд.

Вай афзуд: “Аз субҳ то ҳозир 75 дарсади раъйдиҳандагон, 1566 нафар ба участкаи интихоботӣ омада, овоз доданд. То анҷоми интихобот, яъне соати 20:00 ҳоло вақт ҳаст. Боварӣ дорем, ки то анҷоми интихобот ҳама омада дар интихобот ширкат мекунанд."

Тасмими баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҷаласаи 4-уми феврали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд. Барандаҳои ин интихоботи миёндавраӣ дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзодаро хоҳанд гирифт.

Маҳмадалӣ Ватанзода моҳе пеш ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи президент дар Маҷлиси олӣ ва Комилҷон Саидзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудаанд. Ба ҳамин далел Маҷлиси Намояндагон ваколати ин ду вакилро қабл аз муҳлат қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон 51 курсиаш дар дасти ҳизби ҳокими халқии демократӣ қарор дорад. Ҳизби аграрӣ дар парлумон 3 курсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ – 2 ва аҳзоби демократ ва сотсиалист – яккурсигӣ дорад.

Дар интихоботи 1-уми марти соли 2015 ду ҳизб- Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва коммунист аз курсиҳои худ дар Маҷлиси намояндагон маҳрум шуданд. Мунтақидон мегӯянд, амалан ҳоло тамоми парлумон таҳти назорати ҳизби ҳоким ва аҳзоби тарафдори ҳукумат қарор гирифтааст ва мухолифон аз он берун мондаанд.

XS
SM
MD
LG