Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров дар Саудӣ дар бораи таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ кард


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ки ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст, бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар ва ҳамчунин мақомҳои шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс дидор ва гуфтугӯ кард.

Дидори Сергей Лавров ва Муҳаммад бин Салмон рӯзи 9-уми сентябр анҷом шуд ва тибқи баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Русия, ду тараф дар бораи мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, ҷанги Ғазза ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ, гуфтугӯ карданд.

Хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ гузориш додааст, ки дар ин дидор мавзуъҳое, аз ҷумла охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва талошҳо барои тақвияти амният ва субот низ матраҳ шуд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", Арабистони Саудӣ ба унвони бузургтарин содиркунандаи нафти ҷаҳон ҳамкориҳои наздике бо Маскав дар заминаи сиёсатҳои нафтӣ дорад, аммо аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар талош барои ҳифзи робита бо ҳар ду тараф ва муаррифии худ ба унвони миёнҷии таъсиргузор будааст.

Сергей Лавров рӯзи душанбе ҳамчунин бо вазирони корҳои хориҷии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин Шӯро кишварҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувейт ва Умон шомил ҳастанд ва қароргоҳи он шаҳри Риёз аст.

Ба навиштаи "Франс-пресс", ин шаш кишвар талош кардаанд, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина бетараф бимонанд ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина соли гузашта дар нишасти Иттиҳодияи Араб дар Ҷидда суханронӣ кард.

Ҷосим Ал-Будайвӣ, дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс, ҳам рӯзи душанбе дар нишасти хабарии худ бар бетарафии ин Шӯро дар мавзуи ҷанги Русия ва Украина таъкид кард ва гуфт, ки ҳамаи аъзо "дар фосилаи баробар" байни русҳо ва украиниҳо истодаанд.

Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли ҷорӣ ҳамчунин барои мубодилаи зиндониён байни Русия ва Украина миёнаравӣ кардаанд.

Тибқи баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳамкориҳои Маскав ва Риёз дар арсаи энержӣ низ аз дигар мавзуъҳои дидори мақомҳои ду кишвар буд.

ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймони он, созиши коҳиши тавлиди нафтро то ибтидои моҳи октябор тамдид кардаанд ва дар айни ҳол музокира барои тамдиди дубораи он барои семоҳаи ахири имсол ва соли 2025 идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG