Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии фаъолон аз Собир Валиев


Собир Валиев
Собир Валиев

Як гурӯҳи фаъолони тоҷик ва як вакили парлумони Қирғизистон аз Молдова хостаанд, ки Собир Валиев, муовини раиси “Гурӯҳи 24”-ро ба Душанбе истирдод накунад.

Як гурӯҳ аз фаъолони тоҷик дар як номаи муштарак ба раисиҷумҳур, ҳукумат, парлумон ва додситонии куллу Додгоҳи олии Молдова, аз ин кишвар хостаанд, ки Собир Валиевро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Ин номаро “Гурӯҳи 24” рӯзи 21 август аз номи Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива+”, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, Темур Варқӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав, Иззат Амон, Абдувосит Авезов, Абдулло Давлатов ва Каримҷон Ёров – раҳбарони 4 созмони тоҷикони Русия ва Аюб Эгамов, як фаъоли дигар аз ҳизби сотсиал-демократ нашр кард.

Дар нома гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар навъ танқид ва талаби риояи ҳуқууқи қонунии мардумро ҳамчун “фаъолияти душманона алайҳи манфиатҳои давлат” маънидод мекунанд ва “дар солҳои охир алайҳи тарафдорони ислоҳот дар Тоҷикистон маъракаи ошкори таъқиботӣ пеш бурда мешавад.”

Муаллифон бо зикри чанд мавриди дар Тоҷикистон ба шиканҷа ва солҳои тӯлонии зиндон дучор шудани тарафдорони “Гурӯҳи 24” аз мақомоти Молдова ва ҷомеаи байналмилалӣ хостаанд, то ба истирдоди Собир Валиев аз Молдова ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.

Вакили парлумони Қирғизистон ва омбудсмени собиқи ин кишвар Турсунбой Боқир уулу низ дар як муроҷиатнома ба парлумони Молдова хостааст, ки Собир Валиевро ба Тоҷикистон таслим накунанд. Турсунбой Боқир уулу рӯзи 21 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ман худам зодаи Осиёи Марказиам ва хуб медонам, ки ҳукуматҳои ин минтақа метавонанд дигарандешонро бо иттиҳомоти бофта таъқиб кунанд. Тоҷикистон низ шикори фаъолонаи намояндагони мухолифини сиёсиашро ба роҳ андохтааст. Иттиҳомоти зидди Валиев ангезаҳои сиёсӣ доранд. Ва ман аз ҳамкасбонам дар Молдова хостам, ки ӯро насупоранд, чунки хатари таҳти шиканҷа қарор гирифтани ӯ дар Тоҷикистон зиёд аст. “

Бо ин ҳол, Асадулло Валиев, падари Собир Валиев рӯзи 21 август ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди то 18 рӯзи дигар тамдид шудани замони ҳабси писараш дар Молдова хабари наве дар робита ба қазияи ӯ дар даст надоранд.

Собир Валиев, муовини раҳбари “Гурӯҳи 24” ва узви раёсати Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ду созмони мухолифини тоҷик дар хориҷ, рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Кишинёв ҳангоми нишастан ба парвози Кишинёв –Истамбул аз сӯи мақомоти Молдова бо дархости Тоҷикистон боздошт шуд. Додгоҳи пойтахти Молдова рӯзи 13 август замони боздошти Валиевро то 18 рӯз тамдид кард.

Ба гуфтаи вакилонаш, Собир Валиев дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ айбдор мешавад ва Молдова бояд дар ин 18 рӯз тасмим бигирад, ки ин сиёсатмадори мухолифро ба Тоҷикистон хоҳад супурд ё на.

Собир Валиев 27 сол дошта, дар моҳи марти соли равон дар пайи қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истамбул муовини раиси ин созмон интихоб шуд.

“Гурӯҳи 24”-ро Қувватов ва шарики собиқи тиҷориаш Шарофиддин Гадоев се сол пеш, баъди фирор аз Тоҷикистон ва айбдор кардани яке аз наздикони раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ғасби тиҷоратҳояшон ташкил доданд.

Собир Валиев ба таври фаъолона дар маъракаҳои “Гурӯҳи 24” дар Истамбул ва шаҳрҳои дигар ширкат мекард ва дар гирдиҳамоие, ки рӯзи 24 мартдар Туркия сурат гирифт, бо изҳори эътироз ба қатли Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки онҳо на ифротгаро, балки ислоҳталабанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта фаъолияти“Гурӯҳи 24”-ро ҳамчун созмони экстремистӣманъ кард. Ба дунбол, чандин нафар бо иттиҳоми ҳаводорӣ аз ин созмон ва ширкат дар маъракаҳояш боздошт, истирдод ва дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд.

Аз ҷумла Умедҷон Солиҳов, ки дар як ҳамоиши “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Новосибирски Русия бо интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ карда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ Мақсуд Иброҳимов, раҳбари "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон", як созмони шарики “Гурӯҳи 24”, ки ба таври мармуз аз Русия истирдод шуда буд, аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе 17 сол ҳукми зиндон гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, дархости истирдоди боз 7 нафари дигар бо иттиҳоми узвият дар “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикашро аз Русия талаб кардаанд. Собир Валиев бо айни талаби истирдод ба Душанбе дар боздоштгоҳи Кишинёв қарор дорад ва Шабнам Худойдодова, як фаъоли дигари ин созмон аз рӯзи 12 июн дар Беларус мунтазири баррасии парвандаи истирдодаш ба Тоҷикистон аст.

Мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, Душанбе мехоҳад бо чунин таъқибу боздоштҳо, ки хоси низомҳои худкома аст, даҳони дигарандешонро бубандад.

XS
SM
MD
LG