Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи муҳорибаҳои омехта дар як кишвари ҳамсояи Тоҷикистон 


Кобул, 27-уми августи 2024
Кобул, 27-уми августи 2024

Гурӯҳи "Толибон" дар идомаи дастуру амрҳои аҷибу ғариби худ мусобиқоти муҳорибаҳои омехтаро дар Афғонистон манъ кард. Ин навъи мусобиқа дар даҳ соли охир ҷавонони зиёдеро ба самти худ кашида буд. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дорад.

Далели ҳукумати “Толибон” ин аст, рақибон ҳангоми мубориза ба рӯйи ҳамдигар мезананд. Коре, ки ба таъбири онҳо “хилофи каромати инсонӣ ва усули шаръист”.

Ямо Вализод, мураббии муҳорибаҳои омехта, мегӯяд, “бокс дар рӯй намехӯрад? Кикбокс, кунфу, таэквондо магар ба рӯй намезананд? Дар кул варзиши размӣ мушту лагад дар рӯй мехӯрад. Намефаҳмам, ки чаро варзиши разми озоди касбиро дар Афғонистон манъ карданд.”

“Толибон” се сол пеш дубора дар Афғонистон ба қудрат расид. Ин гурӯҳ пештар варзиши духтаронро манъ кард ва дар бахши парвариши андом ба мардон дастур дод, ки ҳангоми мусобиқа пойҳои худро аз камар то ба зону бипӯшонанд.

Мамнӯият дар мусобиқаҳои размҳои омехта ва ё озод низ идомаи силсилаи маҳдудиятҳост. Ин иқдоми “Толибон” шумори зиёди ҷавонони алоқаманд ба ҳунари муҳорибаҳои омехтаро маъюс кардааст.

Милод Дарвозӣ, варзишгари риштаи муҳорибаҳои омехта, гуфт: “Яке аз орзуву умедҳои ман ҳамин буд, ки рӯзе битавонам дар созмони АFC ба номи Афғонистон, бо парчами Афғонистон дохили ринги мубориза шавам. Мубориза кунам ва ба номи ватанам ифтихор касб кунам. Бадбахтона он орзуҳоро дафн кардем, дигар як тамрини одист.”

Мураббии ин бошгоҳи варзишӣ мегӯяд, шуморе аз варзишгарони риштаи муҳорибаҳои омехта ночор Афғонистонро тарк кардаанд, то битавонанд, ба тамрину мусобиқаҳояшон идома бидиҳанд.

“Мусобиқоти касбии мо, ки мамнуъ шуд, бисёр ҷавонҳо, шахсан шогирдони худам кишварро тарк карда, рафтанд. Шогирдони худам, ки нобиға буданд, дар кул аз кишвар рафтанд. Дар клуби худам 80 дар сад тағйирот омадааст. Ман бештар аз 300 то 350 шогирд доштам, ҳоло 100 нафар ҳам надорам,” – гуфт Ямо Вализод, мураббии муҳорибаҳои омехта.

Муҳорибаҳои омехта, ки дар Афғонистон бо номи разми озод маъруф аст, дар 10 соли охир таваҷҷуҳи ҷавонони зиёдро ба худ ҷалб кардааст ва шуморе аз варзишгарони афғон дар созмонҳои бонуфузи касбӣ аз ҷумла UFC мубориза кардаанд.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Манъи муҳорибаҳои омехта дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG