Аммо ин ҷо табибон барқасд нӯшдору ва ё дақиқтараш хулосаи ташхисро дер намефиристанд, баръакс, сабабҳои дигар аст, ки имкон намедиҳад, онҳо ҳарчӣ зуд корашонро анҷом диҳанд ва бемор наҷот ёбад.
Сабаб набуди дастгоҳу абзорҳои пешрафтаи ташхиси тиббӣ аст, ки ҳоло иҷоза медиҳанд, мавҷудияти вирус ё бактерия ва ё заҳре дар хуни инсон зуд маълум карда шавад.
Нозим Наимов, мудири шуъбаи кимиёвии Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳанӯз ҳам дар озмоишгоҳ барои ташхис аз абзору дастгоҳҳои замони Шӯравӣ ва усулҳои ҳамон замон истифода мебаранд.
“Пизишкон хуни афроди заҳролудшударо ба мо мефиристанд, то таҳлил кунем. Азбаски дар минтақа таҷҳизоти муосир нест, бо усули реаксияҳои кимиёвӣ кор мекунем. Барои муайян кардани як навъи заҳр на кам аз 7-8 соат зарур аст. Се-чаҳор рӯзи дигар лозим мешавад, ки беморӣ муайян карда шавад. Тӯл кашидани ташхис метавонад сабаби марги беморон гардад”, -- афзуд ӯ.
Эҳтиёҷи озмоишгоҳ ба абзору дастгоҳҳои нави ташхис дар замонест, ки дар як соли ахир чандин нафар дар Кӯлоб баъд аз истеъмоли ғизои олуда ба ҳалокат расиданд. Маргҳое, ки табибон метавонистанд, дар сурати дарёфти таҳлили саривақтӣ аз онҳо пешгирӣ кунанд.
Дар оғози моҳи августи имсол ду узви хонаводаи Бозоровҳо дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ даргузаштанд. Ду нафари дигар дар бемористон ҳастанд.
Аъзои оила мегӯянд, барои дақиқ кардани он ки наздиконашон аз чӣ заҳролуд шудаанд, як ҳафта мунтазир мондаанд. “Баъд аз он маҷбур шудем, ки намунаи хуни беморонро ба Душанбе фиристем. Дар он ҷо натиҷаи ташхисро ба мо гуфтанд”, -- нақл кард Занҷирамоҳ Сафарова, узви хонадон.
Ин ягона озмоишгоҳи минтақавӣ дар Кӯлоб аст, ки аз тамоми шифохонаҳо ба он барои ташхиси хуни беморон муроҷиат мекунанд. Дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди як миллион нафар ба сар мебаранд.
Бар замми ин мушкилот, озмоишгоҳ моддаҳои кимиёвии лозимӣ барои ташхисро ҳам надорад ва аз ин рӯ маҷбуранд гоҳе ба низомиёни рус муроҷиат кунанд.
Нозим Наимов, мудири шӯъбаи кимиёии Маркази ташхиси тиббиву додгоҳии минтақаи Кӯлоб гуфт, “ҳолатҳое мешавад, ки барои ёрӣ ба озмоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе муроҷиат мекунем. Онҳо зуд вокуниш мекунанд.”
Мудири ташхисгоҳ мегӯяд, дар сурати будани таҷҳизоти муосир дигар ниёзе ба ташхисгоҳи русҳо ва ё озмоишгоҳҳои Душанбе намемонад, ки вақти зиёд мегирад ва метавонад ҳаёти одамонро зери хатар гузорад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол гузориш медиҳанд, ки дар минтақаҳои кишвар даҳҳо таҷҳизоти муосири тиббиро фаъол кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, вазъият дар минтақаҳо баёнгари чизи дигар аст. Онҳо бовар доранд, ки ё рақамҳои мақомот дуруст нестанд, ё ҳанӯз таҷҳизот ба гӯшаҳои дурдасти кишвар нарасидааст.