Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахл(но)пазирии вакилони маҳаллӣ: Қарори парлумон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон масуният ва ё дахлнопазиири вакилони маҳаллиро лағв кард.

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки имрӯз, 13-уми июн баргузор шуд, бо пешниҳоди додситонии кулл масуният ё дахлнопазирии вакилони маҳаллиро лағв карданд. Аз ин ба баъд барои боздошти вакилони маҷлисҳои ҷамоативу ноҳиявӣ ва шаҳривцу вилоятӣ ва кофтукоби манзилу коргоҳашон иҷозаи маҷлисҳои марбута зарур нахоҳад буд.

Ин иқдомро додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода зарурате барои таъмини шаффофияти кори вакилони маҳаллӣ унвон кард. Вай гуфт, додситонӣ намунаҳое зиёде дорад, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ аз дахлнопазирии худ суистифода карда ва аз ҷавобгарӣ дар канор мондаанд. Ҳамзамон додситони кулл афзуд, лағви масуният ба он маъно нест, ки ин вакилон аз ҳама гуна замонат маҳрум хоҳанд буд: «Бо ворид намудани ин тағйирот на ҳама мақомоти интизомӣ ҳаққи боз кардани парвандаи ҷиноиро дар нисбати вакилони маҳаллӣ ва ё анҷоми дигар ҳаракатҳои тафтишотиеро ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд доранд. Танҳо бо розигии прокурори генералӣ, вилоятӣ ва шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон ва бо иҷозати танҳо суди олии Тоҷикистон, вилоятӣ ва шаҳри Душанбе чораҳои нигоҳ доштан дар ҳабси пешакӣ,ҳабси хонагиву молу мулк, гӯш ё сабт намудани сабтҳои телефонӣ татбиқ карда мешаванд. »

Ҷаноби Салимзода мегӯяд, дар ду соли охир борҳо маҷлисҳои маҳаллӣ ба дархости додситониҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани вакилон посухи рад додаанд. Барои намуна, ба гуфтаи ӯ, сокини яке аз ноҳияҳо бар асари тамаъҷӯии вакиле даст ба худкушӣ зад, аммо дар ин ҳолат ҳам бинобар дахлнопазирияш ин вакил беҷазо монд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон ба сурати умум дархости додситони кулли Тоҷикистонро пазируфтанд. Аммо вакил аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ бар ин аст, бе ин ҳам дахлнопазирии вакилони мардумӣ танҳо дар рӯи коғаз боқӣ монда, амалан муроот намешуд: «чунки мо имрӯз ҳеҷ масъунияте эҳсос намекунем. Масалан вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе Зайд Саидовро пеш аз он ки масунияташро лағв кунанд, боздошт намуданд ва ё мо шоҳидем, ки дар Маҷлиси намояндагон вакил барои изҳори назар аз ҷониби суд барояш ҷазо таъин шуд ва ӯро ба пурсидани маъзарат барои ҳарфи гуфтааш водор мекунанд. Яъне масъуният ҳеҷ кореро анҷом намедиҳад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ, лағви дахлнопазирии вакилони маҳаллӣ боиси нигаронии аъзои Маҷлиси намояндагон низ шудааст: «худи раиси маҷлис ба ин масъала хеле нобоварона назар мекард ва ҳатто нороҳотана суханронӣ мекарду ин масъаларо дар Шӯро бозпас гардонда буд ва ҳатто гуфта буд, имрӯз масунияти вакилони маҳаллиро бекор мекунем ва фардо навбат ба вакилони Маҷлиси намояндагону Маҷлиси миллӣ мерасад.»

Аммо вакили маҷлиси шаҳри Душанбе Мӯсо Асозода дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аксари кулли вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ нафарони поку шоистаанд ва дар байнашон вакилони соҳибкор низ чандон зиёд нест, ки дар ягон қонуншиканӣ ё аъмоли коррупсионӣ дахолат дошта бошанд. Аз ин хотир ба гуфтаи ҷаноби Асозода, бояд қабл аз тасмимгирӣ назари вакилони маҳаллӣ ҳам шунида мешуд. Вай аз ҷумла гуфт, «то ҷое ман медонам аксарияти вакилони маҳаллӣ он шахсоне нестанд, ки дар корҳои ғайриқонунӣ даст дошта бошанд. Аз ин хотир бояд ин масъала ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад ва агар чунин имконият пеш ояду назари моро низ дар ин замина бипурсанд ман ҳам фикри худро шояд иброз медорам.»

Аммо Мӯсо Асозода афзуд, аз байн бурдани мақоми дахлнопазирӣ як навъ таъсир ба вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ба манзури боло бурдани сатҳи масъулияти онҳо дар назди ҷомиа ва мардум ҳам ҳаст.


Мӯсо Асозода дар бораи ҳаққи дахлнопазирии вакилони маҳаллӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим


Мӯсо Асозода дар сӯҳбат бо Озодӣ ба қазияи Зайд Саидов низ пардохт ва гуфт, вакилони маҷлиси шаҳрӣ дар таърихи 20 май якдилона на барои гунаҳкор ё бегуноҳ будани Саидов, балки бар асоси гузориши намояндаи додситонии кулл танҳо барои оғози таҳқиқи фаъолиятҳои ӯ овоз доданд. Ба ин суоли Озодӣ, ки оё то куҷо ба шаффофу одилона анҷом шудани таҳқиқи қазияи Зайд Саидов итминон дорад, Мӯсо Асозода гуфт, "агар мо дар ҷомиаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошем, бояд чунин бошад."

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик лағви далнопазирии вакилони маҳллиро қобили қабул намедонад ва мегӯяд, чунин тасмим метавонад ба мустақилияти вакилон таъсири манфӣ расонад. Ин сиёсатшинос дар идомаи сӯҳбат гуфт, «мавқеи дахлнопазири махсус ба хотири он аст, ки вакил тавонад аз манфиати мардум ҳимоят кунад. Яъне тарс аз он надошта бошад, ки мавриди таъқибу фишор қарор мегирад ва ё аз тарафи мансабдорон пахш карда мешавад. Ба назари ман, нигоҳ доштани принсипи дахлнопазирӣ хеле муҳим ва хоси демократия аст. Ва ба ҷои бекор кардани масуният беҳтар аст, ки низоми интихобшавии вакилон хуб ба роҳ монда шавад ва афроди шубҳанокро ба интихобот роҳ надиҳанд. »

Лағви масунияти вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки 22-юми май Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дахлнопазирии додситонҳо, додрасҳо ва кормандони Оҷонсии мубориза бо фасодро ба ҳангоми содир кардани ҷиноят аз сӯи онҳо бекор карда буд.
XS
SM
MD
LG