Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дар як маросими "махфӣ" ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. ВИДЕО, АКС


Александр Лукашенко. 23-юми сентябри 2020
Александр Лукашенко. 23-юми сентябри 2020

Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як маросими махфӣ ва аз пеш эълоннашуда бори шашум ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. Ин маърака билофосила мавриди интиқоди мухолифин ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт.

Интихоботи президентии Белорус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро шикаст дод.

Мухолифон ва мардуми норозӣ натиҷаҳои интихоботро напазируфтанд ва аз он замон то кунун эътирозҳо дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус идома дорад.

Лукашенко ба таври ногаҳонӣ ҳамчун президент савганд хӯрд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Хабаргузории расмии "БелТА" гузориш дод, ки дар маросими рӯзи чаҳоршанбе "чандсад" мансабдори баландпоя иштирок карданд, аммо то ҳол маълум нест, иштирокдорон кӣ ва чанд нафар буданд.

"БелТА" навишт, Лукашенко дасти росташро ба рӯйи Конститутсия гузошт, қасам хӯрд ва сипас коғазеро имзо гузошт. Раиси Кумисюни марказии интихобот ба ӯ шаҳодатномаи президенти Ҷумҳурии Белорусро супурдааст.

Лукашенко дар суханронии баъд аз қасамёдкуниаш гуфт, "кишвари мо дар рӯ ба рӯи чолиши бесобиқа қарор дорад, ки бар пояи фанновариҳои рушдкарда бунёд шуда, ҳадафаш нобуд кардани истиқлоли давлатҳо мебошад".

"Ҳадди ақал мо як кишваре ҳастем, ки дар он инқилоби ранга ноком шуд. Ин интихоби мардуми Белорус буд, ки намехоҳанд кишвари худро аз даст бидиҳанд", -- афзуд ӯ.

Маросими савгандёдкунӣ мавриди интиқоди шадиди мухолифон ва тарафдоронашон шуд. Онҳо аз Лукашенкои 66-сола талаб доранд, ки ба истеъфо равад ва дар кишвар интихоботи наву озод ва одилона барпо шавад.

Раҳбари мухолифон Светлана Тихановская баъд аз хабари маросими савгандёдкунии Лукашенко гуфт, ҳеч гоҳ ин "пирӯзии тақаллубшуда"-ро эътироф намекунад ва ба ташкили маъракаи ҷамъиятии нофармонӣ даъват кард. Тихановская дар изҳороташ гуфт, "ҳар кас метавонад президент шавад".

Ӯ афзуд: "Конститутсияро бигиред, бояд даст гузоред, чанд дафъа қасам мехӯрам гӯед, коғазеро имзо кунед, ки ман президентам ва онро дар кисаатон гузоред". Қабл аз ин ҳам Тихановская гуфта буд, ҳама гуна талош барои баргузор кардани маросими савгандёдкунӣ "ғайриқонунӣ" мешавад.

Павел Латушко, ки аз соли 2002 то 2009 дар мансаби сафири Белорус дар Лаҳистон (Полша), Фаронса, UNESCO ва Испания кор карда, ахиран узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон шуд, дар Телеграм-канали худ навишт, “кишвар шоҳиди вазъияти бесобиқа” шудааст.

Ӯ гуфт, "президенте, ки муҳлати раёсатҷумҳуриаш тамом мешавад ва иддао кардааст, ки беш аз 80 дарсади овозҳои интихоботро бурдааст, як амалиёти вижаи интисоб (дар қудрат)-ро баргузор кард. Зери ҳимояти полиси зиддишӯришӣ, дар як муҳити махфӣ, дар миёни доираи маҳдуди мақомот, ки оҷилона оварда шуданд. Куҷоянд шаҳрвандони хурсанду хушнуд? Куҷоянд корпусҳои дипломатӣ? Самимона бигӯям, ин мисли ҷамъомади дуздон аст, ки ба сари шоҳи дуздон (вор в законе) тоҷ мегузоранд."

Лукашенко дар 26 соли охир шоҳиди чунин муқовимат ва мухолифати сартосарӣ набуд. Ӯ ба эътирозгарон бо хушунат ва ҳабсу шиканҷа посух дод.

Хабарнигорони бахши белорусии Радиои Озодӣ гуфтанд, сокинони Минск дар бораи савгандёдкунии ногаҳонӣ аз он ҷо бохабар шуданд, ки дар майдони истиқлоли кишвар «равуои» зиёде ба чашм расид. Дар ин майдон биноҳои аслии ҳукумати марказӣ ҷойгир аст.

Дар навиштаҳои эътирозгарон матнҳое ба мисли “шоҳ урён аст” ва “пирӯзӣ насиби мардум аст” дида мешуд ва онҳо дар даст парчами мамнуъшудаи сурху сафедро доштанд, ки рамзи мухолифон аст. Эътирозгарон баъзе аз кӯчаҳои маркази шаҳрро масдуд карданд.

Лукашенко дар суханронии худ гуфт: “Мо мушкилоти худро бе ширкати беруниҳо ҳал мекунем, ба созиш меорем, ҳамкории тамоми гурӯҳҳои иҷтимоиро бо риояи қонун ва эҳтироми ҳамдигарӣ таъмин мекунем”.

Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва муттаҳидони ғарбии онҳо натиҷаҳои интихоботи президентии Белорусро напазуирфта ва саркӯби эътирозгаронро маҳкум кардаанд. Рӯзи 23-юми сентябр вазири умури хориҷии Словакия Иван Корчок дар як арзёбиаш аз вазъи Белорус гуфт, «Лукашенко ҳаққи қонунии раҳбарии кишварро надорад.»

Президенти пешини Эстония Тоомас Илвес, мунтақиди доимии Лукашенко, дар Твиттер навишт, ки “худро президент эълон кардан дар воқеъ намунаи худкомагӣ аст”.

Сухангӯйи Крелмин Дмитрий Песков нахост, маросими савгандёдкунии Лукашенкоро шарҳ диҳад ва гуфт, “агар онҳо чунин қароре қабул карданд, пас, ин маънои онро дорад, ки ин корро дуруст шумориданд”. Русия то ҳол ба Лукашенко пуштибонӣ нишон дода, ба Беларус ёрии низомӣ ва 1,5 миллиард доллар қарз пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG