Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасҳеҳ ба матлаби "Шикояти хонандагони Чоркӯҳ..."


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ барои як иштибоҳ дар матлаби "Шикояти хонандагони Чоркӯҳ аз сабти иҷборӣ дар Маркази тестӣ" (22 апрели 2016) аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ узр мепурсад.

Дар матлаби "Шикояти хонандагони Чоркӯҳ аз сабти иҷборӣ дар Маркази тестӣ" (22 апрели 2016) дар торнамои Озодӣ як иштибоҳи фаннӣ гузаштааст. Дар ин гузориш ба ҷойи он ки гуфта шавад, дар маҷмуъ, 70 сокини ноҳияи Исфара дар ҷангҳои Ироқу Сурия қарор доранд, калимаи Чоркӯҳ рафтааст. Дар ҳоле ки аз ин ҷамоати ноҳияи Исфара нафаре дар ин ҷангҳо иштирок надорад. Радиои Озодӣ барои ин иштибоҳ аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ узр мепурсад.

Панҷ посух аз Чоркӯҳ

Гузориши Радиои Озодӣ аз 22 апрел дар бораи шеваи сабти номи хонандагони мактабҳои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар Маркази миллии тестӣ инчунин ба вокуниши тунди мақомоти маорифи ин минтақа рӯбарӯ шудааст.

Дар гузориши Радиои Озодӣ аз ҷумла гуфта мешуд, ки дар бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ба мисли Чоркӯҳ, аз хатмкунандаҳои мактабҳои миёна, новобаста ба он, ки донишҷӯ шудан мехоҳанд, ё на талаб шудааст, то худро дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гиранд ва 200 сомонӣ супоранд.

Радиои Озодӣ рӯзи 26 апрел аз мудири раёсати маорифи шаҳри Исфара Қаноат Абророва, мудири мактаби рақами 65-уми ҷамоати Чоркӯҳ Ҷалил Аюбов ва як гурӯҳи волидони хонандагони мактабҳои 49-ум ва 65-уми ин минтақа панҷ номаи алоҳида гирифт. Радиои Озодӣ хулосаи ин 5 мактубро ба хотири риояи чандандешӣ нашр мекунад.

Дар ин номаҳо гуфта мешавад, касе хонандагонро ба супурдани 200 сомонӣ ба Маркази миллии тестӣ маҷбур накардааст, балки тавре волидони толибилмони мактаби 49 навиштаанд, “қарзи устод аст, ки шогирдро ба сӯи омӯзиши илм раҳнамун созад, зеро саодати ҳарду олам аз омӯзиши илм аст. Ба омӯзиши илм, интихоби касб ҳидоят кардани шогирд чӣ бадӣ дорад?”

Ин волидон афзудаанд, ки имрӯз дунёро илм идора мекунад ва “шогирдонро аз орзуи мардикори кишвари бегона будан боз дошта, ба таҳсил дар мактабҳои олӣ ташвиқ намудани устоди асил фарзу савоб аст.”

Номаҳои расида аз номи волидони ду мактаби дигар низ тақрибан ба ҳамин мазмун аст.

Ҷалил Аюбов, мудири мактаби рақами 65 дар номааш менависад, ки дар солҳои охир ба хотири мубориза бо муҳофизакории мазҳабӣ ва ташвиқи сокинони Чоркӯҳ ба таҳсил дар мактабҳои олӣ, аз ҷумла боз кардани роҳи таҳсили духтарон, корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ анҷом шуд ва ин маъракаҳои натиҷа ҳам овард. Ӯ менависад, имсол, қарор аст, аз мактаби онҳо 17-18 нафар ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ дохил шаванд ва ҳоло шогирдони онҳо нафақат дар Тоҷикистон, балки дар донишгоҳҳои Кемерово, Саратов, Самара ва Қазони Русия ҳам таҳсил мекунанд.

Аммо Ҷалил Аюбов афзудааст: “Дар сомонаи «Радиои Озодӣ» омадааст, ки гӯё дар мактабҳои мо – новобаста аз он, ки таҳсилро идома доданианд ё не, хатмкунандагонро маҷбур мекарда бошанд, ки ба нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоранд. Ин бӯҳтони маҳз аст. На дар мактаби мо ва на дар дигар мактаби Чоркӯҳ фишороварӣ ба хатмкунандагон жой надорад. Бори дигар қайд менамоям, ки эшон дар интихоби роҳи минбаъдаи ҳаёташон ва дар интихоби касбу ихтисос озоданд.»

Қаноат Абророва, сардори раёсатъи маорифи Исфара низ дар номааш инро, ки гӯё аз ҳамаи хонандагон маҷбуран барои имтиҳонҳои Маркази тестӣ 200 сомонӣ талаб мекунанд, беасос хондааст. Ӯ менависад, «Ягон омӯзгор ё нафари дигаре хатмкунандагони мактабҳои деҳаи Чоркӯҳ ва ё дигар ҷамоатҳои шаҳри Исфараро мажбур накардааст, ки «хоҳиш ва қобилияти таҳсил дар донишгоҳро надошта бошад ҳамхудро сабти ном кунад ва пули бақайдгигиро супорад».

Бино ба навиштаи Қаноат Абророва, ба хонаводаҳои ниёзманде, ки тавони пардохти пули имтиҳон ва таҳсили фарзандашонро надоранд, афроди саховатманди минтақа дасти ёрӣ дароз мекунанд: «Соли равон аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар назди мақомоти ичроияи хокимияти давлатии ш. Исфара иқдом гирифтанд таҳсили панҷсолаи се нафар довталаби болаёқати моро(аз МТМу №26,47,29), ки имкони пардохти маблағи хонишро дар мактаби олӣ надорад, пурра пардохт намоянд. Ба ин ташаббус соҳибкорони алоҳида ва ҳам раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ пайравӣ намуда истодаанд ва ният доранд барои маълумоти олӣ гирфитани довталабон аз оилаҳои ниёзманд кӯмак расонанд.»

Бо ин ҳол, волидони шогирдони мактаби 65 дар номаашон навиштаанд, ки пули имтиҳони фарзандони афроди ниёзманд аз ҳисоби афроди саховатпеша пардохт шудааст: «Бале, дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёна барои дастгирии хатмкунандагони камбизоат иқдоми нек роҳандозӣ карда шуд. Кумитаҳои маҳалла, шахсони саховатпеша аз ҳисоби худ маблағи Маркази Миллии Тестиро пардохт намуданд, то ки дар ояндаи онҳо саҳмгузор бошанд.»

XS
SM
MD
LG