Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи аввали қаҳрамонии футзали Тоҷикистон ба поён расид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон бо бозиҳои даври ҳаждаҳум анҷом пазируфт.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, бозии даври ҳаждаҳуми мусобиқаи Суперлигаи кишвар байни ду дастаи Душанбе - «Соро компания» ва «Амонатбонк» бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар бозии дигар низ ду тими пойтахт – “Сомон” ва “Истиқлол” бо ҳам рақобат карданд. “Истиқлол” бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.

Инчунин дар ду бозии даври охирин “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи меҳмон - “Пойтахт”-и Душанбе бо ҳисоби 5:0 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти ҳаждаҳ даври мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 42 имтиёз дар ҷадвал ҷойи аввалро касб кард.

“Истиқлол” бо 38 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир шуд. “Амонатбонк” бо 34 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025

Даври 18-ум

“Сомон” – “Истиқлол” – 1:5

“Истаравшан” - “Сипар” – 4:3

“Хуҷанд” - “Пойтахт” – 5:0

“Амонатбонк” - “Соро компания” – 2:2

Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа:

ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1«Соро компания» (Душанбе)16141190-2943
2«Истиқлол» (Душанбе)16122285-2138
3«Амонатбонк» (Душанбе)16111485-5134
4«Истаравшан» (Истаравшан)16102497-4532
5«Сипар» (Хуҷанд)1682693-4326
6«Сомон» (Душанбе)1653858-5818
7“Хуҷанд” (Хуҷанд)16401239-13712
8“Регар” (Турсунзода)16201434-1136
9“Пойтахт” (Душанбе)16011520-1041


Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали қаҳрамонии футзали Тоҷикистон ба поён расид. Тибқи низомномаи мусобиқа дар плей-офф ҳашт даста иштирок мекунад. Бозиҳои даври чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 22-23-юми март ва 29-30-юми март баргузор мешаванд.

“Соро компания” бо “Регар” барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан мубориза мебарад. Дар бозии дигар “Истаравшан” ва “Сипар” дар чорякфинал рӯбарӯ мешаванд. Ғолибони ин бозиҳо дар нимфинал бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар чаҳорякфинали дигар дастаҳои «Истиқлол» - «Хуҷанд» ва “Амонатбонк” – “Сомон вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфтҳо дар нимфинал бо ҳам қувва меозмоянд.

XS
SM
MD
LG