Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирасрори Фарғонӣ -- нахустин узви хориҷии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. ВИДЕО


Мирасрори Фарғонӣ.
Мирасрори Фарғонӣ.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сабти номи дубора ва ба узвият пазируфтани журналистони тоҷикзабони кишварҳои дигарро оғоз кардааст. Масъулон барои анҷоми ин кор тасмим доранд, ки дар ин иттиҳодия бахши байналмилалӣ таъсис диҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Фарғонӣ - нахустин узви хориҷии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Журналистони тоҷикзабон дар Узбекистон

Мирасрори Фарғонӣ, (Мирасрор Аҳроров) хабарнигори саршиноси тоҷикзабони Узбекистон нахустин рӯзноманигори хориҷӣ аст, ки дубора ба узвияти Иттифоқ жуирналистони Тоҷикистон пазируфта шуда, боз 23 хабарнигори дигари ин кишвар интизори сабти номашон дар ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мебошанд. Ин иттифоқ аз ҳамтоёни худ дар Узбекистон низ хоҳиш кардааст хабарнигори узбекзабони Тоҷикистонро ба узвият бипазирад.

Аз соли 1924 то ҳол дар Узбекистон рӯзномаи тоҷикии "Овози тоҷик", нашрияи ҳукумат ва порлумони Узбекистон нашр мешавад ва дар вилояти Самарқанд нашрияи "Овози Самарқанд" ба нашр мерасад.

То соли 1997, ки баъд аз он сардӣ дар робитаҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон бештар эҳсос шуд, дар ин кишвари ҳамсоя бахши узбекистонии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъол буд ва 37 нафар аъзо дошт. Ин хабарнигорони тоҷикзабон асосан дар расонаҳои тоҷикии Узбекистон фаъолият доштанд ва ба гуфтаи Наҷмиддини Шоҳинбодов, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин беҳтарин бахши хориҷии созмони эҷодии журналистҳои тоҷик дониста мешуд.

Фаъолияти 170 журналисти тоҷикзабон дар хориҷ

Вай хабар дод, ки ахиран Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифт узвияти Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори машҳури тоҷикзабони Узбекистонро дар ин созмон барқарор созад. Наҷмиддини Шоҳинбодов гуфт, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст бахши робитаҳои байналмилалии худро дубора фаъол карда, узвияти беш аз 170 хабарнигори тоҷикро, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд, дубора сабти ном кунад.

Наҷмиддин Шоҳинбодов.
Наҷмиддин Шоҳинбодов.

Наҷмиддин Шоҳинбодов дар ин бора гуфт, ки ба ин манзур ахиран бархе аз хабарнигорони тоҷики Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ба Душанбе даъват карда, мавзӯи азсаргирии узвияти онҳо дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро баррасӣ кард.

"Аз ҷумла, Мирасрори Фарғонӣ дубора ба узвияти созмони мо пазируфта шуд. Вай дар навбати худ пешниҳод кард, ки узвияти боз 23 хабарнигори тоҷикзабони Узбекистон дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. Мо ҳамзамон ба масъулини Иттифоқи журналистони Узбекистон муроҷиат кардем, ки узвияти хабарнигорони узбекзабони Тоҷикистон дар иттиҳодияи худро таъйид созанд",-афзуд Наҷмиддин Шоҳинбодов.

Мирасрори Фарғонӣ кист?

Мирасрор Фарғонӣ тӯли бист сол ба Тоҷикистон сафар накарда буд ва ҳоло Душанберо як шаҳри ободу тамошобоб медонад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷаноби Фарғонӣ рӯзи 5 апрел гуфт, ки имкони сафараш ба Тоҷикистон баъд аз "сафари таърихии Шавкат Мирзиёев" фароҳам шудааст. Вай хабар дод, ки мақсади аслии сафараш тасдиқи узвияташ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон будааст. Мирасрор Фарғонӣ дар Душанбе донишгоҳи олиро хатм карда, сипас дар расонаҳои мухталифи тоҷикзабони Узбекистон кор кардааст.

Вай гуфт: "Аслан барои хабарнигор доштани китобчаи узвият дар созмоне чандон муҳим нест. Муҳим ин ки, мухотабони ин хабарнигор ӯро эътироф кунанд. Дубора пазируфта шуданам ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бароям ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулияте изофа мекунад. Мутмаинам дубора фаъол сохтани бахши узбекистонии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар мусоидат мекунад. Ба гуфтаи шоири бузург мо на барои фасл, балкӣ барои васл омадаем."

"Журналистони узбек ҳам интизори ҳамкорӣ ҳастанд"

Қироншоҳ Шарифзода, устоди бахши хабарнигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раҳбари созмони ҷамъиятии “Журналист” бар ин назар аст, ки дар пасманзари беҳбуди робитаҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳои миёни созмонҳои эҷодӣ пешгӯишаванда буд. Ба эътиқоди ҷаноби Шарифзода, ҳоло ҳам сокинон ва ҳам мақомоти ду кишвар ба дарёфти иттилои дақиқу бетарафона дар мавриди роҳҳои тавсеаи ин робитаҳо ниёз доранд ва хабарнигорони тоҷику узбек метавонанд дар ин замина саҳм дошта бошанд.

Қироншоҳ Шарифзода.
Қироншоҳ Шарифзода.

Вай афзуд, ҳанӯз соле қабл якҷо бо Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар доштанд ва дар дидор ҳам бо хабарнигорони тоҷик ва ҳам узбеки ин кишвар эҳсос карданд, ки онҳо интизори ҳамин гуна ҳамкориҳо мебошанд. Ба бовари Қироншоҳ Шарифзода, роҳандозии чунин ҳамкориҳо ва ба узвият пазируфтани хабарнигорони ду кишвар ба созмонҳои эҷодии ҳамдигар метавонад эътимоди мақомот ва сокинонро ба дурустии тасмими мақомоти Тошканду Душанбе бештар созад.

Расонаҳои тоҷикзабон дар Узбекистон чӣ ҳол доранд?

Зимнан, аз соли 1924 то ҳол дар Узбекистон рӯзномаи тоҷикии “Овози тоҷик”, нашрияи ҳукумат ва порлумони Узбекистон нашр мешавад. Дар вилояти Самарқанд нашрияи “Овози Самарқанд” чоп мешавад. Дар ноҳияҳои тоҷикнишини Узбекистон нашрияҳои маҳаллӣ сафҳае бо забони тоҷикӣ доранд. Дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Узбекистон барномаҳо ба забони тоҷикӣ ба сабаби камбуди мутахассисон ҳафтае як маротиба пахш мешаванд.

Дар Тоҷикистон барномаҳо ба забони узбекӣ тавассути телевизион ва радиоҳои давлатӣ тақрибан ҳамарӯза садо медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ рӯзномаи "Халқ овозӣ" ва ноҳияҳои узбекнишин нашрияҳои маҳаллиро ба забони узбекӣ чоп мекунанд.

XS
SM
MD
LG