Бо авҷ гирифтани тиҷорати оҳанпора дар Тоҷикистон, хосторони ба даст овардани даромад дигар марзҳои ахлоқиро ҳам убур карда, даст ба кандани панҷараҳои сари қабрҳо мезананд. Яке аз осебдидатарин қабристонҳо - оромгоҳи масеҳиёни Душанбе аст, ки дар миёни садҳо қабри панҷардор, қисмате аз онҳо бурида шудаанд.
Ба фарқ аз оромгоҳи яҳудиён ва мусулмонон, гӯрҳо дар оромгоҳи пайравони масеҳият ҳамагӣ бо панҷара иҳота шудаанд ва бурида шудани қисмате аз панҷараҳо, зуд ба чашм аён мешавад. Падар Питирим, роҳиби калисои провославии Душанбе мегӯяд, тахрибу дуздии панҷараҳои қабрҳо ба як мушкили ҷиддӣ ва нигаронкунанда табдил шудааст.
Масъулони “Раёсати оромгоҳ”-ҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, бо назардошти хавфи рабуда шудани панҷараҳо, онҳо ба наздикони фавтидагон машварат медиҳанд, ки атрофи қабри наздиконашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам накунанд.
Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаҳои рабуда шудани панҷара бештар бо гӯрҳои партофташуда сурат мегирад ва ғоратгарон барои рабудани панҷараҳои қабрҳое, ки доим нигоҳубин мешаванд, ҷуръат намекунанд". Айни замон, ин рӯҳонӣ гуфт, ки чунин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест ва хонаводаи худи ӯ ҳам бо чунин як мушкил дар Маскав рӯбарӯ шудааст.
Вай гуфт, "солҳои 1990-ум дар наздикиҳои Маскав қабри наздикони ман - бобову бибӣ ва падару модарам ғорат шуда буд. Панҷараҳои фӯлодии марқади онҳоро рабуданд. Бинобар ин, ман андӯҳи касонеро, ки ба зиёрати марқади наздиконашон омада, панҷараҳояшро шикаставу рабудашуда дарёмебанд, бисёр хуб мефаҳмам."
Падар Питирим мегӯяд, осеб расонидан ба марқади гузаштагон аз нигоҳи ҳама адён - ҳам масеҳият ва ҳам ислом гуноҳи бузург ба шумор меравад ва мутмаин аст, ки тиҷорати сиёҳи ин қабил бизнесменҳо, дер намепояд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони “Раёсати оромгоҳ”-ҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, бо назардошти хавфи рабуда шудани панҷараҳо, онҳо ба наздикони фавтидагон машварат медиҳанд, ки атрофи қабри наздиконашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам накунанд. Раҳматулло Маҷидов, раҳбари ин сохтор ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳоло бо хиштҳои сементӣ гирду атрофи гӯрҳоро маҳкам мекунанд, бештар чунки он зуд вайрон намешавад. Панҷараи оҳанӣ занг мезанад, онро дуздида метавонанд".
Оҳанпора ба куҷо меравад?
Ҳоло дар шаҳри Душанбе даҳҳо нуқтаи қабули оҳанпора вуҷуд дорад. Ин нуқтаҳо оҳанпораҳоро дар шакли бастаҳо ба корхонаҳои оҳангудозӣ мефурӯшанд ва барои ҳар як кило оҳан вобаста ба мавсим аз 50 то 60 дирам подош медиҳанд. Ҷӯрахон Сатторов, масъули яке аз чунин нуқтаҳои қабули оҳанпора мегӯяд, вуҷуди чунин марказҳо аз як сӯ боиси тозагии шаҳр ва маҳаллаҳо аз партовҳои оҳанӣ гашта, аз сӯи дигар барои таъмин кардани саноати оҳангудозӣ бо ашёи хом, нақши муҳим доранд.
Айни замон, ба гуфтаи Сатторов, ба ҳангоми қабули оҳанпораҳо, назорат мешавад, ки моли дуздӣ роҳ наёбад. Вай гуфт, дар ин замина коргарони коргоҳ назорати қатъӣ мебаранд: "Ягон коргари мо оҳанпораи дуздидашударо қабул намекунанд. Мо хусусан аз ноболиғон оҳанро намехарем. Аввал суроға ва нишонии шахси оҳанпора овардаро мегирем, боварӣ ҳосил мекунем, ки он дуздида нашудааст, баъд онро мехарем."
Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд дар назари аввал арзиши оҳанпора чандон гарон нест, вале дар асл филизот як бахши муҳими саноати Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб миллионҳо доллар дар гардиш аст. Танҳо дар дохил ва атрофи Душанбе айни ҳол 24 корхонаи оҳангудозӣ фаъоланд, ки аксарашон моликияти ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин корхонаҳо тавони дар як шабонарӯз коркард шудани 30 то 35 тонна оҳанпораро доранд.