Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу: "Истифодаи зӯр алайҳи кишварҳо амале беҳуда аст" (ВИДЕО)


Нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон.1-уми апрели соли 2014.
Нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон.1-уми апрели соли 2014.

Вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои Созмони Шанхай дар Қайроқум истифодаи зӯр алайҳи кишварҳоро дар Ховари Миёна маҳкум кард, вале аз тасарруфи Қрим аз сӯи Маскав пуштибонӣ кард.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзи 1 апрел дар шаҳри Қароқуми Тоҷикистон доир шуд, истифодаи зӯр алайҳи кишварҳо дар Ховари Миёна ва Африқои шимолиро маҳкум кард ва амале беҳуда номид. Шойгу аз ҷумла гуфт: “Ҳамчунин авзоъ дар Шарқи наздик ва Африқои Шимолиро баррасӣ кардем. Кор гирифтан аз зӯр ба кишвар натиҷаи мусбат ба бор нахоҳад овард ва барои кишвари ҷудогона ва кишварҳои минтақа оқибатҳои ногувор дар пай хоҳад дошт.”

Аммо дар айни замон вазири дифои Русия аз рафтори кишвараш дар Қрим ва тасарруфи ин вилояти Украина пуштибонӣ кард ва гуфт, аксарияти кулли сокинони Қрим худ аз пайвастан ба Русия тарафдорӣ кардаанд: “Ҳоло таваҷҷӯҳи мо (манзур – Русия) ба таъмини амният дар ин нимҷазира равона шудааст. Ва мо дар пайи рушди зербинову фароҳам кардани шароити шоистаи адои хидмат барои низомиёнамон ҳастем.”

Нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Қайроқум бо пахши як изҳорот дар мавриди тақвияти ҳамкории низомии ин кишварҳо ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар минтақа анҷом ёфт.


Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ва гардонандаи нишаст гуфт, ин эъломияи дастаҷамъӣ ба хотири ҳалли масоили муҳими таъмини субот ва амният дар минтақа, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҳар шакли ҷудоиталабӣ (сепаратизм), ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Вай афзуд, Тоҷикистон бо “ёриву дастгирӣ” – и шарикони худ дар ин самт фаъол хоҳад буд.
Сӯҳбатҳои Шойгу дар нишасти вазирони Созмони Шонгҳой
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим

Ба назари иштирокдорони нишасти Қайроқум, хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон ва ҳодисаҳои Сурия дар пай эҳтимол хатарҳое ба амнияти кишварҳои узви СҲШ оваранд.

Кишварҳои узви СҲШ дар нишасти Қайроқум ҳамчунин баргузории машқҳои муштараки алайҳитеррристӣ, таҳти унвони “Рисолати сулҳҷӯёна - 2014” дар кишвари Чинро муҳокима кардаанд. Баррасии вазъи феълии минтақа, дурнамои ҳамкориҳои дифоӣ ва низомиву фаннӣ дар чорчӯби ин созмон ва муҳимтарин масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ дар меҳвари мавзӯоти муҳокиммаи ин нишаст қарор дошт.

Дар нишасти вазирони дифои кишварҳои СҲШ дар Қайроқум, Сергей Шойгу, Чан Вансуюан, Адилбек Ҷаксибеков, Таалайбек Омуралиев, Шералӣ Мирзо, вазирони дифои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Баҳодур Тошматов, муовини аввали вазири дифои Узбакистон ширкат карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Русия ва Узбакистону Чин узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд. Вале низомиёни Узбакистон дар машқҳои низомии ин созмон иштирок намекунанд. Моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек раёсати даврии СҲШ бар дӯши Тоҷикистон гузашта буд.
XS
SM
MD
LG