Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Конститутсия” беоб мондааст


Аз даҳ рӯз ба ин тараф ҳудуди 2 ҳазор хонаводаи деҳаи "Конститутсия"-и ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бе об мондаанд.

Беш аз як ҳафта мешавад, ки Идораи обу корезии Душанбе лӯлаи оби деҳаи "Конститутсия"-и ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакиро бастааст ва ҳудуди 2 ҳазор хонаводаи он беоб мондаанд. Иброҳим Сиддиқов, раиси ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 6 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз як ҳафта аст мардуми деҳаи “Конститутсия” оби ошомиданӣ надорад ва аксар оби боронро ҷамъ намуда, истеъмол мекунад.

Вай афзуд, ки Идораи обу корезии Душанбе бидуни огоҳии пешакӣ, лӯлаи асосии обро қатъ кардааст ва бо баҳонаи ин, ки барои сокинон “обҳисобкунак” мегузорад, обро масдуд кардааст: “Идораи мазкур қабл аз он, ки обченкунак гузорад, бояд аҳолии деҳаро хабар медод ва боз гуфтанд, ки дар зарфи се рӯз дар ҳамаи хонаҳо обҳисобкунакро мегузоранд, вале то ҳол ин корро накарданд.”

Аммо навбатдори Идораи обукорезии Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони идора корро дар деҳаи “Конститутсия” шурӯъ кардаанд, вале боронгариҳои рӯзҳои ахир имкон намедиҳад, ки трубаи (лула) махсус бо ҳисобкунакҳо гузошта шавад. Вай афзуд, аз вазъи ин деҳа хабардор ҳастанд ва боз имрӯз Рӯзи Конститутсия аст ва ҳама ҷо таътил мебошад ва кӯшиш мекунанд дар наздиктарин рӯзҳо мушкили пешомадаро рафъ созанд.

Саидҷон Саидов, сокини деҳаи “Конститутсия” мегуяд, ки беобӣ зиндагии рӯзонаи онҳоро мушкил кардааст ва онҳое, ки мошин доранд, аз ҳар куҷо об меоранд, вале одамони бемошин ба умеди оби борон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG