Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ: Зуҳуроти “саркардаҳо” аз байн бурда шавад


Баъди куштори ду наврас, январи соли 2017 мақомот ҳузури мактабхонҳоро дар интернет-кафеҳо маҳдуд карданд
Баъди куштори ду наврас, январи соли 2017 мақомот ҳузури мактабхонҳоро дар интернет-кафеҳо маҳдуд карданд

Масъулони Идораҳои маориф, фарҳанг ва Вазорати корҳои дохилӣ бо 222 хонандаи мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки аз онҳо ҳамчун “саркардаҳои душвортарбия” ном мебаранд, кор оғоз кардааст.

Ин наврасон баъди он рӯйхат шуданд, ки соли ҷорӣ дар Душанбе чандин ҳодисаи пурхушунати ҷанҷолҳои хиёбонӣ бо иштироки ноболиғон рух дод. Дар мудҳиштарин ҳодисаи оғози сол ду ноболиғ аз дасти ҳамсолонашон кушта шуданд. Супориши кор бо пешвоҳои наврасони душвортарбияро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ содир кардааст.

Ба истилоҳ, “Саркардаҳои душвортарбия” мактаббачагонеро меноманд,

Хуб мешуд дар ҷараёни чунин барномаҳои тарбиявӣ на танҳо ходимони полису мақомот ва волидон, балки намояндагони ҷомеаи маданӣ, равоншиносон ва ҳам шахсиятҳои бонуфуз дар чашми ҷавонон, мисли ҳунарпешаҳову варзишгарон иштирок мекарданд.

ки аз таҳсил сарпечӣ мекунанд, бештар ҳаёти хиёбониву озод доранд, бо нирӯву нуфузи зиёд аз болои ҳамсолони худ таъсиргузор ҳастанд. Таҳқиқ нишон додааст, ки маҳз “саркардаҳои душвортарбия” ҳамсолони худро ба занозанӣ бо дигар ҳамсолонашон ташвиқ мекунанд. Бештари онҳо хонандагони синфи 8 то 11 ҳастанд.

Дар Тоҷикистон соли 2016 беш аз 5 ҳазор ҷиноят миёни ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар ҷараёни мулоқот бо фаъолони Душанбе аз мақомоти дахлдор тақозо кард, ки ба муноқишаҳои хунини миёни ҷавонон ва ноболиғон хотима дода шавад.

Як масъули ҳукумати Душанбе рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи сентябри соли равон дар маҷлиси назди раиси шаҳр ин масъала матраҳ шуд ва шаҳрдор супориш дод, то барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон корҳои ҷиддитар анҷом шавад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдор супориш додааст, то “зуҳуроти саркардаҳо” аз байн бурда шавад.

“Ҳоло ин хонандаҳо, ки осебпазир ҳастанд ва эҳтимоли эҷод кардани муноқишаро доранд, рӯйхат шуда, дар алоҳидагӣ бо онҳо ва хонаводаҳояшон корҳои фаҳмонадиҳӣ анҷом мешавад. Онҳо дар соатҳои беруназдарсӣ ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд. Он нерӯе, ки доранд, ба корҳои хуб сарф мешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дарси тарбиявӣ - филми “оқибати занозанӣ дар маҳаллаи 104”

Аз корҳои аввалине, ки барои тарбияи “саркардаҳои душвортарбия” анҷом мешавад, ин намоиши филми ҳуҷҷатиест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳия кардааст. Дар ин филм пайвандони мактаббачагоне сӯҳбат мекунанд, ки дар занозании хунини 2 январи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 104-и шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Дар паи ин занозанӣ ду нафар кушта шуд ва даҳҳо ҷавони иштирокдори ин занозанӣ муҷозот шуданд. Дар ин филм пайвандони ҷавонони кушташуда, ҷавонони зиндонишуда бо андӯҳ сӯҳбат мекунанд ва аз дигарон даъват мекунанд, ки иштибоҳи фарзандони онҳоро такрор накунанд.

Асомиддин Бобоев, сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳар мактаби шаҳр ду-сенафарӣ дар ин рӯйхат шомил шудаанд ва аллакай, таҳсил ва ахлоқи бархеи онҳо хуб шудааст.

Ӯ гуфт: “Бо онҳо кор мекунем, то аз сар задани ҳар гуна муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни мактаббачагон пешигирӣ кунем. Пеш аз оне, ки як воқеа рӯй медиҳад, пешгирӣ кардан аз он хубтар аст. Ин хонандаҳо бисёр зеҳни хуб доранд ва боварӣ дорем, ки дар ҳамкорӣ бо падару модару мактаб онҳо ислоҳ мешаванд. Ҳоло баъзеашон, ки баҳо се мегирифтанд, аллакай баҳои мактабиашон чор шудааст.”

Ин масъули Сарраёсати маорифи Душанбе мегӯяд, аз волидайни ин ҷавонон низ хоҳиш шудааст, то назоратро ҷиддӣ кунанд. Асомиддин Бобоев гуфт, бояд нирӯи ин ҷавонон, ки дар миёнашон афроди соҳибистеъдод ҳам ҳастанд, аз равиши ҷиноиву каҷ ба раҳи росту созанда ҳидоят шавад.

Чунин бераҳмӣ дар гузашта набуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, номнависии "лидер" ё худ "зӯрҳои мактаб" дар тамоми Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Масъулони ин Вазорат мегӯянд, таҳқиқ нишон дод, ки дар занозании мактаббачагон нақши асосиро маҳз ҳамин пешвоҳо мебозанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми пайдо шудани нофаҳмиҳо миёни ноболиғон маҳз "лидерон" аз ҳисоби мактаббачагон гурӯҳ таъсис дода, барои занозанӣ бо гурӯҳи дигар ҳамсолонашонро таҳрик медиҳанд ва гӯё мушкилро ҳал мекунанд.

Мутриба Иброҳимова, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, “саркардаҳо” ва ё “зӯрҳои синф” ҳамеша дар мактабҳо вуҷуд доштанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо ба ҳадде, ки ҳоло ба назар мерасад, бераҳм набуданд. Хонум Иброҳимова мегӯяд, баръакс “зурҳои синф” ба омӯзгорон кӯмак мекарданд.

Ӯ гуфт: “Ин бераҳмие, ки ҳоло ҳаст ва якдигарро бо корд мезананд, пештар набуд. Ҳарчанд, аксари онҳо дониши хуб надоштанд, вале ба ин ҳад дар занозаниҳои бераҳмона иштирок намекарданд. Онҳо, баръакс дар хомӯш кардани ҳамсинфони худ ҳангоми дарс ё ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар кардан кӯмак мекарданд. Албатта, ба онҳо дар шакли баҳои каме хубтар имтиёз дода мешуд. Ҳоло арзишҳо дигар шудаанд ва наврасон низ тағйир кардаанд”

Хуб мешуд, варзишгарони номӣ ҳам дар чунин барномаҳо ҷалб мешуданд

Дар шаҳри Душанбе 144 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 190 ҳазор таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ наздики 3 ҳазор хонандаҳои мактаб “кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ” содир кардаанд. Моҳи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ Алишер Хайруллоев, як хонандаи синфи 10-ро бо ҷурми таҳқири омӯзгор ва корд задани ҳамсинфаш боздошт кард.

Бар асоси ҳисобҳои расмӣ, дар нӯҳ моҳи ахир дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳ муноқишаи гурӯҳии ҷавонон сабт шудааст, ки дар он аз корд истифода бурдаанд. Аммо мақомот мегӯянд, пас аз шурӯи кор бо “саркардаҳои душвортарбия” чунин ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст.

Як ҷомеашиноси тоҷик гуфт, ки хуб мешуд дар ҷараёни чунин барномаҳои тарбиявӣ на танҳо ходимони полису мақомот ва волидон, балки намояндагони ҷомеаи маданӣ, равоншиносон ва ҳам шахсиятҳои бонуфуз дар чашми ҷавонон, мисли ҳунарпешаҳову варзишгарон иштирок мекарданд. Дар ин сурат, шояд ба кӯдакон роҳи беҳтари рафтор дар ҷомеа ва зиндагиро нишон медоданд.

XS
SM
MD
LG