Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили намояндагони Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар Австрия


Лаҳзае аз маҳфил
Лаҳзае аз маҳфил

Як маҳфили намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон, се кишвари форсизабон, дар шаҳри Вена баргузор шудааст.

"Таҷлили мероси фарҳангии кишварҳои форсизабон" рӯзи 19-уми сентябр дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи "Society Magazine" гузашт.

Мақомот рӯзи 21-уми сентябр дар иттилоияе гуфтанд, дар маҳфил намояндагони Австрия, дипломатҳо ва созмонҳои муқими Вена ширкат карданд.

Тоҷикистон ҳафт ёдгориро муаррифӣ кардааст, ки ба Рӯйхати мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Ин маҳфил соли сеюм аст, ки баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG