Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов аз размикори амрикоӣ дар мусобиқаи UFC шикаст хӯрд


Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар муҳорибаи навбатиаш дар ташкилоти UFC (Ultimate Fighting Championship) дар вазни сабук (70 кг) аз Трей Огдени амрикоӣ шикаст хӯрд.

Муҳорибаи UFC Vegas 94 шаби 20-уми июл дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Мубориза ҳар се раунд давом кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии Трей Огден, размикори амрикоӣ, анҷом ёфт.

Размикори 33-солаи тоҷик дар чаҳор муҳорибааш дар UFC бори дувум ноком шуд. Моҳи июни соли гузашта ӯ дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) аз размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски дар раунди дувум бо нокаути фаннӣ ё техникӣ шикаст хӯрда буд.

Аввалин рақобати Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC 285 муқобили варзишгари бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуда буд.

Рақобат пуршиддат сурат гирифт ва дар ҷараёни он Лоиқ ва рақибаш чанд маротиба ба нокдаун рафтанд. Раҷабов бо қарори якдилонаи доварон ғолиб омад.

Раҷабов дар набардҳои UFC Fight Night 238 (Vegas 87), ки 2-юми марти имсол дар толори "UFC Apex"-и шаҳри Лас-Вегаси Иёлати Невадаи ИМА доир гардид, дар вазни сабук ба рақибаш Абдул Карим Ал-Селвадӣ аз Фаластин дар раунди севум бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғалаба кард. Ин севумин набарди Лоиқ Раҷабов дар UFC ба шумор мерафт.

Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар дутоаш шикаст хӯрдааст.

Лоиқ Раҷабов, ки дар дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, бо ташкилоти UFC барои чор муҳориба шартнома баста буд.

Лоиқ Раҷабов зодаи ноҳияи Данғара мебошад. Вай дар хурдсолиаш ҳамроҳи модараш ба Душанбе омада, дар мактаби варзишӣ машқ мекард. Ӯ тамринро аз гуштии ҷудо оғоз карда, баъдан муҳорибаҳои омехта, яке аз намудҳои вазнин ва хатарноки варзишро интихоб намудааст.

“Дар муҳорибаҳои омехта бояд варзишгар ҳаматарафа бошад. Ҳам гуштин гирифта тавонад, ҳам бокс, аз ҳамаи ин усулҳо огаҳӣ дошта бошад”, - мегӯяд Лоиқ Раҷабов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии варзишгарон аз ворид шудан ба UFC пайдо кардани сарпарастони қавист, зеро то ба қуллаҳои баланд баромадан, даромади асосии размикорон аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

XS
SM
MD
LG