Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои ИМА вориди Покистон шуд


Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис рӯзи 4 декабр боздиди расмиаш аз Покистонро шурӯъ кард, ки ҳадафи он тавсеаи ҳамкориҳои зиддитеррористии ИМА бо Покистон дар пасманзари интиқодҳои Вашингтон аз талоши нокофии Исломобод дар мубориза бо терроризм мебошад.

Дар остонаи сафар рӯзи 3 декабр Маттис гуфт: “Мо аз мақомоти покистонӣ шунидем, ки мегӯянд, “ҷонибдори терроризм нестанд” ва

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳам Исломободро барои паноҳ додан ба “агентҳои бесуботкунанда” муттаҳам карда ҳушдор додааст, ки агар рафтори Покистон дигар нашавад, аз тадбирҳои шадидтар кор хоҳад гирифт.

ҳоло мехоҳем бубинем, ки то куҷо ин мавқеи онҳо дар сиёсати корашон инъикос мешавад”.

Бо зикри ин ҳама аммо Маттис гуфт, ки ният надорад дар масъалаи мубориза бо терроризм болои мақомоти Покистон фишор оварад. “Ман аз ин роҳ кор намекунам. Бовар дорам, ки бояд барои пайдо кардани заминаҳои муштараки кор бояд талош кунем”, гуфт ӯ.

Вашингтон дар гузашта шикоят кардааст, ки Покистон “барои ҷангиёни Толибон паноҳгоҳи амн медиҳад” ва ин ҷангиён баъдан ба Афғонистони ҳамсоя ҳамла мекунанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ҷангиён марзҳои кӯҳиву тақрибан назоратнашавандаи Покистону Афғонистонро гузашта ба нирӯҳои амрикоиву афғон ва муттафиқони онҳо ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ки баъди ин ҳамлаҳо ҷангиён ба паноҳгоҳҳои худ дар Покистон бармегарданд. Ошӯбгарон аз пуштибонии оҷонсии истихбороти Покистон пуштибонӣ мешаванд, гуфтаанд мақомоти амрикоӣ. Покистон ин иттиҳомотро рад кардааст.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳам Исломободро барои паноҳ додан ба “агентҳои бесуботкунанда” муттаҳам карда ҳушдор додааст, ки агар рафтори Покистон дигар нашавад, аз тадбирҳои шадидтар кор хоҳад гирифт.

Маттис пеш аз парвоз ба Покистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кувайт гуфт, ки “даъватҳои президент Трампро барои мубориза бо паноҳгоҳҳои амни террористон” пиёда хоҳад кард.

Генерали амрикоӣ Ҷон Николсон, фармондеҳи аршади нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар масъалаи кӯмакҳои Покистон ба ҷангиён ҳеҷ тағйироте ба назар намерасад.
ИМА моҳи август гуфт, ки кӯмакҳои низомии худ дар ҳаҷми 255 миллион долларро, ки бояд ба Покистон дар амри мубориза бо ҷангиёни таҳдидкунанда ба амнияти Афғонистон тахсис медод, бозмедорад.

Маттис баъди боздид аз Мисру Урдун ва Кувайт вориди Исломобод шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG