Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 2 сайёди тоҷик аз қайди марзбонҳои Қирғизистон


Масъулони ҷамъияти шикорчиҳои Суғд мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз 2 шаҳрванди тоҷикро аз боздошт раҳо кардаанд.

Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиҳои вилояти Суғд рӯзи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонҳои қирғиз 2 сайёди тоҷикеро, ки рӯзи 1 сентябр вақти шикор дар минтақаи марзии Оқ-Чечек, дар канори ноҳияи Конибодом дастгир карда буданд, озод намудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти сарҳадбониву пулиси тоҷику қирғиз дар мавриди бозгардонидани 2 нафари дигари боздоштшуда низ музокирот доранд. Вале мақомоти тоҷик ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Аз шӯъбаи умури дохила ва ҳукумати шаҳри Конибодом ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва шахсияти афроди боздоштшуда ҳоло гуфта наметавонанд.

Аммо як манбаъи огоҳ аз қазия, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар ҳақиқат сарҳадбонҳои қирғиз 2 нафари шаҳрвандони тоҷикро баргардониданд, вале ду нафари дигар ва мошини "ҷип"-и навъи "Toyota-Prado”-еро, ки савори он то шикоргоҳ рафта будаанд, ҳанӯз бозпас надодаанд.

Бино ба хабари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сарҳадбонҳои ин кишвар рӯзи 1 сентябр дар ҳудуди деҳаи Оқ - Чечеки ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Конибодом, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро вақти шикор бо силоҳ дастгир ва аз онҳо дар маҷмӯъ 5 камони шикорӣ мусодира карданд.

Мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷикро ба убури ғайриқонунии марз ва шикори ғайриқонунӣ айбор мекунанд. Ҳангоми боздошт онҳо бо худ чанд кабки сайдкарда ҳам доштаанд.

Ноҳияи Бодканд яке аз се ноҳияи вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияи Исфара ва каме бо ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Деҳаи Оқ – Чечеки ноҳияи Бодканд бо деҳаи Лоҳутӣ, воқеъ дар 25-километрии Конибодом ҳаммарз мебошад.

Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиҳои вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, дар наздики ин маҳал сайёдони тоҷик низ шикоргоҳе доранд ва барои шикори кабку заргӯш ва бузи кӯҳӣ мераванд. Аммо ба сайд моҳи октябр, ки мавсими тирамоҳии шикор оғоз меёбад, иҷозат дода мешавад. “Мо дар бораи шикоргоҳи Сиёҳкӯҳ, дар наздики Оқ - Чечек қарори расмии ҳукуматамонро дар даст дорем. Аммо қирғизҳо мегӯянд, ки ин замини онҳост. Хати сарҳад ҳанӯз муайян карда нашудааст ва ягон аломат ҳам гузошта нашудааст.”- афзуд вай.
XS
SM
MD
LG