Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лола Насриддинова - барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар дар соли 2017. ВИДЕО


Ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол»-и Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуниятро Лола Насриддинова, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ирода” сазовор шуд.

Ҷоизаҳои Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният аз соли 2009 тақдим мешаванд ва ба нафароне дода мешавад, ки барои рушд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон талоши арзанда доштаанд.

Лола Насриддинова, ки ҳафт соли ахир аз ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла атфоли гирифтори аутизм ва ё дархудмондагӣ ҳимоят мекунад, барои

Худи ҳамин сол 15 кӯдаке, ки гирифтори аутизм буданд, ба мактабҳои маъмулӣ дохил шуда таҳсилашонро идома дода истодаанд.

ба зиндагии маъмулӣ ворид кардани чунин тифлон ва ҳам талоши ҳифзи ҳуқуқи онҳо рӯзи 8 декабр дар маросиме дар Душанбе барандаи ҷоиза шуд. Хонум Насриддинова дар як гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ аз фаъолияти корияш ва вазъи гирифторони аутизм дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳори назар кард.

Лола Насриддинова: Ростӣ, ҷоиза ғайриинтизор буд. Намедонам, то куҷо барои ҳимоя ҳуқуқи кӯдакон талош кардам. Бояд бигӯям, ки мо аз ҳуқуқи кӯдакони гирифтори аутизм ҳимоят мекунем. Созмони “Ирода” дар баробари чунин кӯдакон бо волидони онҳо ҳам кор мебарад. Чун ингуна кӯдакон мушкилиҳои зиёд доранд ва идораи онҳо дар ҷомеа тақрибан ғайриимкон аст ва бештари волидайн зуд хаста ва таслим мешаванд. Аз назари равонӣ барояшон сахт мушкил аст. Ман худам модари фарзанде ҳастам, ки гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ аст.

Радиои Озодӣ: Аутизм беморист ё чизи дигар? Дар ҳар сурат, бо нафарони дорои аутизм чӣ гуна бархӯрд кардан лозим аст?

Лола Насриддинова: Дар ин хусус фикри мутахассисон гуногун аст: гурӯҳе онро беморӣ мешуморанду гурӯҳи дигар на. Агар аз нуқтаи назари иҷтимоӣ бигирем, онро беморӣ ҳисоб накунем, ин як навъи маъюбӣ аст. Бояд нақшаи таълиму тарбия ва маводи вобаста ба он низ мувофиқ гардонда шавад, то кӯдак тавонад мисли ҳамсолонаш дониш омӯзад.

Лола Насриддинова - барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар барои кӯмак ба атфоли гирифтори аутизм
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:55 0:00

Барномаҳои вижаи таълимӣ барои атфоли гирифтори аутизм

Радиои Озодӣ: Шумо бо ин гуруҳи кӯдакон чигуна кор мебаред?

Лола Насриддинова: Мо барои ин гуруҳи кудакон барномаҳои зиёде дорем. Талоши аввалини мо ҳарчи бештар ворид кардани онҳо ба ҷомеа аст. Ҳамчунин мо мехоҳем ин кудакон ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва касберо аз худ кунанд. Бояд нақшаи таълиму тарбия ва маводи вобаста ба он низ мувофиқ гардонда шавад, то кӯдак тавонад мисли ҳамсолонаш дониш омӯзад.

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеаи мо бо нафарони гирифтори дархудмондагӣ чигуна муносибат мешавад?

Лола Насриддинова: Ҳоло ҳам мушкилиҳо ҷой доранд. Албатта, ҳанӯз барои беҳбудӣ ва пешрафт роҳи зиёд дар пеш аст. Чун то ҳол аутизм дар рӯйхати маъюбият ворид нашудааст. Бояд гӯям, ки аутизм беморӣ нест, ин як навъ камбудӣ аст, чун онҳое ки гирифтори аутизм ҳастанд, қобилияти омӯзиш ва ё аз худ кардани касбро доранд. Мо ҳоло бо Вазорати тандурустӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) кор мебарем. Худи ҳамин сол 15 кӯдаке, ки гирифтори аутизм буданд, ба мактабҳои маъмулӣ дохил шуда таҳсилашонро идома дода истодаанд. Ин албатта талоши худи волидон ҳам ҳаст, ки бо созмони мо ҳамкорӣ мекунанд ва кушиш мекунанд кудаконашон аз ҷомеа дар канор набошанд.

Беш аз 500 тифли гирифтори дархудмондагӣ

Радиои Озодӣ: Чӣ тавр ба фикри таъсиси созмон расидед?

Лола Насриддинова: Медонед, созмони “Ирода”, ки ман раҳбарии онро ба дӯш дорам, бо кӯмаки волидоне таъсис ёфт, ки худашон фарзанди гирифтори аутизм доштанд ва мехостанд онҳоро ба таҳсил ва касб фаро гиранд. Хушбахтона, барои дастгири чунин кӯдаконашон волидон талоши зиёд мекунанд. Чун аксари волидоне, ки чунин фарзанд доранд ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, кӯдакони худро ба интернат диҳанд. Чун ягона тарбиятгари кудак худи мо падару модарон ҳастем ва омузишу парвариш ҳам вазифаи мо ба кудаконамон аст. Албатта ин бидуни кумаки давлат, мутахассисони ҳирфаӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ осон нест.

Фазлиддин Насриддинов ва писараш Камол - ҳамсар ва фарзанди Лола Насриддинова
Фазлиддин Насриддинов ва писараш Камол - ҳамсар ва фарзанди Лола Насриддинова

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди афроди гирифтори аутизм чӣ қадар аст?

Лола Насриддинова: Дар ҳоли ҳозир дар созмони мо 537 нафари то 22-сола сабт шудаанд. Аммо созмони мо танҳо ба 127 кудак кумак мерасонад. Хуб мешуд, агар боз волидоне, ки чунин фарзанд доранд, ҳамингуна созмонҳоро барои рушди кудакони гирифтори аутизм фаъол кунанд. Ҳоло дар саросари Тоҷикистон 38 ташкилоти падару модарон фаъол аст, ки барои ҳимояи ҳуқуқи кудакони гирифтори аутизм кумак мекунанд, онҳо бо мо ҳамкорӣ мекунанд ва барномаҳои гуногун доранд, аммо махсус созмоне мисли "Ирода" фаъолият надорад.

XS
SM
MD
LG