Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор бо ширкати намояндагони бозрасии автомобилӣ, мизи шиносномадиҳӣ ва шӯъбаҳои мубориза бо ҷиноятҳо аз 19 август амалиёти бехатариро ба роҳ мондаанд. Масъулин мегӯянд, дар остонаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки дар моҳи сентябри соли равон таҷлил мешавад, ба тафтиши ҳуввияти сокинону меҳмонони деҳоту ҷамоатҳои ин водӣ шурӯъ кардаанд. Як намояндаи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор 20 август ба радиои Озодӣ гуфт, ин рейд ба хотири тартибу низоми ҳуқуқӣ дар навоҳӣ анҷом дода мешавад ва афроде, ки дар қайди ҷамоатҳо нестанд ва мошинҳое, ки қайд карда нашудаанд, мавриди тафтиш қарор дода шавад. Дар ҷараёни ин ҷашнҳо қарор аст президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзои баландпояи ҳукумати Тоҷикистон иштирок кунанд.
Корманди масъули ШКД Ҳисор гуфт, дар рӯзҳои ҷашн дар ноҳия бояд тартибу интизом ҳукмфармо бошад ва одамоне, ки дар ин миён ба ноҳия омада истиқомат мекунанду дар қайд нестанд, мавриди санҷиш қарор мегиранд. Ба иттилои ин ходими полис, дар ин рейд, ки аз ҳоло дар рустоҳои ноҳияи Ҳисор ҷараён дорад, намояндагони миззи шиносномадиҳӣ ва кормандони Бозрасии автомобилӣ низ ширкат мекунанд. Чанд нафар сокинони ҷамоати “Сомон”-и ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони сохторҳои интизомӣ иборат аз 10 нафар ба манзили зисташон даромада санади ҳамаро санҷиданд ва ҳуҷҷатҳои мошинҳоро низ мавриди тафтиш қарор доданд.
Самандар Ятимов, яке аз ин сокинон гуфт, ба ҳангоми тафтиши санадҳо кормандони умури дохила ҳуҷҷатҳои мошини «Москвич»-и батозагӣ харидаи ӯро, ки 1 ҳазору 600 сомонӣ арзиш доштааст, бо худ бурданд. Вай гуфт, дар вақти пурсиш кормандони умури дохила дар бораи ҳузури афроди бегона, меҳмон ва дигар нафарони бидуни қайд дар манзилашон суол кардаанд. Айни замон, Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор аз сокинон даъват кардааст, ки ботаҳаммул бошанд ва ба хотири амнияти худи онҳо, дар анҷоми санҷиши босифати ҳуввияти сокинону меҳмонони ноҳия кӯмак кунанд.