Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ва коронавирус. Бовари мардум ба Лукашенко рахна дид


Дар маъракаи имзоҷамъкунии номзади алтернативӣ дар Минск, шахсе бо акси президент Лукашенко бо сархатти "ҷинояткор"
Дар маъракаи имзоҷамъкунии номзади алтернативӣ дар Минск, шахсе бо акси президент Лукашенко бо сархатти "ҷинояткор"

Дар Беларус корзори интихоботи президентии соли 2020 оғоз ёфт. 9-уми август дар ин кишвар президенти нав интихоб хоҳад гашт. Александр Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 идораи кишварро дар даст дорад, мехоҳад, ҳокимияташро идома диҳад. Вале мусобиқаи нави интихоботӣ аз маъракаҳои пешина баъзе фарқиятҳо дорад. Рейтинги Лукашенко рӯ ба пастӣ ва рӯҳияи мухолифат ба идомаи раҳбарии ӯ дар ҳоли болоравист. Дар бораи вазъи феълӣ ба суолҳои "Настояшее время" коршиноси сиёсӣ Виталий Шкляров посух дод.

— Ин интихобот, ба фикри Шумо, аз интихоботҳои гузашта чӣ фарқ дорад?

— Аслан, мо дар давраи аҷибе зиндагӣ мекунем. Сабабҳо зиёданд, вале ин маърака ба сари худ фарқ дорад. Мо ҳаргиз дар Беларус чунин ҷалби таваҷҷуҳ ба сиёсатро надида будем. Мо ягон вақт надида будем, ки се номзади қавӣ аз қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва бо тарафдорони ҳархела тавониста бошанд, дар муддати кӯтоҳ садҳазорӣ имзо барои пешбарии номзадияшон ҷамъ кунанд. Ман худам навишта будам, ки, ин номумкин аст, барои он ки ҳеч вақт дар Беларус чунин нашудааст.

Акнун суоли асосӣ барои ҳама ин хоҳад буд, ки онҳо номнавис мешаванд ё не? Мо ҳеч вақт надида будем, ки одамон барои гузоштани имзои худ дар навбат истода бошанд, баръакс номзадҳо хона ба хона мегаштанд. Ин навбатҳо як навъ баёнгари норозигии мардуманд. Бовар надоштем, зеро дар 26 соли президентии Лукашенко ба фикре расидем, ки беларусҳо одат карданд, ба тақдир тан доданд. Ин як ҷаҳони нав аст, ҳамчунон ки тазоҳурот ва бетартибиҳо дар Амрико як ҷаҳони нав аст. Ба монанди COVID-19, ки низ ҷаҳони нав аст.

— Вале чаро фикр мекунед, ҳолу ҳаво дар Беларус дигар шудааст?

— Пеш аз ҳама барои он ки мардум монда шудаанд. Монда шудан, ба маънои мусбаташ. Агар як корро 26 сол кунед, ё 26 сол як хӯрокро хӯред, ҳатман монда мешавед. Ба дилатон мезанад. Ман фикр мекунам, ҳамчунин Лукашенко барои худ каме чоҳ ҳам канд, зеро рад кардани беморие, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро мегирад ва иқтисодро чаппа кард, рад кардани тамоми чизе, ки мардуми ҷаҳон, ҳамсоягон барои пешгирӣ аз беморӣ мекунанд, албатта, аҷоиб буд.

— Яъне ӯ боварии одамонро ба худ аз байн бурд?

— Вай пояҳои ин бовариро ларзон кард. Медонед, чаро шиорҳои ӯро мепазируфтанд ва ӯ бо мардум чӣ созиши нонавишта дошт? Вай барои Беларус ивазнашаванда, кафили сулҳу субот буд. Ҳамеша батакрор мегуфт, ки Беларус ҷазираи субот аст. Мегуфту мегӯяд, ки "бубинед, дар Украина ҷанг, дар Русия як Чеченистони нофаҳмо, пулдорон ва ҷинояткорон, дар мо бошад, оромӣ ва тинҷӣ". Вай аз худ симое месохт, ки оромӣ ва худшиносии миллӣ ва гаҳгоҳ фоидаи хуби транзити газро таъмин мекард. Лекин ин давра ба поён расид. Солҳои охир ҷанги лафзӣ бо Русия ба дараҷаи бесобиқа тезутунд шуд. Нигоҳи Ғарб дигар пешина нест. САҲА ягон интихоботро эътироф накард ва маълум аст, ки бе кафолат додан ба озодии матбуот ва раҳо кардани маҳбусони сиёсӣ Лукашенко дигар ягон қарзу кумаки молӣ нахоҳад гирифт. Дар чунин шароит вай мебарояд ва ба мардумаш мегӯяд: "Шумо девона шудаед, ҳамаи ин воҳима аст!" ва мардумро маҷбур мекунад, ки ба мактаб, кор ё ҷаласа раванд, дар ҳоле ки медонанд, бемор шудану мурдан мумкин аст. Ман дар ин бора навишта будам, ки ин ҳам камтар аз Чернобил нест.

— Мегӯянд, Лукашенко барои пирӯзӣ дар интихобот ду номзади ҷайбӣ дорад, Валерий Сепкало ва Виктор Бабарико, яке соҳибкори машҳури соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ ва дигаре бонкдор. Чӣ тавр онҳо ба сабқат роҳ ёфтанд, бо иҷозаи Лукашенко?

— Тарзи тафаккури Аляксандр Григорйевичро дарк кардан бисёр мушкил аст. Ман намедонам, оё ба онҳо иҷоза дод ё не. Ҳақиқаташ ин аст, ки то моҳи майи соли 2020 ҳеч кас ягон корро бе ризоияти дастгоҳ ё худи Лукашенко карда наметавонист. Агар худаш иҷозат дода бошад, ин хатои бузург аст. Вале, дилам мегӯяд, ӯ иҷоза надодааст. Муҳимтарин ангеза COVID-19 аст ва ҳам он ки бо таъсири беморӣ ба мардум каме ҳам бошад, озодӣ доданд ва бо бастани ниқобҳо ба рӯй ҳисси тарси одамон низ камтар шуд.

— Яъне, ниқоб ба онҳо ҳисси амн дар муқобили мақомот дод, ҳаминро гуфтаниед?

— Комилан дуруст. Илова ба ин ҳама худро узви як гуруҳ ҳис мекунанд, мисли мухлисони як дастаи футбол. Як навъ муттаҳидӣ медиҳад ва тарсро меронад. Аз пушти ниқоб чизе, ки гуфтан мехоҳед, гуфтан мегиред ва чеҳраи шуморо касе намебинад, акс намегирад, яъне шинохта наметавонад. Агар шиносанд ҳам, парвое нахоҳад буд, даста ба як лахти нерӯ табдил ёфт ва акнун рӯ ба эътироз овардааст.

— Номзади дигар, блогер Сергей Тихановскийро ба қайд нагирифтанд ва зидди ӯ парванда боз карданд, чаро?

— Парванда ҳадафи муайян дорад. Чӣ хеле ки дар Русия масъалаи Навалнийро ҳал карданд, яъне ба иллати парвандаи ҷиноӣ ширкат дар интихобот манъ аст. Тамом. Вале бояд ба ҷасорати Сергей ва тарафдоронаш ва ҳамсараш офарин гуфт. Масъалаи дигар ин аст, ки ӯ ангезандаи корзор шуд. Ба маънои мусбаташ. Вай нишон дод, ки пайти муносиб расидааст. Ин, тавре ман навишта будам, монанди кори Бернӣ Сандрес аст, ки 30 сол як чиро мегуфт, аммо пайташ акнун расид ва як навъ инқилоби чапгароёнае дар Амрико рух дод. Айнан ҳамин хел, дар вақти дуруст Тихановский садо баровард, вале ин метавонист каси дигар ҳам бошад, Сидоров ё Петров фарқ надошт – натиҷа ҳамон мешуд. Вале офарин бар ӯ! Бовар дорам, роҳаш намедиҳанд, вале бо ин ғавғо тамом намешавад.

— Пас, бо чӣ тамом мешавад?

— Гуфтан душвор аст. Бастагӣ ба қадамҳои баъдии дастгоҳи президент ва шахсан Лукашенко дорад. Оё ба ҳарсе номзад имкони ширкат медиҳанд? Ин як сенария аст, зеро ҳарсеяшон миқдори даркории имзоҳоро гирд оварданд. Ё ҳарсеро иҷозаи иштирок намедиҳанд ва инҳо муттаҳид мешаванд, то интихоботро барҳам зананд. Оё чизе мисли Майдони Киев пеш меояд ва бо зӯри силоҳ пароканда карда мешавад, бояд дид.

— Тихановскийи машҳур ва ду мудири комёб барои Александр Лукашенко номзадҳои бисёр вазндор нахоҳанд буд? Бовар доред, ки вай метавонад ба зӯроварӣ нақшаи худро пеш барад?

— Ин дар гумон аст. Намедонам. Мехоҳам, бовар кунам, ки кор бе хушунат ҳал мешавад, зеро он гоҳ ҳабсу боздошт, хунрезӣ пеш хоҳад омад, ки натиҷаи неке нахоҳад дошт. Вале ҳамаи ин ба Лукашенко бастагӣ хоҳад дошт. Зӯраш мерасад, ки ҷуръату ҷасорат кунад ва ба ончӣ имрӯз дар Беларус мегузарад, баҳои дуруст диҳад, барояд, байни мардум равад, суҳбат кунад, дарди онҳоро шунавад ва аз ҳама муҳимаш ба ин номзадҳои нав имкони сухан диҳад, он гоҳ, фикр мекунам, шояд ҳама чиро ба маҷрои қонун ва ҳуқуқ хоҳад кашонид. Ҳамаи ин ба раҳбари феълӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG