Ахиран пулиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Абдураҳмонов, як сокини 40-солаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтарро, ки дар миёни мардум ҳамчун «чашмбанду сеҳргар» маъруф аст, ҳамроҳ бо се ҷавони дигари маҳаллӣ боздошт кардааст. Номи ин ҷавонҳоро пулис «ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот» ифшо намекунад.
Ба иттилоъи Офоқ Қодириён, раҳбари дафтари матбуоти раёсати вазорати умури дохила дар вилояти Хатлон, Абдуҷаббор Абдураҳмонов се ҷавонро ба дуздии сармояи як соҳибкори маҳаллӣ дар Қӯрғонтеппа ташвиқ кардааст. Ин дуздӣ моҳи феврали соли ҷорӣ рух додааст. Номи тоҷиреро, ки дастикам 80 ҳазор долларашро рабудаанд, низ мақомот маҳфуз медоранд. Хонум Қодириён афзуд, Абдураҳмонов, маъруф ба «мулло Ҷаббор», ҷавонони роҳзанро мутақоид кардааст, ки бо роҳи сеҳру ҷоду соҳиби мол ва мақомоти пулисро роҳгум занонда, изи ҷиноятро пок мекунад.
«Яке аз ин бачаҳо ба хотири осон шудани кадом мушкилаш ба ҳамин шахс муроҷиат кардааст. Батадриҷ зери таъсири ӯ даромадааст. Вай чашмбандӣ карда, бачаҳоро дилпур намудааст, ки рафта ҳамин корро кардан гиред, ман сеҳру дуохонӣ мекунам, касе шуморо пайдо нахоҳад кард. Ҷавонҳо ҳам ба ӯ бовар карда, аз пайи иҷрои ин ҷиноят шудаанд. Ба мақомоти милиса аз тарафи он соҳибкор ариза ворид шуд. Таҳқиқ карда, ҷавонҳоро боздошт намуданд. Онҳо нишондод доданд, ки онҳоро "мулло"-е бо номи Ҷаббор ба содир намудани ин ҷиноят таҳрик додааст,» - зикр кард О. Қодириён.
Тибқи иддаои мақомоти тафтишотӣ, "мулло Ҷаббор" аз маблағи умумии рабудашуда 35 ҳазор долларашро ба унвони «ҳаққулзаҳма» аз худ кардааст.
"Мулло Ҷаббор", ки падари панҷ фарзанд будааст, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, дар ҳеҷ муассисаи давлатию хусусӣ кор накарда, танҳо аз ҳисоби «чашмбандию фолкушоӣ» даромади молӣ доштааст. Вай, ба таъкиди ҳолдонҳо, китоби махсуси фолкушоию сеҳргариро аз «пир»-и худ дарёфта, тайи 10 соли охир машғул ба фолкушоӣ будааст.
Аммо азбаски худи "мулло Ҷаббор" ва пайравонаш дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд, дар ҳоли ҳозир тафтиши ин иддаоҳо ва дарёфти шарҳи худи ӯ имконпазир намебошад.
Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон, мегӯяд, рӯҳоние бо исми Абдуҷаббор Абдураҳмонов дар феҳрасти муллоҳои расмӣ вуҷуд надорад. Вай изҳори таассуф кард, ки иддае бо сӯъиистифода аз дину мазҳаб ва бехабарии мардум даст ба ҷайби одамон мезананд: «Ҷодугарӣ ҳам осон нест. Муллоҳои донишманд, уламои ҳақиқии дину мазҳаб ба сеҳру ҷоду ва фолкушоӣ машғул намешаванд. Баъзеҳо худро муллою эшон муаррифӣ карда, ба мардумфиребӣ машғул мешаванд. Аммо агар он фолкушо ё «мушкилосонкун» дар ҳақиқат тавоно мебуд, кони тиллою калиди хушбахтиро худаш пайдо мекард. Инҳо аз рӯзи ногузарон ба ҳар намуди фиребу найранг даст мезананд. Қавлу амали инҳоро қабул кардан даркор нест.»
Саидҷони Сорбонхӯҷа афзуд, ки Ислом мавҷудияти сеҳру ҷодуро инкор намекунад, аммо аз назари дин, сеҳргарию фолкушоӣ амали ноҷоиз ва бовар кардан ба он гуноҳ мебошад.
Бо ин вуҷуд, чунин ба назар мерасад, ки шумораи одамони ихлосгар ба чунин сеҳргарону фолкушоҳо кам нест. Мавридҳои зиёде шуда, ки занон дар пайи суҳбат бо фолкушоҳо қурбони фиребу найранги онҳо шуда, маблағҳои зиёд ва ҷавоҳироташонро аз даст додаанд.
Рамазон Хайриддинов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ахиран як дӯсти наздикаш ҳам бо ҳадафи мушкилкушоӣ ба марди сеҳргаре муроҷиат карда, 500 доллари худро беҳуда аз даст дод. «Ин дӯсти ман ба духтаре ошиқ шуд, ки муҳаббаташро рад мекард. Пас, рафт ба назди фолкушое ва талаби кумак кард. Он сеҳргар дӯстамро тарсу фиреб дода, тамоми маблағи кисаашро аз худ кард. Аммо ин мушкили дӯстам натанҳо осон нашуд, балки вай бемор шуд ва духтарро ба шавҳар доданд», - афзуд Рамазон.
Ҳоло мақомоти пулис тафтиш карда истодаанд, ки оё "мулло Ҷаббор" ҳамроҳи ҷавонони пайраваш дар ҷиноёти дигари мушобеҳ низ даст доранд ё хайр ва чӣ теъдод аз шаҳрвандон қурбони фиреби ӯ шудаанд? Пулис мегӯяд, ки айни ҳол мулло Ҷаббор дар тақаллуб ва ҳамдастӣ дар дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Ин дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа як зани ба истилоҳ «ғайбдон»-ро ҳам бо гумони сеҳргарӣ ва фиреби мардум ба муҷозоти маъмурӣ кашидаанд. Ин зан танҳо бо пардохти чанд ҳазор сомонӣ ҷарима аз таъқиби бештари ҷиноӣ раҳо хӯрдааст.