Коршиносони масоили Ховари Миёна мегӯянд, ки хуруҷи низои миёни Исроил ва ҷунбиши Ҳамос – натиҷаи ҳаводиси ахир дар ҷаҳони Араб аст, ки сохтори идоравии Ҳамос ва муносибати онро бо нерӯҳои минтақаӣ, аз ҷумла, бо Сурия, Эрон, Миср ва Исроил ба куллӣ тағйир додааст.
Бомбборон ва муҳосираи Ғаззаро мақомоти Исроил чун талоши “кашидани лаҷом”-и гурӯҳи фаластии Ҳамос арзёбӣ мекунанд, ки ҷануби кишварро пайваста мавриди мушакборон қарор медиҳад. Майкл Орен, сафири Исроил дар ИМА мегӯяд, ки Тел-Авив аз соли 2009 ба ин сӯ аз “худдории бесобиқа” кор гирифта, ба 2500 ҳамлаи мушакӣ аз навори Ғазза посухе надодааст. Ба иттилои Шин Бет - хадамоти амнияти Исроил соли 2012 мусаллаҳони Ҳамос аз навори Ғаза беш аз 1500 мушак партоб кардаанд. Баъди 14 ноябр, ки Аҳмад Ҷабборӣ, раҳбари ҷиноҳи низомии Ҳамос, дар як амалиёти нерӯҳои исроилӣ кушта шуд, Ҳамос ба қаламрави Исроил тақрибан 850 мушак андохт, ки аз онҳо 300-тояш системи зидди ҳамлаи ҳавоии Исроилро рахна карда, дар маҳаллаҳои гуногун инфиҷор шуданд.
Фарноз Род, хабарнигор ва як таҳлилгари умури сиёсӣ аз Байтулмуқаддас низ шурӯи амалиёти Исроилро бо “шиддатгирии мушакпаррониҳои фаластиниҳо аз Ғазза ба хоки Исроил ва вазъи бисёр ногувор барои зиндагии мардум” бастагӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ “дар остонаи интихобот мардум давлатмардони худро таҳти фишор қарор медиҳанд, ки “мо зиндагии ором ва маъмулӣ мехоҳем”. Мардуми ҷануби Исроил беш аз 11 соли охир маҷбуранд мушакандозиҳоро аз сӯи навори Ғазза таҳаммул кунанд”.
Ҳамосро ҷонибдоронаш як гурӯҳи қонунии муқовимат бо забти қаламрави Фаластин аз сӯи Исроил мехонанд. Ин ҷунбиш соли 1987 баъд аз интифоза ё ошӯби нахустини зидди забти порае аз Фаластин аз сӯи Исроил таъсис шуд. Ҳамос соли 2006 дар интихоботи парлумонии соли 2006 дар Ғазза пирӯз шуд ва аммо ин пирӯзӣ, ғайриинтизор, Фаластинро ба ду тақсим кард ва боиси шадидтар шудани муқовимат миёни Ҳамос ва ҳизби Фатҳи раҳбари феълии маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос гардид. Фатҳ алҳол Каронаи бохтарии руди Урдунро таҳти назорат дорад.
Ҳусейн Ибиш, пажуҳишгари Гурӯҳи вижаи амрикоии омӯзиши Фаластин мегӯяд, ба робитаҳои берунаи Ҳамос ҳаводиси Сурия таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Бюрои сиёсии Ҳамос тавассути дафтараш дар Димишқ бо ҳукуматҳои Сурияву Эрон робитаи зич дошт. Аммо, ба гуфтаи Ибиш, ин робита баъди аз сӯи фаластиниҳо маҳкум шудани режими Башор Асад барои таъқибу озор ва куштори дигарандешони суриягӣ ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид ва Ҳамос маҷбур шуд, ки намояндагияшро дар Димишқ бандад. Пажӯҳишгар меафзояд, ки баста шудани дафтари Ҳамос дар Димишқ робитаи ҷунбиш бо Эрон, дигар пуштибонаш дар минтақаро ҳам ба мушкил мувоҷеҳ кардааст ва Теҳрон сармоягузории Ҳамосро назар ба як соли пеш коҳиш додааст.
Ва аммо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамоно бо пахши изҳорот пуштибонии худро аз Фаластин идома медиҳад. Моҳи сентябр ӯ изҳор карда буд, ки “Исроил дар Ховари Миёна ягон реша надорад ва бояд аз байн бурда шавад”.
Дар ҳамин ҳол дар Лубнон раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насруллоҳ аз кишварҳои арабӣ даъват намуд, ки ба Ҳамос кӯмак кунанд ва марзҳои худро барои паноҳандагони фаластинӣ боз намоянд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Исроил низои Сурияро ба манфиати худ ва барои ҳамла ба навори Ғазза истифода мекунанд. Ҳасан Насруллоҳ афзуд, ки бар асари идомаи хушунат дар Сурия ва дар қиёс бо ҷанги сеҳафтаинаи охири соли 2008 ва аввалҳои соли 2009 Ҳизбуллоҳ тавони кӯмак ба навори Ғаззаро надорад.
Низоъ дар навори Ғазза раисиҷумҳури нави Миср Муҳаммад Мурсиро ҳам дар вазъи душвор қарор додааст – аз як сӯ, Қоҳира бояд ҳам бо ИМА, ки ба Миср ба маблағи миллионҳо доллар ёрии низомӣ мерасанд, ҳам бо Арабистони Саудӣ барои пуштибонии иқтисодияш, робитаҳои хубро ҳифз кунад. Аз сӯи дигар, Мурсии суннимазҳаб бо тақозои мардум барои вориди қазияи навори Ғаззаҳ шудан рӯбарӯ шудааст. Замони раҳбарии Ҳуснӣ Муборак Миср аз ҳампаймонҳои ангуштшумори Исроил буд. Ҳукумати феълии Миср масъулияти миёнҷигӣ дар низои миёни исроилиҳову фаластиниҳоро бар ӯҳда гирифтааст.
Аз талоши Қоҳира барои миёнҷигарӣ ҳам Қатар ва ҳам Ҷомеъаи кишварҳои Араб пуштибонӣ кардаанд. Нобил ал-Арабӣ, раҳбари Ҷомеъаи кишварҳои Араб амалиёти Исроилро маҳкум кард ва аз фаластиниҳо хост, ки “ба ин таҷовуз муқовимат кунанд ва муҳосираро шикананд”. Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон рӯзи душанбе Исроилро “кишвари террорист” унвон кард. Аз ин пеш ӯ Исроилу Фаластинро ба оштӣ даъват кард.
Иёлоти Муттаҳида дар хурӯҷи низоъ дар Ховари Миёна Ҳамос-ро айбдор донист ва ҳамзамон аз марги исроилиҳо ва фаластиниҳои бегуноҳ изҳори таассуф кард. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ҳаққи Исроил барои мудофиаи худ аз ҳамлаҳои мушакӣ аз навори Ғаззаро эътироф кард ва аммо хостори ҳалли ҳарчи зудтари бӯҳрон шуд.
Шӯрои амнияти СММ низ талаб кард, ки хушунат миёни ҲАМОС ва Исроил фавран қатъ шавад ва аммо Шӯро то ҳол аз ягон чора кор нагирифтааст. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз афзоиши низоъ миёни Исроилу навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва дар гуфтугӯҳо бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ хостори ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони Ховари Миёна шуд.