Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқу ошиқӣ дар соли 2014 (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соли 2014 дар арсаи ишқу ошиқӣ барои ҷавонони тоҷик чӣ бурду бохт дошт? Хабарнигори Озодӣ бо ҳамин суол ба чанд ҷавон дар кӯчаҳои Душанбе муроҷиат кард.

Дар солномаҳои Радиои Озодӣ то имрӯз мо муҳимтарин таҳаввулоти соли 2014-ро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону ҷаҳон ба риштаи таҳлил кашидем. Аммо дар поёни сол мо дар кӯчаҳои Душанбе пои сӯҳбати ҷавонон нишастем ва бо ин суол, ки соли 2014 аз нигоҳи ишқу ошиқӣ барои онҳо чӣ бурд ё бохт дошт?

Маълум мешавад, бардошти ҷавонони тоҷик аз ошиқиҳояшон дар соли 2014 низ мисли бурдубохтҳои арсаҳои дигар яксон набудааст. Бархе мегӯянд, ҳанӯз барои ишқу ошиқӣ фурсат накардаанд, чунки, тавре яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, ӯ ҳанӯз таҳсил мекунад ва дар фикраш фақат хондану хондан ва хондан аст.

Чанд нафари дигар аз он шикоят карданд, ки аз сӯи дӯстдоштаи худ “кидат” шудаанд. Нафаре аз он алам кард, ки духтари дӯстдоштааш дар ин сол нафақат ба дигаре шавҳар кард, балки алакай фарзанди аввалашро аз он шавҳар ба дунё овардаву ҳама орзуҳои ӯ ба хок яксон кардааст.

Аммо як қисми дигар соли 2014-ро аз нигоҳи ошиқӣ барои худ як соли пурбарор тавсиф мекунанд. Яке гуфт, ки дар ин сол бо дӯстдоштааш дубора оштӣ кардааст ва ин ӯро ба ояндаи хубе умедвор мекунад. Дигарӣ гуфт, баъди “кидат” шудан аз сӯи дӯстдухтари қаблиаш имсол дӯстдоштаи наве пайдо кардааст, ки ҳанӯз ба вай вафодор аст.

Назари бештари ҷавонон дар бораи бурду бохти ишқиашон дар соли 2014-ро аз ин навор тамошо кунед:

Cоли 2014, соли ғаму шодӣ барои ошиқон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

XS
SM
MD
LG