Дар ин бора рӯзи 5 июн созмони мадании Кумитаи марказии табибони Судон изҳорот дод. Дар изҳороти аз ин пеши ин созмон шумори қурбониҳо 40 нафар гуфта шуд. Дар Хартум, пойтахти Судон дар паи хушунатҳои 3 июн, ки баъди чанд ҳафта эътирозҳои мардумӣ сар зад, муқовимати низомиёну эътирозгарон ҷараён дорад.
Дар ин ҳодисаҳо беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шудааст, мегӯяд созмони табибон. Вале ба гуфтаи ин созмони ҷамъиятӣ, баъди тасмими Шӯрои низомии муваққатӣ дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет дар бисёр қаламравҳои Судон, дарёфти иттилои дақиқ дар бораи осебдидаҳо душвор аст.
Дар паи шурӯи хушунатҳо, Шӯрои низомии муаққатӣ, ки дар сарнагунии ҳукумати президент Умар Ал-Башир дар ҳодисаҳои ду моҳи пеш даст доштааст, аз нирӯи марказии мухолифон бо номи “Нирӯҳои озодиву тағйирот” фосила гирифт.
Низомиён рӯзи 4 июн гуфтанд, ки интихобот дар Судон нӯҳ моҳ баъд баргузор мешавад, вале ин изҳоротро дафъатан мухолифон рад карданд ва гуфтанд, ки барои аз сари қудрат дур кардани низомиён маъракаи сартосарии нофармониро ба роҳ мемонанд.
Шӯрои низомии муваққатӣ баъди барканории Умар ал-Башир аз қудрат дар таърихи 11 апрели соли ҷорӣ ҷилави қудратро ба дасти худ гирифт, вале дар паи ин эътирозҳои сартосарӣ шурӯъ шуд. Башири 75-сола, ки соли 1989 дар паи як кудатои низомӣ сари қудрат омад, барои эҷоди як ҳукумати худкома мавриди интиқод буд.
Норизоият аз интихобот
Раҳбарони эътирозгарон дар Судон рӯзи сешанбе мардумро ба ташкили раҳпаймоиҳои бештар ва рад кардани нақшаи ҳукумати низомӣ барои ташкили интихобот даъват карданд. Мухолифон ҳукумати низомиро дар куштори даҳҳо эътирозгари сулҳомез гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, ки низомиён даст ба “қатли оми хунине” задаанд.
Даъвати онҳо ба баргузории “маъракаи мадании нофармонӣ” ба хотири аз сари қудрат дур кардани низомиён аст, ки ба саркӯби бераҳмонаи мардуме даст заданд, ки давоми ҳафтаҳо дар беруни қароргоҳи артиш намоиши эътирозӣ ташкил карда буданд.
Рӯзи 4 июн фармондеҳи артиш генерал Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон гуфт, ки нақшаи баргузории интихобот тасдиқ шуд ва овоздиҳӣ “таҳти назорати минтақавӣ ва байналмилалӣ” сурат мегирад.
Як эътилофи мутахассисони Судон даъвати низомиён барои баргузории интихоботро рад када гуфт, ки “на шӯрои эътирозгарон, на низомиён ва на раҳбаронаш ҳақ надоранд, ки сарнавишти мардумро ҳал кунанд ва онҳо салоҳияти ба ҳукумати маданӣ интиқол додани қудратро доранд”.
Ин созмон саркӯби хунини низомиёнро рӯзи 3 июн шадидан маҳкум карда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки шӯрои низомиро масдуд карда бо он ҳеҷ муомилае надошта бошад.
Инчунин дар изҳороти ин созмон ба баргузории таҳқиқоти байналмилалии ҳодисаҳои ду рӯзи охир даъват шудааст. Дар навбати худ, Шӯрои низомии муваққатӣ гуфтааст, ки аз ҳодисаҳои рӯйдода “мутаассиф” аст ва ин “амалиёти поккорӣ” буд, ки ба иштибоҳ роҳ дод.
Дар миёни кушташудаҳо дар Хартум, ба навиштаи анҷумани табибон, як тифли 8-сола ва дар миёни қурбониҳо дар шаҳри Ребек - як ҷавони 18-сола ҳам мебошанд.
Дар изҳороти анҷумани табибон ҳукумати низомӣ дар ҳамла ба шифохонаҳо ва табибон дар саросари кишвар, таҷовуз шудани бархе занон ва дигар хушунатҳо гунаҳгор мешавад.
Мухолифати Чину Русия бо маҳкумияти ҳукумати низомии Судон
Талоши дар сатҳи Шӯрои амнияти СММ маҳкум кардани хушунатҳои Судон натиҷа надод.
Дипломатҳо рӯзи сешанбе гуфтанд, ки Чин бо пуштибонии Русия талоши дар овоздиҳии ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ маҳкум кардани куштори афроди мулкӣ дар Судон ва қабули изҳороти муштараки қудратҳои ҷаҳонӣ ба хотири хатми билофосилаи хушунатҳоро масдуд карданд. Бархе дипломатҳо ба хабарнигори Франс Пресс гуфтанд, ки дар як ҷаласаи пӯшида Бритониё ва Олмон матни изҳороти матбуотиеро баррасӣ карданд, ки дар он аз ҳукумат ва мардум тақозо мешавад, ки ба хотири хатми бӯҳрони баамаломада ва роҳ надодан ба хушунатҳои бештар музокира ва ҳамкорӣ кунанд.
Вале Чин бо матни ин изҳорот мухолифат карда Русия гуфтааст, ки шӯро бояд вокуниши Иттиҳоди Африқоро мунтазир шавад.
Намояндаи Русия гуфтааст, ки матни изҳорот орӣ аз тавозун ё баланс аст ва дар чунин вазъият ҷонибҳо бояд аз эҳтиёт кор гиранд.
Баъди он ки Шӯрои амнияти СММ натавонист ба як мавқеи воҳиде дар ин замина даст ёбад, ҳашт кишвари аврупоӣ бо пахши изҳороти муштараке “ҳамлаҳои пурхушунат дар Судон аз ҷониби хадамоти амниятии Судон алайҳи афроди мулкӣ”-ро маҳкум карданд.
Белгия, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Полша, Ҳолланд ва Шветсия гуфтанд, ки “дар як фурсати кӯтоҳ ва ба таври якҷониба қатъ шудани музокираҳо, таъсиси ҳукумат ва даъват ба баргузории интихобот мояи нигаронии амиқ аст”. Дар изҳороти аврупоиҳо ба иҷрои тааҳҳудот дар заминаи интиқоли қудрат ба ҳукумати мулкӣ мувофиқ ба талабҳои мардуми Судон давъат шудааст.
Музокироти миёни раҳбарони низомӣ ва пешвоҳои эътирозгарон баъди он қатъ шуд, ки ду ҷониб дар заминаи таъини шахсияти раҳбари ҳукумати муваққатӣ, ки бояд низомӣ бошад ваё мулкӣ, ба мувофиқа нарасиданд.
Судон як кишвари иборат аз 40 миллион ҷамъият дар Африқои Ҷанубӣ воқеъ буда, давоми 30 сол бо панҷаи сахти Умар Ал-Башир раҳбарӣ шудааст. Моҳи октябр дар паи эътирозҳои шашмоҳа ҳукумати Башир сарнагун шуд. Бо гузашти вақт ва афзоиши ихтилофҳои миёни гурӯҳҳои ширкатдор дар сарнагунии қудрати Башир, бӯҳрони Судон амиқтар мешавад.