Анҷоми ҳар тирамоҳ фарзандони оилаи Шокирбой Исомов омадани падарро аз муҳоҷират бо ҷомадони пур аз қанду конфет ва либосу туҳфаҳо мунтазир мешуданд. Аммо ин бор падари хонадон аз вақти маъмулӣ як моҳ дертар аммо бо мошини боркашони "Камаз" аз Русия баргашт. Шокирбой мегӯяд, 8 сол боз паёпай ба муҳоҷират мерафт ва орзуяш ин буд, ки як миқдор маблағ ҷамъ оварда дар Ватан ба бизнес машғул шавад ва дигар ба мусофират наравад.
Ин муҳоҷири кории тоҷик нақл мекунад, ки “ду сол пеш як миқдор пул чамъ кардам, аммо якбора қурби рубли русӣ афтид ва бо он пул дигар дар ин ҷо бизнес ҳам карда намешуд. Баъд фикр кардаму Қазон рафтам ва аз он ҷо як "Камаз" харидаму ба ин ҷо овардам. Инак ду сол мешавад бо ҳамин "Камаз" тобистон қуму шағал мекашонам, ҳоло бошад мавсими ангишт аст, ба кумуркашонӣ машғулам. Шукр, аз ҳамин ҳисоб харҷи хонаводаамро пайдо мекунам.”
"Дар ин ҷо, албатта мисли Русия пул кор намекунӣ, аммо “хорӣ дари хона беҳ аз гандуми мусофират аст",- мегӯяд Шокирбой. Ӯ мегӯяд, пас аз чандин соли мусофират ба ин натиҷа расид, ки агар нисфе аз даромади дар муҳоҷират ба даст меомадаро пайдо кунад ҳам, дар назди оила будан барояш авлотар аст.
Дар Тоҷикистон танҳо Шокирбой неест, ки шуғли собит бо даромади камтарро аз муҳоҷират ба Русия авлотар медонанд. Тайи се соли охир бо сахтар шудани шароити кор дар Русия беш аз 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия мамнуъ-ул-вуруд шуданд ва қисмати дигар ҳам довталабона аз муҳоҷират даст кашиданд.
Шумораи муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст
Бинобар омори охири раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия танҳо дар ду соли охир шумораи муҳоҷирони мавсимӣ аз Тоҷикистон 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарор дошта каме беш аз 800 ҳазор нафаранд.
Ба манзури дар кишвар бо ҷоий кор таъмин кардани муҳоҷирони собиқ Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират барномаи хосаеро рӯи даст гирифтааст. Бинобар иттилои масъулон, дар доираи ин барнома то кунун беш аз 14 ҳазор нафар муҳоҷирони собиқ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
"Аз таҷрибаи Амрикои замони Рузвелт истифода кунем"
Раҳмон Улмасов, пажуҳишгари масоили муҳоҷират дар Донишгоҳи славянии муштараки Тоҷикистону Русия мегӯяд, раванди реиммегратсия ва ё муқимигардонии муҳоҷирони корӣ дар дохили кишварро нахуст аз касбомӯзонӣ бояд шурӯъ кард.
Ба гуфта ин донишманди тоҷик, “дар базаи омӯзишгоҳҳо бояд касбомӯзӣ бештар шавад. Барои кишвари мо бештар ҳоло слесор, харрот ва экскаватору кранчӣ бештар даркор. Аз ин рӯ, ҳамин касбҳо бояд бештар омӯзонида шавад. Дуввум ба муҳоҷирони собиқ замин дода, тибқи имкон онҳоро аз як муддат аз андоз озод кардан зарур аст, то ки онҳо ба кори кишоварзӣ баргарданд”.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар шароити бозгаштани муҳоҷирон ва зиёд шудани ихроҷи онҳо Тоҷикистонро месазад аз таҷрибаи Амрикои замони Рузвелт истифода кунад.
Вай гуфт: “Вақте дар Амрико бӯҳрон буду бекории саросарӣ сар зад, мардумро барои ободонии шаҳру ноҳия ва кӯчаҳо даъват мекунанд: аз партовҷамъкунӣ то барфтозакунӣ. Дар мавсими зимистон, ки аксари муҳоҷирон бекоранд мешаванд, онҳоро ба корҳои соатбайъ мавсими ҷалб кард”. Улмасов афзуд, сабаби аслии рӯ овардани аксар ҷавонон дар кам будани музди маош дар бисёре ҷойҳои кории навътаъсис аст.
Ҷои кории кам ва аҳолии зиёд
Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, суръати эҷоди ҷойҳои кории нав бо маоши муносиб дар Тоҷикистон аз суръати афзоиши аҳолӣ дида ба маротиб камтар аст. Тибқи дурнамои Ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2020 шумораи аҳоли кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.
Ин аст, ки дар номаи соли равон Ҳукумат аз Вазорати меҳнат тақозо кард, ки барои пайдо кардани кишварҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик чора андешанд. Ин нукта дар матни қарор "Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016" бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, зикр шудааст.
Анвар Бобоев, собиқ раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, Ҳукумат чандин сол аст, ки талош дорад то ба кишварҳои дигаре барои муҳоҷирони кории тоҷик роҳ кушояд: “Мо бо давлати Қатар, Кореяи ҷанубӣ ва қаблан бо Шветсия созишномаҳои барои муҳоҷират имзо шуда буд. Аммо муҳоҷирони кории мо аз ҷиҳати тахассуси касбӣ ва забондонӣ ба талаботи ин кишварҳо ҳанӯз ҷавобгӯ нестанд. Агар мо дар самти омода кардани муҳоҷиронамон то ба сатҳи талаботи ин кишварҳо омода шавем, он замон барои онҳо роҳ ба ин кишварҳо боз мешавад”.
Буҳрон дар Русия, суқути иқтисод дар Тоҷикистон
Муҳоҷират ва интиқолҳои пулии онҳо аз Русия то соли 2014 яке аз драйвер ва ё гардонандаҳои иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мерафтанд. Дар соли 2013 ҳаҷми интиқолҳои муҳоҷирони корӣ аз марзи 4 миллиард доллар убур карда, буд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд.
Аммо бо рукуди иқтисоди Русия ва ихроҷи қобили мулоҳизаи муҳоҷирон аз ин кишвар ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон то 62 дарсад поин рафт. Ба таври қобии мулоҳиза поин рафтани пули муҳоҷирон боиси суқути чанд бонк ва суст шудани савдо дар бозорҳои Тоҷикистон шуд.
Дар қиёс аз муҳоҷират даромади Шокирбой муҳоҷири собиқи тоҷик низ коҳиш ёфтааст. Аммо ӯ мегӯяд, кор ва даромади собит ба маҳалли зисташ дар даромади бештар яквақта дар муҳоҷиратро авло медонад.