Намояндаи додситонӣ ё айбдкоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ тақозо кардааст, ки панҷ узви аршади ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шаванд.
Айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми суханронияш дар мурофиаи рӯзи 11 май, ки паси дарҳои баста ҷараён гирифт, гуфтааст, гуноҳҳои Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб исботи худро ёфтаанд ва аз додрас мехоҳад, онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд.
Инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдидиини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 8 соли зиндон маҳкум бишавад.
Қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ, ки эҳтимол рӯзи 12 май баргузор хоҳад шуд, вакилони дифоъ ва ҳам муттаҳамон суханронӣ кунанд. Яке аз наздикони айбдоршавандаҳо, ки ин иттилоъро ба Озодӣ расонд, гуфт, баъд аз шунидани тақозои додситон дар масъалаи ҳукми аъзои ҲНИТ, хушу табори айбдоршавандаҳо ҳукмро "бераҳмона" унвон кардаанд.
Айни замон, вакилони дифоъ ва ҳам хешовандони айбдоршавандаҳо умед доранд, ки додрас дар вақти содир кардани ҳукм гузашт хоҳад кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар фаъолиятҳои ифротгароӣ, аз ҷумла даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, моҳи сентябри соли 2015, айбдор ва фаъолияти ин ҳизбро манъ кард.
13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.
Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад.
Худи аъзои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ин иттиҳомотро рад мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9 феврал оғоз карда буд.