Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се ҷавон аз раъду барқ ва сел дар Тоҷикистон


Дар пайи офатҳои табии рӯзи 23-юми июн се ҷавон дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Балҷувон ва шаҳри Панҷакент буда, 18, 20 ва 22 сол доштанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, 23-юми июн ду сокини деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон ар ҳавои боронӣ барои ҷамъоварии ғизои чорво ба саҳро рафта, бар асари раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар хабарномаи расмии Кумита омадааст, 23-юми июн ҳамчунин "ҳангоми кӯшиши убур аз сел", як сокини 22-солаи деҳаи Шашқади шаҳри Панҷакент ҷонашро аз даст дод. Ҷасади ӯро пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рафтори баъзе сокинонро танқид кардааст, ки бо вуҷуди огоҳии қаблӣ, дар рӯзҳои боронӣ аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ ва ҷамъоварии ҳезум ва ғизои чорво худдорӣ намекунанд.

Тоҷикистон дар моҳҳои май-июни имсол шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел шуд.

Мақомот мегӯянд, офатҳои табиии моҳи майи имсол барои Тоҷикистон 44 миллион сомонӣ ё бештар аз 4 миллион доллар зарар расондааст.

Ин ҳодисаҳо боиси ҳалокати чанд тан аз сокинон шуд, ки мақомот шумораи умумии онҳоро нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG