Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Оилаҳои тоҷик дигар "як села бача" намехоҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон як пажӯҳиши саросарӣ нишон додааст, ки хонаводаҳои тоҷик дигар намехоҳанд соҳиби фарзанди зиёд бошанд.

Бо вуҷуди онки дар Тоҷикистон дар ҳар ҷашни арӯсӣ дар ҳаққи ҷавонон дуои нек мекунанд, ки серфарзанд шаванд, вале ҷавонони тоҷик худашон муштоқи мустаҷоб шудани ин орзу набудаанд. Далели ин гуфта, як пажӯҳиши фарогири тиббӣ ва демографӣ дар Тоҷикистон аст, ки нишон додааст, тақрибан 55 дар сади занони соҳиби се кӯдак, аз ин бештар майли таваллуд надоранд.

Натиҷаҳои пешакии нахустин Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон, ки бо кӯмаки Созмони Милал ва Амрико анҷом шудааст, ҳамчунин маълум кардааст, ки мизони таваллуд сари ҳар зани зоё дар кишвар ба 3,8 кӯдак расидааст, ки дар муқоиса ба солҳои 90-ум ним баробар камтар аст. Пажӯҳиши мазкур идомаи ин тамоюл дар Тоҷикистонро собит мекунад, ки ҷуфтҳои тоҷик, дигар мисли солҳои пеш бартарӣ намедиҳанд, ки дар иҳотаи “як села бача” бошанд. Аз ҷумла ин духтари тоҷик, ки мегӯяд, тарбияи фарзанди зиёд кори осоне нест: “Ман мехоҳам ду фарзанд дошта бошам, барои онки тарбияи ду фарзанд барои ман осонтар аст.”


Тамоюл ба таваллуди кам дар ҷомеаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим


Дар ҷараёни ин пажӯҳиш, ки моҳҳои июл ва сентябри соли 2012 ва бо пурсиши тақрибан 10 ҳазор зан анҷом шудааст, бештар аз нисфи занони соҳиби се фарзанд гуфтаанд, ки дигар майли таваллуд надоранд. Шамсиддин Қурбонов, табиби шинохта ва мудири Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва аз байн рафтани шӯравӣ, ки бо сӯистифода ва имтиёзҳои моддӣ, занони тоҷикро ба зойидани “пахтачинҳо” тарғиб мекард, сабаби парҳези занон аз бачаи зиёд шудааст:

“Дар замони советӣ, мо як колония будем, як манбаъи плантатсияи пахта будем, барои ӯ пахтачин даркор буд. Дар он вақт шаш то таваллуд мекарданд, сари ҳар кадом 18 сум мегирифтанд. Касе шаш кӯдак дошт, пахта намечид, кӯдак тарбия мекард. Даҳто фарзанд медошт, қаҳрамонмодар мешуд. Беҳтар буд, ки кӯдак таваллуд куниву ба пахтачинӣ наравӣ. “

Вале ҳоло бисёре аз хонаводаҳои ҳамин қаҳрамонмодарон фақиру камбизоат ҳастанд ва баъзан таънаву маломати фарзандонро мешунаванд, ки чаро ин қадар зоидӣ, ҳамон бародару он хоҳари хурдиро намекардӣ, чӣ мешуд? На танҳо сахт шудани шароити зиндагӣ, балки иҷрои барномаҳои чандсолаи миллии сиҳатии модару кӯдак ва танзими оила дар Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим, ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, тағйири афкори мардум сабаби кам шудани таваллуд шудааст: “Ҳоло даҳ кӯдак таваллуд мекунӣ, касе ташвиқу дастгирӣ намекунад, дар баробари ин хӯрондану пӯшондану хонондани онҳо лозим аст, талаботҳо дигар шудааст, фаросату фарҳанги мардум дигар шудааст, яъне ки зиндагиро фақат таваллуди фарзанд намебинад. Зиндагӣ паҳлуҳои дигар ҳам дорад, охир.“

Аз ин рӯ, ҳоло ҷуфтҳои тоҷик аз муҳофизакории солҳои қаблӣ даст кашида ва (гуноҳ аст нагуфта) ба таври васеъ аз васоили ҷилавгирӣ аз ҳомилагӣ истифода мебаранд. Агар дар солҳои 90-ум аз ҳар 10 зани тоҷик танҳо як нафар аз онҳо аз ин васоил истифода мекарданд, бар асоси таҳқиқи ахир, ҳоло аз як чаҳор ҳиссаи онҳо, чӣ занони шаҳр ва русто, контрасептивҳоро ба кор мебаранд.

Бо вуҷуди коҳиши таваллуд ва андаке суст шудани суръати афзоиши аҳолӣ, ба гуфтаи Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографии Оҷонси омор солона дар Тоҷикистон аз 200 то 230 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, ки баёнгари мизони ҳамчунон баланди афзоиши аҳолӣ аст. Ба гуфтаи Бахтия Муҳаммадиева, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, пажӯҳиши мазкур дар сиёсатгузориҳои ояндаи иҷтимоии давлат нақши муҳим хоҳад дошт: “Натиҷаҳои таҳқиқот инчунин барои беҳтар сохтани саломатии мардум, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан занону кӯдакон, заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун дастуруламал хизмат хоҳад кард.”

Афзоиши босуръат дар солҳои гузашта таркиби демографии аҳолии Тоҷикистонро тавре кардааст, ки ҳоло тақрибан 40 дар сади аҳолӣ кӯдакону наврасони то 14-сола буда ва бо модарони аксаран хонанишини худ, дастнигари бақия ҳастанд. Агарчӣ аҳолии ҷавон сарвате барои миллату кишвар ҳисоб мешавад, аммо аз бекориву бешароитӣ ба хашм омадани ин қишр метавонад, он кишвару миллатро ба мусибат гирифтор кунад.
XS
SM
MD
LG