Бо даъвати Кремлин, қарор аст президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба Маскав сафар кунад ва ин сафар мақоми давлатӣ гирифтааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки шоми 15 июл дар Тошканд бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дидору мулоқот анҷом дод, гуфт, мӯҳлати ин сафар дар наздиктарин фурсат мушаххас мешавад. Лавров гуфтааст, ки «як бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои баррасиву тасвиб омода мешавад».
Сергей Лавров баъди тавофуқи ҳастаии Эрон дар Вена, бо як сафари корӣ ба Тошканд парвоз кард ва рӯзи чоршанбе дар баробари дидор бо ҳамтои ӯзбакаш Абдулазиз Комилов, шоми дер бо Ислом Каримов дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. Матбуоти расмии Кремлин хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот сӯҳбат аз ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, вазъ дар Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ
буд ва ҳам равобити ин ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва ҳам рӯйдодҳои сиёсии саҳнаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои матбуоти русӣ, Ислом Каримов аз нишасти ахири сарони кишварҳои СҲШ дар шаҳри Уфа изҳори хушҳолӣ карда гуфтааст, ки «ҳарчанд мулоқоти президентон дер давом накард, вале як мулоқоти хотирмоне будааст». Дар ҳоле, ки ҷузъиёти аз ин беши диду боздидҳои якрӯзаи Лавров дар Тошканд дар даст нест, як таҳлилгари масоили Русия дар Маскав гуфт, ҳадафи аслии сафари вазири рус ба Ӯзбакистон нарм кардани дили президент Каримов буд.
Виктория Панфилова мегӯяд, дар мулоқоти ахири Владимир Путин ва Ислом Каримов дар Уфа эҳсос шуд, ки раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз суханҳои президенти Русия нороҳат шудааст. «Путин гуфт, бигузор даъвати узвият дар СҲШ-ро ба кишварҳои Ҳинду Покистон аз забони худи Ислом Каримов садо диҳад. Дар посух Каримов хеле дипломатӣ посух дод, ки «дар ин бора фикр мекунем», вале маълум буд, ки аз ин чиз нороҳат шудааст. Ва як ҳадафи эҳтимолии Ларов ба Тошканд ҳам нарм кардани дили президент Каримов буд, ки аз дигар раҳбарон бо истиқлолияти бештараш фарқ мекунад».
Зимнан, даъвати анҷоми як сафари давлатиро ба Маскав Путин маҳз дар Уфа, дар ҳошияи нишасти СҲШ ба Каримов пешниҳод кардааст. Путин гуфтааст, ки мехоҳад ин сафар соли ҷорӣ баргузор шавад. Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар чашми Кремлин яке аз кишварҳои муҳими минтақа ба шумо меравад ва ин вижагӣ пеш аз ҳама ба шахсияти президент Ислом Каримов ҳам иртибот дорад. Дар тӯли раҳбарии беш аз 20-солааш, Ислом Каримов ба ҷуз як мӯҳлати кӯтоҳи наздикиаш бо ИМА, дар маҷмӯъ дар бисёр ҳолатҳо ҳамфикри Русия будааст. Айни замон, Каримовро ҳамчун як раҳбари аз як сӯ мустақил ва аз сӯи дигар «пешгӯинашаванда» мешиносанд. Ба гуфтаи Панфилова, «дар Кремл медонанд, ки Каримов ба Русия хиёнат намекунад ва сари ӯ ҳамеша чун як такягоҳи муҳими худ дар минтақа ҳисоб мекунад».