Деҳаи Сафо, ки 47 хонавода аз ноҳияи Мастчоҳ онро ҳудуди 10 сол пеш макони зисти худ интихоб кардаанд, тақрибан 50 километр дуртар аз маркази ин ноҳия ва дар наздикии марзи Узбакистон ҷойгир аст. Мошинҳои сабукрав роҳи хароби аз деҳаи Сафо то шаҳраки Бӯстонро аз болои теппаву ҷариҳо ҳади ақал дар ду соат тай мекунанд. Ин деҳаи кӯҳистонӣ ба ҷуз хати барқ ва як мавҷпарокани Tcell, ки рӯзи 16 сентябр фаъол шуд, дигар нишонаҳое аз ҳаёти муосир надорад. Вале сокинонаш аз зиндагии худ шоду розиянд.
Заҳро Охунова ҳамроҳи шавҳару ду писар ва арӯсону наберагонаш аз аввалин оилаҳоест, ки ба деҳаи Сафо роҳ кушодаанд. Вай мегӯяд: “Ин ҷо хонаву дар арзон буд, барои ҳамин хона харида, ин ҷо омадем. Чарогоҳ васеъ аст, фарзандонамон гову гӯсфандбонӣ мекунанд. Ҳар оила 3-4 сар гову 50 - 60 сар гӯсфанд дорем. Шуғли асосиамон чорводорӣ аст.”
Деҳаи наздимарзии Сафо замони шӯравӣ дар назди як корхонаи аз коркарди санг ё хиштбурӣ сохта шуда ва тобеи корхонаи маъдани шаҳраки Олмалиқи Узбакистон. Аммо баъди фурӯпошии шӯравӣ, корхонаи ягонаи деҳа аз кор бозмонд ва коргарони он, ки шаҳвандони Узбакистон буданд, ба он кишвар кӯч бастанд. Шаҳри Олмалиқи Узбакистон дар тақрибан 10 километрии деҳаи Сафо воқеъ аст.
Рақиб Охунов, раиси деҳаи Сафо ва вакили маҷлиси ҷамоати Навбаҳор нақл мекунад, ки “ин корхона мардону занони деҳаро сад дар сад бо ҷойҳои кор таъмин мекард. Баъди аз кор мондани корхона, сокинон, ки шаҳрванди Узбакистон буданд, ба он кишвар кӯчида рафтанд. Ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҳам талаву тороҷ шуданд. Узбакистон аз чанд километр болотар симхор кашид. Ҳамин ягона ҷои корӣ аз байн рафт.”
Ба думбол Узбакистон дар чанд соли пеш хати барқи худ ба шаҳраки Зарнисор (Олтинтопгани собиқ) дар ин минтақаро қатъ кард ва ин шаҳраки саноатии Тоҷикистону деҳаҳои хурди атрофи он, аз ҷумла Сафоро бебарқ гузошт. Тоҷикистон ба ин минтақа хати нави барқ кашид. Зимнан, бо дастури раисҷумҳур аз моҳи феврали соли равон маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони деҳаи наздимарзии Сафо аз байн бурда шудааст.
Сарнавишти деҳаи Сафои ноҳияи Масчоҳ ба шаҳракҳои Адрасмону Консой, Табошару Зарнисор ва Нафтободи вилояти Суғд ҳамсон аст, ки давраи шӯравӣ дар атрофи корхонаҳои саноатии ба истилоҳ “шаҳрсоз”, бунёд шуданд. Сипас баъди пош хӯрдани шӯравӣ ва қатъи фаъолияти корхонаҳо, ин деҳаҳо рӯ ба харобӣ ниҳода, бархе сокинонаш ба ҷойҳои дигар кӯч бастанд. Ҳоло бо сармояи худиву кишварҳои хориҷӣ корхонҳои саноатии ин шаҳракҳо дубора фаъол гашта, сокинони собиқаш бармегарданд ва одамони наве ҳам дар он шаҳракҳо соҳиби ҷойҳои кориву хонаву дар мегарданд.
Рӯзи 16-уми сентябр ширкати ТиСелл дар канори деҳаи дурдасти Сафо маркази мавҷпарокани худро фаъол ва иртиботи доимии ин деҳаи дурдастро бо олами беруна барқарор кард. Муҳаммадиқбол, як ҷавони сокини ин маҳал мегӯяд, то ин вақт онҳо имкони робитаи доимӣ бо маркази ноҳияи худ надоштанд.
Вай афзуд: “Ин ҷо мавҷи мобил дастнорас аст. Барои ҳолпурсии пайвандону хешон болои теппаву қуллаҳо мебаромадем, ки мобиламон мавҷро ёбад. Мавҷи шабакаҳои телевизионии Душанбеву Хуҷанд дастрас нест, вале мавҷи чанд шабакаи телевизионҳои Узбакистон, мисли “Ёшлик”-у шабакаи якумашро бо мавҷгирҳои оддӣ ҳам доштану намоишҳояшро тамошо кардан мумкин.”
Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳарчанд ин ҷо зиндагиашон хуб мегузарад, вале аз фарзандони хурдсолшон меандешанд, ки бе тамошои намоишҳои телевизион ва шунидани барномаҳои радиоҳои Тоҷикистон ба воя мешаванд. Ва ин ба тарбияи милливу ҷаҳонбинии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.
Деҳаи Сафо як мактаби ибтидоӣ дорад, ки бинои он харобу фарсуда шудаст. Сокинон танҳо як синфхонаи онро барои кӯдакони то синфи 4 таъмир ва ба синфхона монанд кардаанд. Бачаҳо барои таҳсили аз синфи 5 боло то мактаби деҳи ҳамсояи Оби Шифо ҳудуди 3 километр роҳро пиёда тай мекунанд.
Амонҷон Ҳоҷиева, як зани сокини деҳаи Сафо мегӯяд, ба зиндагии бе телефону телевизион одат кардаанд, аммо набудани мактабу бунгоҳи тиббӣ ва фикри ояндаи фарзандонашон онҳоро зиёд машғул медорад: “Бо сад дили кашол кӯдаконро мактаб мефиристем. Аммо то омадани онҳо мо дар фикри онем, ки онҳоро дар роҳ саги дайду ё ҷонвари дигаре нагазад.”
Занҳои деҳаи Сафо заҳмати нигоҳубини чорворо бо мардону писарони хонаводаи худ қисмат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба умеде душвориҳои зиндагии дур аз марказ таҳаммул мекунанд, то шароити таҳсил ва дастрасӣ ба хадамоти тиббиро барои худу фарзандонашон фароҳам кунанд.