Зери ангуштони ин зан ҳайкали латтагии арӯсак ҷон мегирад. Нахуст тани он, баъдан либосаш эҷод мешавад ва дар навбати охир чеҳраи лӯхтак ҳам офарида мешавад. Ҳар лӯхтак як симо ва шахсият аст, ҳар якаш таърихчаи худро дорад.
Азза Дзарасти-Қаноат - рассом ва як лӯхтаксози худсохта дар эҷод озод аст. Мегӯяд, ҳамон вақт аз паи офариниши симои нави лӯхтак мешавад, ки як қаҳрамон ё илҳоми тозае ба зеҳнаш ҷой мешавад.
Малика Тамара – яке аз симоҳои барҷастаи таърихи мардуми гурҷӣ баъди азиятҳои зиёди фикрӣ ногаҳон дар хоби Азза Дзарасти-Қаноат даромад. Аз хоб бедор шуду чеҳраи дар хоб дидаашро дар ҳайкали лӯхтаки нав ифода кард. Лӯхтак ҷон гирифт. Як қатра ашки зери чашми малика ҳам дардҳои кашидаи ин зани таърихиро таҷассум кард.
Азза Дзарасти-Қаноат, як рассоми осетениасл аз Тоҷикистон, дар коргоҳи хонагиаш мӯъҷиза меофарад. Рафҳои хонаашро даҳҳо чеҳраву симоҳои лӯхтакҳои латтагӣ зеб медиҳанд. Аксари онҳо бо илҳом аз симоҳои тоҷикӣ эҷод шудаанд. Мегӯяд, офаридани чеҳраи лӯхтак як марҳилаи хеле муҳими кораш аст. Агар мувофиқи табъаш кашида нашаванд, “чеҳраашонро аз даст медиҳанд”, мегӯяд ӯ. Барояш муҳим аст, ки симои лӯхтак зебо бошад. Вақти эҷоди чеҳраҳои шахсиятҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ, мисли балеринаи маъруфи тоҷик Малика Собирова, бар асоси портрет ё акси ин шахсият кор мекунад, то ҳадди аксар характер ва вижагии инсонии ӯро ифода кунад.
Марҳилаи муҳими дигар – эҷоди сарулибоси лӯхтак аст.
Ҳунари дӯзандагиро хонум Қаноат дар хурдсолӣ ёд гирифтааст. Мегӯяд, вақте дар синфи сеи мактаб мехонд, падараш як мошинаи дарздӯзӣ тақдим кард ва гуфт, ки ҳунари хайётӣ дар зиндагии ояндааш касби ноноваре хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин ҳунарманд, ҳар як куртаву кулоҳ ва модели либоси арӯсакҳои худро хуб санҷидаву андешида месозад. Дар миёни матоъҳои дӯстдоштааш – атлас ва нақшҳои рангобаранги он мақоми муҳим дорад. Таҳияи тани лӯхтак ҳам вижагиҳои худро доштааст: матои бадани лӯхтаки пахтагӣ бояд сахттар назар ба матои рӯи лӯхтак бошад. Пӯсти рӯи лӯхтак бояд нарм бошад, то ки қалами наққош равону нарм ҳар як ҷузъи симои қаҳрамони навро ифода кунад.
Азза Дзарасти-Қаноат мегӯяд, лӯхтаксозӣ барояш як машғулияти дилхушӣ ва эҷод аст ва аз ин кор ҳеҷ тамаъ надорад. Бо ин ки кори лӯхтаксозӣ ба хотири маводи зиёди ҷузъиаш серхарҷ аст, мегӯяд, “барои дили худам месозам, намефурӯшам”. Мегӯяд, фарзандонаш ба ӯ чунин шароит фароҳам оварданд, ки битавонад роҳат аз паи эҷоду офариниш бошад.
Барои алоқамандони ҳунараш бону Қаноат лӯхтакҳоро ройгон тақдим мекунад ва вақте акси лӯхтакҳояшро дар пасманзари нуқоти мухталифи олам мебинад, роҳат мекунад. Танҳо хоҳиши ӯ ин аст, ки баъди ба ҷое бурдани лӯхтакаш, акси онро дар кишварҳои дури дур бигиранду ба офарандааш фиристанд.
Азза Дзарасти-Қаноат мегӯяд, ҳеҷ гоҳ дар фикри намоишкорӣ ё муаррифӣ кардани ҳунараш набуд, вале рӯзе вақте як дӯсташ вориди коргоҳи ҳунарии ӯ шуду, рафҳои пур аз лӯхтакҳои Аззаро дид, натавонист хомӯш бошад. Ҳар як намоишгоҳе, ки дар чанд соли охир дар нуқоти мухталифи Тоҷикистону хориҷа барпо кардааст, бо заҳмату талошҳои дӯстонаш будааст. Ин зани хоксор мегӯяд, аз паи шӯҳрат намегардад. Вале агар барои ташкили намоишгоҳе даъваташ кунанд, меравад.
То ҳол лӯхтакҳои сохтаи ҳунарманди тоҷик дар Русия, Фаронса, Олмон ва Итолиёву дигар нуқоти ҷаҳон ба намоиш даромаданд. Вале орзуе, ки дар ин байн ҳанӯз иҷронашуда мемонад, ташкили намоишгоҳе дар дохили Тоҷикистон, аниқтараш дар шаҳри Хоруғ ва Қалъаи Хум будааст. Ӯ мегӯяд, бовар дорад, ки дар паи чунин як намоишгоҳ идеяи эҷоди симоҳои нави лӯхтакҳои миллӣ эҷод мешавад.