Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оби набот"-у "гулобӣ": Дар Душанбе иди тарбузу харбуза барпо шуд. ВИДЕО


Ҳудуди 100 тонна тарбузу харбуза ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар иди сайри харбуза дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Тарбузу харбузаи намоишгоҳ маҳсули кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ буд.

Шоиста Турсунмуродова, кишоварз аз ноҳияи Спитамен, рӯзи 4-уми сентябр гуфт, "ба иди харбузаву тарбуз 450 харбуза овардам. Аз ин 220 донааш гулобӣ буд ва 230-тои дигараш - оби набот. Ҳозир тақрибан 150 дона мондааст, дигарашро мардум хариданд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Иди харбуза дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Сокинон, ки имсол аз гаронии нархи тарбузу харбуза зиёд шикоят мекарданд, ба қимати харбуза ва тарбузи ба намоиш гузошташуда ҳар гуна баҳо медоданд.

  • "40 сомонӣ буд, 50 сомонӣ ҳам буд, мегирифтем. Ҳозир ба бист сомонӣ гирифтам."
  • "Дар инҷо ба 20-сомонӣ гирифтам. Дар бозор аз ин ҳам арзонтар аст."
  • "Пештар як харбуза аз 30 то 40-сомонӣ буд. Ҳозир 25 сомонӣ аст, бисёр арзон."
  • "Чаҳор харбузаи 10-сомонӣ гирифтам."

Ба назар мерасид, ки кишоварзон охирин ҳосили тарбузу харбузаи киштаашонро ба намоишгоҳ оварда буданд. Ҳамроҳхон Маҷидов, кишоварз аз ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, "имсол боду ҳаво гарм омад ва аз ҳамин сабаб палак тез хушк шуд."

Ин дар ҳолест, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҳосили фаровони имсолаи тарбузу харбуза иттилоъ медиҳад. Ёқубҷон Уроқов, корманди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, "кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 17 ҳазор гектар кишти полезиҳо гузаронданд, ки то 1-уми сентябр 13 ҳазори он беталаф ҷамъоварӣ карда шуд. Ҷамъоварии полезиҳо дар ҷумҳурӣ бо суръат идома дошта, боз тарбуз ва харбуза дар бозорҳо фаровон мегардад."

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қаблан гузориш дода буд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 262 ҳазор тонна полезиҳо, махсусан тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳудуди 23 ҳазор тонна нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Аммо тоҷирон имсол шикоят доштанд, ки тарбузу харбузаи дохилӣ тақрибан нест ва онҳо ин маҳсулоти лазиз ва серхариди кишоварзиро аз Узбекистон ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG