Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои охирини Ислом Каримов. АКС


Нейрохирурги финландӣ Юҳа Ҳернесниеми дар бораи рӯзҳои охири Ислом Каримов нақл кард
Нейрохирурги финландӣ Юҳа Ҳернесниеми дар бораи рӯзҳои охири Ислом Каримов нақл кард

Нейрохирурги финландӣ, ки дар миёни мутахассисони баландпояи дигар дар сари бистари Ислом Каримов қарор дошт, гуфт, ки панҷ рӯз пеш аз эълони марги расмии президент "мағзи ӯ мурда буд". Дар рӯзҳои баъдӣ Каримов ба дастгоҳи бақои зиндагӣ насб шуда, дар ин муддат дар пушти саҳна мубориза барои қудрат ҷараён дошт.

Нейрохирурги маъруфи ҷаҳонӣ Юҳа Ҳернесниеми рӯзи 27-уми август тахминан соатҳои 14:00 дар Ҳелсинки буд, ки телефонаш занг зад. Занги

Ҳернесниеми дар сӯҳбат бо ширкати садову симои Финляндия (Yle) гуфт, ҳамон лаҳза ӯ дарк кард, ки зиндагӣ барои Ислом Каримов дигар тамом шуд ва амалан мағзи ӯ мурдааст.

оҷили телефонӣ аз Осиёи Марказӣ барояш хабар дод, ки президенти Узбакистон Ислом Каримов бо хунравии мағзӣ ба бемористон интиқол ёфтааст.

Бар асоси гузориши тиббии ҳукумати Узбакистон, соати 9-и субҳи он рӯз Ислом Каримов дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони марказии Тошканд интиқол ёфт. Дили Каримов аз задан монд ва табибон тавонистанд, ки баъди 20 дақиқа бо дастгоҳҳои махсус онро дубора ба кор дароранд. Баъди ин Каримов ба ҳолати кома ё беҳушии дарозмуддат гирифтор шуд. Мағзи сар ҳам аз ҳаракат монда буд ва аз ин хотир мутахассисон ӯро ба дастгоҳи нафасгирии сунъӣ пайваст карданд.

Аз Ҳелсинкӣ ба Олмон ва аз онҷо ба Тошканд

Қабри Ислом Каримовро рӯзи 6 сентябр президенти Русия Владимир Путин зиёрат кард
Қабри Ислом Каримовро рӯзи 6 сентябр президенти Русия Владимир Путин зиёрат кард

Мақомоти Узбакистон аз Юҳа Ҳернесниеми хостаанд, ки ба зудтарин фурсат ба Тошканд рафта, дар сурати зарурӣ амалиёти ҷарроҳии президентро анҷом диҳад. Вақте ӯ ба ин сафар розӣ шуд, нахуст як ҳавопаймои хусусӣ ӯро аз Ҳелсинкӣ ба Олмон ва аз он ҷо ба Тошканд интиқол дод.

Рӯзи баъд, яъне 28-уми август табиби финландӣ ба бемористони марказии Тошканд расид ва худро дар назди бистари бемории Каримов дарёфт. Ҳернесниеми дар сӯҳбат бо ширкати садову симои Финляндия (Yle) гуфт, ки ҳамон лаҳза ӯ дарк кард, ки зиндагӣ барои Ислом Каримов дигар тамом шуд ва амалан мағзи ӯ мурдааст.

Вай гуфт, ки назари касбии худро ба вазъи сиҳатии президент Каримов баён кард ва гуфт, дар ҳолате ки ӯ қарор дорад, анҷоми ҳама гуна ҷарроҳӣ дигар маъно надорад ва ҳам табобат бефоида аст. Ба қавли нейрохирурги финландӣ, дар баробари ӯ дар сари бистари Каримов, инчунин, мутахассисон аз Русия ва Олмон қарор доштанд.

Вазъи монанд ба Франсиско Франко ва Ариэл Шарон

Гузориши расмии ҳукумати Узбакистон баёнгари он аст, ки дар он лаҳзаҳо дар Тошканд мутахассисони олмонӣ ва рус, аз ҷумла Ҳуго Катус аз бемористони донишгоҳи Ҳейделберг, Амир Самӣ аз донишгоҳи байналмилалии нейрохирургияи Ҳанновер ва Лео Бокерия, раиси департаменти амрози қалб дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Маскав қарор доштанд. Ҳамчунин, дар миёни мутахассисони тиб Гиллес Дрейфус, раҳбари маркази амрози қалби Монако низ Каримовро ташхис карда буд.

Ба гуфтаи Юҳа Ҳернесниеми, вақте мутахассисон назари худро дар бораи вазъи сиҳатии Каримов баён карданд, "муборизаҳо барои қудрат" шурӯъ шуд. Дар мусоҳиба бо Yle ба дархости ин ки мавқеашро дар ин замина шарҳ диҳад, Ҳернесниеми вазъи Каримовро бо шароит баъди марги диктатори Испания Франсиско Франко ва нахуствазири Исроил Ариэл Шарон монанд кард ва гуфт, вақте як сиёсатмадори муҳим ба кома дучор мешавад, ба хотири таҳияи заминаҳои вориси қудрат ӯро бо дастгоҳҳои тиббӣ "зинда" нигоҳ медоранд.

Каримови "зинда"

Каримовро то рӯзи 1-уми сентябр - ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти Узбакистон “зинда” нигоҳ доштанд. Рӯзи 31-уми август дар пасманзари овозаҳо дар бораи эҳтимоли ба нафари дигар гузаштани қудрат дар Узбакистон, телевизиони давлатии ин кишвар матни табрикоти идонаи Каримовро ба муносибати истиқлолияти кишвар қироат кард.

Дар ин байн духтараш Лола Каримова-Тиллоева тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “беҳтар шудани ваъи президент” хабар дод. Лола, инчунин, ишора кард, ки Каримов зинда аст ва шонси барқарор шудани саломатии ӯ ҳам кам нест.

Вале субҳи рӯзи 2-юми сентябр баъди ҷашнгирии рӯзи истиқлолияти Узбакистон хабарҳо дар бораи вазъи сангини Каримов пахш шуд. Ба иттилои расмии ҳукумати ин кишвар, марги президент соати 20:55 дақиқаи рӯзи 2-юми сентябр фаро расид.

XS
SM
MD
LG