Пайвандҳои дастрасӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзону дастрас шуд? ВИДЕО


"Ҳудуди 70 дар сади кӯдакон дар Тоҷикистон ба гӯшт ва моҳӣ дастрасӣ надоранд." Дар гузориши нави ЮНИСЕФ ё Бунёди Атфоли Созмони Милали Муттаҳид аз мушкили дастрасии кӯдакон ба ғизои солим нигаронӣ шудааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, 289 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон аз камғизоӣ ранҷ мекашанд ва хӯроки якранг мехӯранд. Бар асоси ин гузориш, танҳо 23 дар сади кӯдакони тоҷик ба гӯшт ва моҳӣ дастрасӣ доранд ва бақия онро бисёр кам мебинанд. Мақомот ҳанӯз ин рақамҳоро шарҳ надодаанд.

Аксари волидон мегӯянд, ба сабаби гарон будани қимати гӯшт дар бозор баъзан ҳафтаҳо ё моҳҳо фарзандонашон аз гӯшт ва моҳӣ маҳрум мемонанд. Ва нафақат кӯдакон.

Ҷамила, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 6 фарзанд ва беш аз 10 набера дорад. Ӯ мегӯяд, шароит имкон намедиҳад, ки ҳар рӯз аз гӯшт хӯрок омода кунанд. Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт: “Як кило гӯштро ба 52 сомонӣ мегирӣ. Як кило ба кӣ мерасад? Ҳар вақте имкон даст дод, мегирем, аммо қимат аст ва харидани гӯшт барои мо хеле мушкил аст.”

Мавзӯи таъмини аҳолӣ бо гӯшт, ки чанд соли ахир пайваста болоравии нарх ва камчин шудани он мояи нигаронии мардум мешавад, чанде пеш дар порлумон ҳам баррасӣ шуд. Маҷлиси Намояндагон бо қабули иловаҳо ба қонуни будҷаи соли 2019 барои таъмини амнияти озуқаворӣ, воридоти чорво ва хӯроки онро аз молиёт аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард. Ин иловаҳо дар оғози моҳи октябр аз тарафи президент имзо шуд ва расман ба иҷро даромад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Вакилон гуфта буданд, ки ҳадаф аз қабули санад пойин бурдани нархи гӯшт ва парвариши чорвои хушзот ва гӯштӣ аст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар порлумон гуфт: “Қабули санади мазкур барои таъмини раванди парвариши чорвои хушзот, нигоҳ доштани чорвои хушзот ва таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти гӯштии воридотӣ мусоидат мекунад.”

Болоравии пайвастаи қимати гӯшт махсусан дар остонаи иду ҷашнҳо бештар аз ҳама сокинони миёнҳол ва камбизоатро дар кишвар асабӣ мекунад. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як кило гӯшт аз 50 то 70 сомонӣ арзиш дорад.

Гӯштфурӯшон ин болоравиро ба нархи гарони чорво ва бахусус хӯроки он рабт медиҳанд. Набӣ, як гӯштфурӯш ҳам мегӯяд, нархи гӯшт бевосита аз маҳсулоте вобастааст, ки барои парвариши чорво сарф мешавад.

Нархи хӯроки чорво дар бозорҳо аз 2 то 4 сомонӣ арзиш дорад. Фурӯшандагони ин маҳсулот мегӯянд, солҳои пеш вобаста ба мавсим нархи он пойин мерафт, аммо як соли ахир ин маҳсулот пайваста бо нархи гарон вориди бозор мешавад.

Юсуф Музаффаров, соҳибкоре, ки ба фурӯши ин маҳсулот дар бозори ноҳияи Рӯдакӣ машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Солҳои пеш ба 2 сомониву 20 дирам ва ё 2 сомониву 30 дирам мефурӯхтем. Ҳозир нарх боло рафтааст. Соли гузашта дар ин шабу рӯз, кунҷора то 2 сомониву 5 дирам буд. Ҳоло бо кадом сабабе корхонаҳо ин маҳсулотро бо 3 сомониву 40 дирам оварда месупоранд.”

Аз молиёт озод кардани воридоти чорво ва хӯроки он ҳам ба гуфтаи фурӯшандаҳо охири кор нест. Тоҷирон пешниҳод доранд, талаби борхату санадҳои дигар, ки нархи маҳсулоти деҳқонро то расидан ба бозор гарон мекунад, бояд бардошта шавад.

Юсуф Музаффаров мефзояд: “Барои деҳқон борхат даркор нест. Аммо ҳоло дар посгоҳҳо аз деҳқон зимни овардани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хӯроки чорво, борхат ва чанд чизи дигар талаб мешавад. Ҳол он ки вай андози замин ва маҳсулоташро месупорад. Фақат як - ду тонна маҳсулот дорад, ки ба бозор оварда бо нархи паст бояд супорад."

Мақомот то имрӯз чанд дафъа барои ба эътидол овардани нархи гӯшт чораҳоеро амалӣ кардаанд, вале коршиносон мегӯянд, "муваффақ нашудаанд".

Феълан аҳолии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби чорвои худӣ бо гӯшт таъмин мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион сар гову гӯсфанд мепарваранд.

Зимни озод кардани воридоти чорво ва хӯроки он аз андоз ва боҷи гумрукӣ, раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров аз вазири молия хост, натиҷаи ин имтиёзи пешбинишударо ҷиддан назорат кунанд, то ин тасмим дар воқеъ тавонад нархи гӯштро дар бозор коҳиш диҳад. Аммо кай ва то куҷо ин сабукӣ метавонад, барои таъмини бозор бо гӯшти босифату арзон мусоидат кунад, маълум нест.

XS
SM
MD
LG